Дуздии мошин, нуқраву пул ва дигар хабарҳои ВКД

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Зери чархи мошин мондани хурдсол дар ноҳияи Шаҳринав

Рӯзи 10-уми феврали соли 2019, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Абдуллоев Мансурҷон Рустамович, соли таваллудаш 1993, сокини деҳаи Ниҳолпарварии ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистон аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Зарипов Муҳаммад Шарофҷонович, соли таваллудаш 2011, сокини деҳаи Савдаро пахш намудааст.

Мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш хурдсол Зарипов М.Ш. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дуздии автомашина аз назди хонаи истиқоматӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 9-ум ба 10-уми феврали соли 2019, тахминан соати 04:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Зафира”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 20 000-сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду ноболиғи 15 ва 16-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисорро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дуздии маблағҳои пулӣ ва ангуштаринҳои нуқрагӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Конибодом бо ариза зани 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Патари ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки рӯзи 6-уми феврали соли 2019, тахминан соати 17:00-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Астра», ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, 3 ҳазору 700-сомонӣ, 14 000-рубли ФР ва 7-адад ангуштаринҳои нуқрагиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7000-сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Конибодом бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд.
Далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуда, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply