Фаришта дар ниқоби иблис

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Рози ситораҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Ном ва насаб: Амриш Лал Пур.

Санаи таваллуд: 22. 06. 1932.

Макони таваллуд: Панҷоб, Ҳиндустон.

Санаи марг: 12 01 2005.

Макони марг: Мумбай.

Бачаи камбағал

Ҳунарманди машҳури театр ва кинои ҳинд Амриш Пурӣ  22-юми  июни соли 1932 дар яке аз шаҳрҳои хурдакаки Панҷоби Ҳиндустон бо номи Наваншаҳр, дар оилаи камбағал ба дунё омадааст. Амриш дар оила фарзанди 3-юм буда, се бародар ва як хоҳар дорад. Бародарони бузургаш Чаман Пурӣ ва Мадан Пурӣ мисли худи Амриш ҳунарпеша буданд. Аз нигоҳи аввал чунин ба назар мерасад, ки аҳли ин оила ҳамагӣ ҳунарманд буда, Амриш Пурӣ ба осонӣ ба олами синамо роҳ ёфтааст, вале дар асл чунин нест…

Меҳр дар дилу муҳр бар лаб

Амриш аз кӯдакӣ ба илмҳои дақиқ аз қабили химияву математика шавқу ҳаваси зиёд дошт. Одатан бачаҳое, ки фанҳои дақиқро хуб медонанд, ба адабиёт ва санъат майлу рағбат надоранд, вале Амриш масъалаҳои математикиро ҳал карда истода зери лаб суруд мехонд, флейта менавохт ва чунон нағмаҳои хандаоваре мекард, ки ногуфтанӣ. Дар дили ин бачаи камбағал аз ҳамон айёми кӯдакӣ меҳри пешаи актёрӣ ҷӯш мезад, вале аз кастинг гузашта натавонист ва маҷбур шуд, ки дар Вазорати меҳнат ба кор дарояд.

Дер ояду шер ояд!

Кораш бад набуд, вале орзуи актёр шудан Амришро лаҳзае ором намегузошт. Бо мақсади омӯзиши нозукиҳои касби актёрӣ ба назди намояндаи Мактаби миллии драмавии Ню Дели , режисёр ва актёри машҳур Амрахим Алказӣ рафт. Аз ин ҳунарманди касбӣ Амриш чизҳои заруриро омӯхта, дар театри Притваи Мумбай ба кор даромад. Дар саҳнаи театр, зери роҳбарии Сатиядев Дюбей нақш офарида , маҳорати худро такмил дод. Садои ҷарангосию марғуладори Амриш Пуриро дар роликҳои рекламавӣ ва барномаҳои радиоӣ низ истифода мебурданд, вале бо ин ҳама пешравӣ дили ҳунарманди ҷавон ҳеҷ ором намегирифт. Меҳри кино мисли оҳанрабо Амришро ба худ мекашид.

Ниҳоят дар синни 38-солагӣ роҳи ин ҷавонмарди ҳунарманд ба олами синамо боз гашт ва коргардонҳо ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ин синну сол ҳунармандони кино аллакай ба қуллаи шуҳрат мерасанд, вале Амриш хеле дер ба олами синамо ворид гашта бошад ҳам, исбот кард, ки вай дар ин ҷода одами тасодуфӣ нест. Филмҳои аввалинаш ба Амриш Пурӣ чунон шуҳрати бузурге оварданд, ки дигар ҳунармандон дар даҳсолаҳо ба чунин комёбӣ ноил гашта наметавонистанд…

 Машҳуртарин ҷоҳили Болливуд

Амриш Пурӣ 250 филм нақш офаридааст. Қариб 90%-и образҳое, ки ин ҳунарманди боистеъдод офаридааст, ҷоҳил, бераҳм ва ситамгар буда, чунон бадию бадкирдориҳое мекунанд, ки ҳатто Аҳриман ангушти ҳайрат мегазад. Амриш Пурӣ нақши қаҳрамонҳои манфиро чунон моҳирона меофарид, ки дар ин ҷода касе ба вай баробар шуда наметавонист. Бо ҳамин сабаб ба ӯ ҳатто лақаби “Машҳуртарин ҷоҳили Болливуд”-ро гузошта буданд. Ин ҷоҳили машҳур  на танҳо сарзамини паҳновари Ҳинд, балки Амрико ва Аврупоро низ тасхир карда буд. Машҳуртарин ҷоҳили Болливуд дар Голливуд дар филми “Индиана Ҷонс ва ибодатгоҳи тақдир” нақши қаҳрамони асосии манфиро басо моҳирона бозида, тамоми ҷаҳонро қоил кард.

