Дунё “чакан”-ро эътироф кард

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

ЮНЕСКО – Бунёди маориф ва илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – “Чакан”, як навъ гулдӯзии миллӣ дар Тоҷикистонро шомили феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангӣ кард. Дар ин бора рӯзи 29-уми ноябр дар нишасти 13-уми ЮНЕСКО дар Маврикий қарор қабул шуд.

Тоҷикистон чаҳор сол пеш «Чакан»-ро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО пешбарӣ карда буд. Чанд тан аз фарҳангиёни шаҳри Кӯлоб соли 2014 дар як номаи дастҷамъӣ хоста буданд, ки чакан ҳамчун ҳунари нодири мардуми тоҷик эътироф карда шавад.

Ҷонибек Асозода, раиси Осорхонаи мардумии шаҳри Кӯлоб, он вақт гуфта буд, “пажӯҳишгарон исбот карданд, ки рамзҳои тоқии чакан хеле қадимӣ буда, ҳатто дар он се намунаи рамзи ориёӣ сабт шудааст.”

ЮНЕСКО соли 2016 оши палави мардуми Тоҷикистону Узбекистонро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид карда буд.

Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз Тоҷикистон шаҳри бостонии Саразм (соли 2010) ва Боғи миллии Тоҷикистон ва кӯҳҳои Помир (соли 2013) шомил шудаанд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply