Душанбе: Баргузории Фестивали «Оши палав»

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Тавре қаблан хабар додем, бо ташаббуси  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 10 ноябри соли 2018,  соати 10.00 дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав»   баргузор  мегардад. Дар фестивал беҳтарин ошпазҳо аз гӯшаву канори мамлакат ҷамъ омада,  маҳорати таббохии худро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт  менамоянд. Ҳамчунин дар доираи баргузории фестивали мазкур  намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додаанд,   дар ин робита  бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали «Оши палав»  дар пойтахт тасдиқ  гардидааст. Мақсад аз баргузории Фестивал   муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар доираи таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  сокинон ва меҳмонони пойтахтро  ба ин ҷашнгоҳ даъват менамояд. Ёдовар мешавем, ки   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 пешниҳод намуд, ки Оши палав  ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ  дар номинатсияи «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» сабт гардад.

Хурсандибахш аст, ки ду намунаи фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик: «Оши палав» ва «Наврӯз» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО, ки 28 ноябр ва 2 декабри соли 2016 дар ҷаласаи ёздаҳуми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, расман сабт шуданд.

Тибқи иттилои коршиносони тоҷик,  дар сарчашмаҳои таърихӣ беш аз 50 навъи палав оварда шудааст ва  палави тоҷикӣ аз палавҳои эронӣ, туркӣ ва ҳиндӣ фарқ мекунад.  Ҳоло ошпазони касбии тоҷик 130 навъи палавро пухта метавонанд.

Бояд гуфт, ки баргузории  Фестивали  «Оши палав» дар  густариши фарҳанги миллӣ, аз ҷумла фарҳанги оши палав   мусоидат мекунад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Душанбе: Баргузории Фестивали «Оши палав»

  • Салом ба ҳама.Офарин ба касе , ки ин маъракаро ташкил кард ба хусус раиси шаҳр.

Leave a Reply