Фаришта дар ниқоби Аҳриман

Дар экран бисёр одами разил бошад ҳам, дар зиндагӣ Амриш Пурӣ бисёр марди раҳмдил ва меҳрубон буд. Вай то дами марг ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба одами камбағалу дармонда ва ятимону маъюбон дасти ёрӣ дароз намояд. Касоне, ки ин ҳунармандро ҳамеша дар нақши одамони золиму ситамгар дида дар дил ба ӯ нафрат доштанд, баъди аз наздик бо Амриш Пурӣ шинос шудан, андешаашон комилан дигар мешуд ва сар ҷунбонда мегуфтанд: Одатан шайтон дар зери ниқоби фаришта амал мекунад, вале Амриш Пурӣ фариштае будааст, ки дар экрани синамо ниқоби Аҳриманро ба сар мекашад….

Дар набарди ишқ

Амриш Пурӣ дар синни 25- солагӣ ба Урмила Дивекар оиладор шудааст. Онҳо аз табақаҳои гуногун ва волидайни ҳарду тараф зидди хонадоршавиашон буданд, аммо Амриш ва Урмила то охир барои ишқу муҳаббаташон мубориза бурда, ғолиб баромаданд. Маҳсули ишқи ин ду дилдода писарашон Ранҷив ва духтарашон Намрата мебошанд. Урмила аз театр ва  кино дур бошад ҳам, то нафаси охирин ба шавҳараш содиқона хизмат карда, дар фатҳи қуллаҳои ҳунар ба ӯ ёрӣ мерасонд. Фарзандони Амриш Пурӣ касби падарро идома додан нахоста, роҳҳои дигарро интихоб намуданд. Писари ин ҳунарманди нотакрор -Раҷив баҳрнавард, духтараш Намрата духтури номдор аст. Амриш Пури аз ду фарзандаш дутогӣ, дар маҷмӯъ чор набера дорад.

“Мугамбо не даволен!”

Амриш Пуриро дар  саросари ҷаҳон ҳамчун Мугамбо мешиносанд. Соли 1987 аз ҷониби режиссёр Шекхар Капур филми ҳунарии “Мистер Индия”-ро ба навор гирифта, офаридани образи золимтарин қаҳрамони замон-Мугамборо ба Амриш Пурӣ бовар кард. Ин нақш ба андозае машҳур гашт, ки то имрӯз ибораи “Мугамбо не доволен”-ро аз забони хурду калон шунидан мумкин аст.

Барои офаридани “Беҳтарин нақши манфӣ” Амриш Пурӣ 4 маротиба соҳиби ҷоиза гашта, барои “Беҳтарин нақши мардонаи дуюмдараҷа”  9 ҷоиза гирифтааст.

Охирин парвози уқоб

Амриш Пурӣ хеле дер ба олами синамо ворид гашта бошад ҳам, то нафаси охирин ба касбаш содиқ монда, то дами марг дар филмҳо нақш мебозид. Охирин филме, ки ин актёри машҳур дар он нақш офаридааст “Кисна: Зашишая свою любовь” буд, ки баъди марги ин ҳунарманди асил, соли 2006 манзури тамошобинон гашт.

Китоби нотамом

Дар соли 2003 Амриш Пурӣ ба навиштани китоби ёддоштҳояш сар кард, вале марг амон надод, ки кори саркардаашро ба охир расонад. Санаи 28-уми декабри соли 2004 Амриш Пурӣ дар хона танҳо буд. Банохост, бе ягон сабаб сараш чарх зад ва ин марди сар то ҳунар аз ҳуш рафта, мисли чанори азими решагардоншуда гурсосзанон ба замин афтид. Ҳангоми афтидан сараш  ба чизе бархӯрда, сахт осеб дид ва актёрро дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Табибон ба Амриш Пурӣ диагнози “Осеби косахонаи мағзи сар” гузошта, барои наҷот додани ҷони ин ҳунарманди нотакрор басо талошу ҷонбозӣ намуданд, вале натавонистанд бар марг ғолиб оянд. Дар натиҷаи осеб ва хунравии мағзи сар актёр пас аз 15 рӯзи бе ҳушу бе ёд хобидан санаи 12-уми январи соли 2005 дар беморхона ҷон дод.

“Қонуни зиндагӣ”-и Амриш Пурӣ

Пас аз як соли марги ин ҳунарманди машҳур журналистка Ҷоти Сабхарвал бо кумак ва дастгирии писари Амриш Пурӣ-Раҷив Пурӣ китоби зиндагиномаи ӯро бо номи “Қонуни зиндагӣ” ба дасти чоп супурд. Дар ин китоби ёддоштҳо ба ғайр аз ҳодисаҳои аҷоибу ғароиби зиндагӣ ҳамчунин дар бораи машғулияти дӯстдоштаи ин марди ҳунар низ маълумотҳои зиёде оварда шудааст.

Маълум мешавад, ки Амриш Пури коллексия кардани кулоҳҳои аҷоибро дӯст медоштааст ва зиёда аз 200 кулоҳро аз кишварҳои гуногун ҷамъ овардааст.

Шаҳло Ниёзова


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply