Душанбегиҳо ҳам оши палав мехуранд

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

10 ноябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав»   баргузор  мегардад.

Дар ин робита  бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали  мазкур тасдиқ  гардид.

Аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд,   ки мақсад аз баргузории Фестивал   муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар доираи таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 пешниҳод намуд, ки Оши палавро  ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ  дар номинатсияи «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» сабт гардад.

Хурсандибахш аст, ки ду намунаи фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик: «Оши палав» ва «Наврӯз» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО, ки 28 ноябр ва 2 декабри соли 2016 дар ҷаласаи ёздаҳуми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, расман сабт шуданд.

Тибқи иттилои коршиносони тоҷик,  дар сарчашмаҳои таърихӣ беш аз 50 навъи палав оварда шудааст ва  палави тоҷикӣ аз палавҳои эронӣ, туркӣ ва ҳиндуӣ фарқ мекунад.  Ҳоло ошпазони касбии тоҷик 130 навъи палавро пухта метавонанд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply