Эрони дугона ду тарбузро дар як даст бардошта  наметавонад

Сиёсат, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

 

…Барои мардуми тоҷик миллати Эрон аз оғози Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун миллати ҳамзабону ҳамдин (ҳарчанд аксари кулли эрониҳо шиамазҳабанду аксари тоҷикон суннимазҳаб)   кишвари дӯст ҳисобида мешуд.

Ин дӯстӣ махсусан дар даврони роҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод  ба ин кишвар  рушду нумӯъ кард ва  бо кумаки онҳо дар Тоҷикистон чанд сохтмон ба поён расонида шуд, ки барои ҳар ду ҷониб манфиатовар аст. Аммо баъдтар маълум гардид, ки ин дӯстӣ беғаразона набудааст. Чаро таҳлилгарон ба чунин хулоса омаданд? Вақте муайян гардид, ки  дар паси гурӯҳҳои террористии зиддиҳукуматии Тоҷикистон эрониҳо меистанд, ҳукумат ва мардум ба чунин “дустӣ” бо назари шубҳа нигаристанд ва воқеият, ҳамчунин таҳлили таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ   ин гумонҳоро тасдиқ намуданд. Гузашта аз ин, вақте ки Роҳбари аввали Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз намоёнтарин муқобилони Ҳукумати Тоҷикистон-раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи ҲНИ-ро ба оғӯш кашид, маълум гардид, ки ин “дӯстиҳо” ба хотири чист. “Гурбаи сиёҳ”-и сари роҳи ҳамкориҳои миёни Эрон ва Тоҷикистон –Муҳиддин Кабирӣ дар ин кишвар меҳмони олиқадр гардид ва ин косаи сабри ҷониби Тоҷикистонро пур кард. Инак, Эронро метавон аз рӯйхати  дӯстони   Тоҷикистон барои як муддати мадид хат зад. Ба андешаи коршиносон, ин то замоне идома хоҳад кард, ки Эрон сиёсати худро нисбат ба кишвари мо комилан дигар накунад. Аммо ҳоло чӣ? Ин кишвар, ки ҳанӯз ҳам дастгирии ҲНИ-ро идома дода истодааст, табиист, ки ангушти ишорати  сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон баъд аз куштори сайёҳони бегуноҳ дар Данғара ба сӯи он нигаронида шуд. Барои ин,  онҳо далелҳои зиёде ҳам оварданд. Аз ҷумла, он чӣ, ки  Қорӣ Носир-фармоишгари ин куштор узва ҲНИ аст ва ин ҳамларо аз Эрон истода, роҳандозӣ кардааст, ҳуҷҷатан собит гардидааст. Тавре ки ҳукуматдорон мегӯянд, акнун Эрон  мехоҳад, ки гуноҳи ин террористонро бо ҳар роҳе набошад, рӯйпӯш кунад ва  ин кирдори нангинро ба ДОИШ-и  ниммурда  рабт диҳанд. Албатта , касе намегӯяд, ки “дӯғи ман турш аст”, хусусан дар сиёсат. Бинобар ин, сафири Тоҷикистонро дар Теҳрон ба ВКХ-и Эрон даъват карда, аз он изҳори норозигӣ карданд, ки чаро Тоҷикистон кишвари дӯсти Эронро беасос гунаҳгор мекунад. Магар ин тавр ҳам мешавад, ки аз як сӯ  дар бораи дӯстӣ ҳарф занию аз ҷониби дигар, душманони “дӯст”-ро   бо ҳар роҳ дастгирӣ кунӣ? Шояд дар дасти сохторҳои амниятии Тоҷикистон нисбати сиёсати давлати Эрон дар баробари Тоҷикистон санаде вуҷуд дошта бошад, ки ин дӯстии абадиро зери суол бурдааст. Албатта, мо инро намедонем, вале “ бе шамол барги дарахт намеҷунбад” мегуянд ва дӯстӣ  бо мардуми Эрон барои мо муҳим буду ҳаргиз бо як-ду амали ноҷо наметавонист бо ин суръат ба сатҳи пасттарин фурӯ ояд.    Инро мо намедонем, вале он чӣ Эрон ошкоро барои барҳам задани ин дӯстию бародарӣ кард, як   муаммоест сарбаста. Мардуми одии Эрон, ки имрӯз барои ҳуқуқҳои худ ба кӯчаҳо баромадаанд, ҳамеша ҷонибдори ин дустӣ буданду ҳастанд. Аммо дар он ҷо доираҳои манфиатдоре ҳастанд, ки мехоҳанд бо як даст ду тарбузро бардоранд. Яъне, талаби ҳамкорию дӯстӣ аз Тоҷикистон мекунанду дар амал,  дар паси парда корҳоеро ба анҷом мерасонанд, ки    ҳаргиз мувофиқ ба ин талаби онҳо нест.

Баъзеҳо дар он кишвар гумон доранд, ки Тоҷикистон як кишвари кучак аст ва дӯстии Эрон бо ин кишвар он қадар муҳим несту бояд дар зери нақораи онҳо рақс кунад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид мебошаду сиёсати хориҷии мустақилона дорад ва метавонад дар арсаи байналмилалӣ нақши худро ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол ба хубӣ иҷро кунад. Аз ҷумла,  он кишварҳоеро, ки сиёсаташон зидди ӯ равона гардидааст, “сахт газад”. Хосса дар замоне, ки Эрони имрӯза гирифтори таҳримҳои афзоянда гардидааст ва Амрико эълом кард, ки таҳримҳо алайҳи Эронро, ки пас аз созиши ҳастаӣ бардошта шуда буданд, бори дигар ҷорӣ кард. Ин таҳримҳо аз соати 7:30 дақиқаи субҳи дирӯз  ба вақти Теҳрон ба ҳолати иҷро даромад.  Акнун ин кишвар ба дӯстони  ҳақиқӣ ниёз дорад, на ба он дӯсте, ки агар зарур шавад, дӯсташ мегӯяду агар лозим наояд, бо душманони он дӯстӣ меварзад. Мардум мақоли мантиқии хубе доранд: “Дӯсти душмани ман, душмани ман аст…”. Худатон хулоса кунед…

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Эрони дугона ду тарбузро дар як даст бардошта  наметавонад

  • Нест бод Хомани нест бод Кабири Нестбод Нахзатихо нест бод кулли Диктатурони Ирон Нестбод душманони Миллати Точик

Leave a Reply