“Фарзанд расон” дувумин суруди -миллионери Анварҷон Ахмедов (Видео)

СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Тақрибан як сол пеш канали  Баракат Медиа  дар YouTube сабти  видеои суруди «Фарзандрасон»-ро аз барномаи консертии Анварҷон Ахмедов  ҷой кардабуд, ки  1,10 миллион нафар тамошобин ҷамъ намудааст. Суруди мазкур дар муддати кӯтоҳ байни мухлисони сабту наво ҳаводорони зиёде пайдо намудааст.

Анварҷон Ахмедов  даҳсол инҷониб рӯйи саҳнаи ҳунар омадаву бо сурудҳои хеш хотири мухлисони бешуморашро шод мекунад. Вай дар оилаи корманди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ Ҳакимҷон Ахмедов  ба дунё омада дар муҳити дар муҳити фарҳангӣ тарбия ёфтааст.  Анварҷон яке аз машҳуртарин сарояндагони вилояти Суғд ба шумор рафта ҳамасола 15  барномаи консертӣ мегузорад ва дар ҳамаи ин барномаҳо толор пура аз мухлисон аст

Суруди “Фарзанд расон”-и шуморо дар давоми ду шабонарӯз 100 ҳазор нафар тамошо кардаанд, ки ин рекорди ҳақиқӣ аст. Вақте шумо ин таронаро месароед, аксари дар толор нишастагон оби дидаашонро нигоҳ дошта наметавонанд. Дар бораи ҳамин суруд каме маълумот медиҳед?

«Фарзанд расон” як навъ ниёиш ба Худованд буда, матнаш бисёр сода, вале самимӣ аст. Ман кӯшиш кардам дар ин тарона эҳсосоти касонеро баён намоям, ки ба нохуни фарзанд зор ҳастанд.

Парвардигори меҳрубон,

Бахшандаи ҷону ҷаҳон.

Бар ҳар каси фарзандталаб

Фарзанд расон, фарзанд расон.

Фарзанд бувад ҷону ҷигар

Пайвандгари мо бар падар,

Духтар бувад ё ки писар,

Фарзанд расон, фарзанд расон.

Фарзанд хоҳанд доимо,

Дилҳояшон обу адо.

Бар он касон, оҳ, эй Худо,

Фарзанд расон, фарзанд расон…

Одам, то худаш дард надошта бошад, дарди дигаронро баён карда наметавонад. Дарди дили одамони ба нохуни фарзанд зор то куҷо бо шумо наздикӣ дорад?

Шукри Худо, 4 фарзанди нозанин дорам: Шуҳратҷону Амирҷон ва Миҷгонахону Меҳронахон.

Байни чор фарзандон кадомӣ роҳи падарро  пеша кардааст?

Писари калониям Шуҳратҷон ба санъат завқи зиёд дорад. Дар имсола консертам мо ҳамроҳ суруд хондем.  Писари хурдиям Амирҷон ба варзиш завқ дорад.

Бояд зикр намуд, ки ин дувумин суруди Анварҷон аст, ки дар инетенет зиёда аз миллион тамошобин пайдо кардааст. Суруди «Санамҷон«-ро ки ҳамроҳ бо Мижгонаи Мирзо иҷро намудааст зиёда аз  1,50 миллион нафар тамошо кардааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply