Эмомназар Худоназаров дар садама фавтид

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Сокини 25-солаи пойтахт Эмомназар Худоназаров соати сеюними шаби 28 ноябр бар асари як садама ба ҳалокат расид. Мошини «Мерседес”-и ин ҷавон дар назди бинои гимназияи хусусӣ ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст.

28-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 03:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс”, Худойназаров Эмомназар Муҳаммадович, соли таваллудаш 1992, сокини кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи Зебониссои пойтахт ба самти маҳаллаи Ховарон, дар рӯ ба рӯи бинои «Гимназия”-и хусусии Тоҷикистон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори рости роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа худи ронанда Худойназаров Э. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Як таксихои самти»Вахдат»-ро дар истгохи «САДБАРГ»чашми дидан надоранд кормандони БДА шахри Душанбе.
    Чарима боз хам ба боло бардошта шуд бо мебинем кани боз чи мешавад.

  • Як суол. Агар хамин мошини Э. Худоназаров бошад, хатто шишаи пешаш нашикастааст. Чи хел ронанда мурд??? Магар аксарияти ронандагонеро, ки аз садама мошинашон он кадар зарар надидааст, чи кушта метавонад? Наход хамон падушкаи баллони бошад??? Магар зарбаи он сахт аст?

Leave a Reply