• Бахтовар Сафаров
  • 08.03.2019
  • 0

Фарзанди босавод мояи ифтихори модар аст!

Латофат Кенҷаеваро хурду калон бо шарофати маҷаллаи «Машъал» хеле хуб мешиносанд. Ин зани қаламкаш дар баробари он ки 38 сол роҳбари ин маҷаллаи бонуфуз буд, боз муаллифи чандин китобҳои аҷиби бачагона аст, ки бо теъдоди  беш аз 1 миллиону 700 ҳазор чоп шудаанд.

Ҳар китобе, ки ба дасти хонанда мерасад, боиси ифтихору сурури бону Латофат аст. Дар арафаи иди бонувон мо бо ин хонуми қаламқаш суҳбати ҷолибе доштем, ки фишурдааш пешкаши шумо мегардад.

-Ба андешаи шумо матбуот дар тарбияи кӯдакон чӣ нақшеро бозида метавонад?

-Рӯзномаи бачагона ба шарте дар тарбияи кӯдакон нақши босазо гузошта метавонад, ки дар ниҳоди кӯдак фазилатҳои неки инсонӣ ва одамиятро тарбия намуда, барои ривоҷ додани зеҳну тафаккури насли наврас маводҳоеро ба нашр расонад, ки тавонад бачаро аз беҳудагардиву интернетбозӣ ба худ ҷалб созад.

-Вазъи кунунии матбуоти бачагона ба талабот ҷавобгӯ аст ё не?

-Мутаассифона, имрӯз маҷаллаҳои кӯдакона саросар аз кроссворду маводҳои интернетие, ки бархӯрди зеҳни кӯдак нестанд, иборатанд. Маводҳое, ки такрор ба такрор дар маҷаллаҳои бачагона чоп шудаанд, на бедият доранду на мазмун. Ягон маҷаллаи бачагонаи муосир ба мазмуну муҳтавои маҷаллаи «Машъал», «Пионери Тоҷикистон», «Чашма»-и пешина баробар шуда наметавонад. Барои кӯдакон чизи тоза, чизи хуб, чизи нав, хулоса чизҳои беҳтаринро эҷод кардан лозим, ки тавонад диққати бачаҳоро ҷалб созад. Кӯдак бояд ҳисси ифтихори миллӣ дошта бошад, аз асли худ, аз гузаштагони миллати худ огаҳӣ дошта бошад. Имрӯз дастрасии рӯзномаву маҷаллаҳои кӯдакона ба мактабҳо душвор шудааст. Ба андешаи банда имрӯз таъсиси рӯзномаву маҷаллаҳои кӯдаконаро ҳатто дар ноҳияву вилоятҳо ба роҳ мондан лозим аст.

-Шумо 21 сол боз сармуҳаррири маҷаллаи «Машъал» будед. Маҷаллаи шумо зиёда аз 100 ҳазор теъдоди нашр дошт. Ин маҷалла чӣ сир дошт, ки ҳама онро мутолиа мекарданд?

-Дар ҳақиқат теъдоди маҷаллаи «Машъал» дар замони шуравӣ аз 180 ҳазор то ба 300 ҳазор нусха расида буд ва он аз ҷониби давлат маблағгузорӣ карда мешуд. Сири теъдоди зиёди «Машъал» дар он буд, ки мо озмунҳои гуногун таъсис мекардем, ба ноҳияҳои гуногун ба сафар баромада, бевосита аз ҳаёти кӯдакон, аз хонишу кору борашон мавод таҳия мекардем. Мо озмунҳои китоб доштем. Озмуни фестивали «Китоб ва мусиқӣ»-ро ташкил карда будем, ки дар тамоми вилояту ноҳияҳо бесаброна фестивали моро интизор мешуданд. Баъдан теъдоди обуна ба ин маҷалла хеле зиёд буд.

-Барои зан-модар журналист будан осон аст?

-Ман соҳиби чор фарзанд, 10 набера, 3 абера ҳастам. Фикр мекунам мо дар даврони беҳтарин фарзандонамонро ба воя расонидем, мушкилӣ камтар буд. Зан агар уҳдабаро бошад, аз уҳдаи ҳама кор мебарояд.

Беҳтарин туҳфаро дар арафаи 8 март аз ҷониби кӣ ва кай гирифтаед?

Барои ман беҳтарин туҳфа китоб аст. Дӯстону фарзандонам дар иду ҷашнҳо дар баробари гул ба ман китоб тақдим мекунанд.

-Хушбахтиро ҳамчун зан-модар дар чӣ мебинед?

-Хушбахтиро дар бахти фарзандонам мебинам. Фарзанд, агар босавод, баобрӯ, соҳибкасбу соҳибҳунар бошад, барои модар дар ҳақиқат ин хушбахтии бузург аст. Бадбахт аст модаре, ки дар тарбияи фарзанд ба иштибоҳ роҳ додаст.

Барои суҳбати ҷолиб ташаккур. Иди бонувон ва Рӯзи Модарро ба шумо муборакбод мегӯем!

Нодира Раҷабова

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner