Дузанагии падарам фош гашт

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Мухлиси ҳамешагии ин сомона ҳастам ва мисли дигар одамони дар чорсӯи зиндагӣ зору ҳайронмонда имрӯз ман низ ба маслиҳату машварати шумо ниёз дорам. Дарди бедавои дили ман аз падар аст.  Одатан падарро қиблагоҳи фарзанд мегӯянд, вале ман ба ана ҳамин “қиблагоҳ” нафрат дорам. Сабаби дар дилам аланга гирифтани оташи нафрат худи падарам аст.

Падарам марди бою бадавлат буда, чанд корхона дорад. Пас аз хатми донишгоҳ вай бародарамро зери қаноти худ гирифтанӣ шуда, дар яке аз корхонаҳояш ба кор қабул кард. Бародарам дар як муддати кӯтоҳ аз тамоми сирру асрори падарам воқиф гашта, хабар овард, ки дадаҷонамон дар шаҳри Хуҷанд боз як оилаи дигар дорад ва бачаҳояш дар мактабҳои бонуфузи замонавӣ  мехондаанду занаш чунон кару фар карда мегардад, ки ногуфтанӣ. Падарам даҳони бародарамро бастанӣ шуда, ваъда кардааст, ки ба ӯ мошини хориҷии қиматбаҳо харида медиҳад ва як корхонаро ба  номаш мегузаронад, вале бародарам пешниҳоди ӯро қабул накарда, қаҳр карда омадааст. Модарам чанд сол боз касалии қанд дорад. Зани дигар доштани шавҳари меҳрубонашро шунида дарди очаҷонам аз нав хурӯҷ карду ба беморхона афтид. Бо касофатии падари булҳаваси занҷаллобамон қариб бе модар шуда будем. Падарам ба аёдати модари беморам омад, вале бародарам “Аз куҷое, ки омада бошед, ба ҳамон ҷо равед, ба мо чунин падар лозим нест” гӯён, нагузошт, ки қадамашро аз дар ба дарун гузорад. Падарам бо умед ба ман нигарист, вале мани эркаю азиз низ натавонистам гуноҳи ӯро бубахшам. Пештар баргаштани падарамро бесаброна интизорӣ мекашидам, вале ин дафъа омаданаш маро хурсанд накард, баръакс бо дидани дадаам оташи нафрат дар дилам аланга зад, ки ин марди дурӯя 18 сол боз ҳамаи моро аҳмақ карда, бераҳмона фиреб медодааст. Ман падарамро аз ҷонам бештар дӯст медоштам, вале акнун он ҳама меҳру муҳаббат дар синаам ба бадбинӣ табдил ёфтааст ва дигар ҳатто рӯяшро дидан намехоҳам. Модарам шабу рӯз барои бахти сиёҳаш хун мегиряду оби дидаи ӯ оташи нафрати маро нисбат ба падарам бештар аланга медиҳад. Мехоҳам аз минбари сомонаи “Tajikistantimes.com”  ба падарам бигӯям:

Падар, зан доштаӣ, фарзанд доштаӣ, чаро тӯли қариб 20 сол як бор нагуфтӣ, ки ман боз як оилаи дигар дорам? Гумон накун, ки мо ба тақдир тан дода, фарзандони туро хоҳару бародар мехонем ва кабӯтари дубома барин дилат ба куҷое, ки хоҳад, парвоз мекунӣ. Модарам ва ману бародарам ин гуноҳи туро дар ду дунё намебахшем! Беҳтараш моро фаромӯш кун, зеро дигар дар дил ва дар манзили мо барои чунин марди хоин ва фиребгар ҷой нест!

Фурӯғи дидагирён

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Дузанагии падарам фош гашт

  • Худованд новобаста аз бузургиаш гуноҳи бандаҳояшро мебахшаду мо бандагон бо кӯчакиамон гуноҳи ҳамдигарро не. Ҳама дар зиндагӣ борҳо иштибоҳ мекунад, вале на ҳама пушаймон гашта, аз паси ислоҳи хатояш мешавад. Падар розӣ — Худо розӣ гуфтаанд, бузургон.

Leave a Reply