• Рустам Азимов
  • 01.01.2019
  • 12

Фирӯза Ҳафизова ба чӣ “точка” мегузорад?

-Фирӯзабону, имсол барои шумо бисёр соли вазнин омад. Ба фикрам ягон рӯз саратон бе ҷанҷол набуд-а?

Рост мегӯед, аз ҳамон рӯзе, ки модарам шарм надошта “духтарам ба ман кӯмак намекунад, кораш фақат дугонабозӣ аст, ҳамроҳи дӯстонаш ресторан ба ресторан мегардаду ман гурусна мешинам” гӯён, тариқи интернет доду фарёд бардошт, як дами хушро надидам. Мардум ба гапҳои модарам бовар карда, маро бад диданд, ҳол он ки ин суханҳо дар ҳаққи ман туҳмати маҳз буданд. Хизматҳое, ки ман ба аҳли оила, ба бародару хоҳаронам кардаам, агар надонанд, кӯр мешаванд. Як умр аробаи зиндагии модару акаву хоҳаронамро кашидам, вале ба ҷойи раҳмат гуфтан, маро бо туҳмату буҳтон дар байни халқ паст зада, обрӯямро резонданд. Беҳуда нагуфтаанд:


Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,

Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард.

-Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи шумо тез-тез ҳар хел баҳсу мунозираҳо мегузаранд. Бархе бар он назаранд, ки Фирӯза худаш ин баҳсҳоро ташкил карда, бо “чёрний пиар” машҳур шудан мехоҳад?

о дар асри ХХI зиндагӣ карда истодаем ва зиндагии имрӯзаро  бидуни интернет тасаввур карда намешавад. Дар ин замона хурду калон ҳама дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишаста бурду бохташонро ба ҳамдигар қисса мекунанд. Мақсади ман аз баромад намудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ пиар нест. Фирӯза Ҳафизова на ба “чёрний пиар” ниёз дорад ва на ба “белий пиар”, чунки роҳи худро дар ҷодаи санъат барвақт пайдо кардааст.


-Пас, чаро баъзе блогерҳо ин қадар ба шумо мечаспанд?

Шейх барин хурӯсчӯҷаҳо аз дур қанотак зада, мехоҳанд Фирӯзаро тарсонанд, вале ман аз зумраи он занҳое нестам, ки бо андак таҳдид ба пояшон ларза даромада, фиқ-фиқи гиряро сар мекунанд. Ман тайёр ҳастам, ки дар куҷое набошад, бо касе набошад, мардона “разбор” карда, ҳақ будани худро исбот намоям. Замоне, ки ҳама айбу гуноҳро ба гардани Фирӯза бор мекарданд, гузашт. Ман имрӯз аз худ дифоъ намуда метавонам ва ба чунин ноҳақию беадолатиҳо нуқта мегузорам.

Мегӯянд, ки таронаи “Дар барат рӯз надидам”-ро маҳз ба хотири собиқ шавҳаратон сурудаед…?

Оилаи моро рашки хонасӯз вайрон кард, вале ин тарона танҳо дарди дили ман не, сӯзу алами қалби ҳазорон-ҳазор бонувони тоҷик аст. Бисёр занҳои мо аз мард эҳтиром намебинанд. Хислати мо занҳои тоҷик чунин аст, ки гапи баланд заданд, хомӯш мешинем, моро таҳқир намуда дашном диҳанд, гиря мекунем. Ҳар рӯз ба сарамон бо мушту лагад зананд ҳам, шикоят намекунем. Мардҳо аз хомӯшии мо, занҳо шерак шуда,  худашонро шоҳу табъашонро вазир мепиндоранд. Муҳаббат ва эҳтиром бояд дутарафа бошад. Вақте ки мард занро ҳурмат намекунад, ин маънои онро дорад, ки ӯро дӯст намедорад ва ба як пули пучак ҳам намегирад…

Ҷадидтарин суруди Фирӯза Ҳафизоваро донистан мехостем?

-Бо рэпсарои ҷавон Шон МС  як дуэт таҳия намудем, бо номи “Точка”. Фикр мекунам, ки баҳри мухлисонам дар соли нав ин тарона туҳфаи хубе хоҳад гашт.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • шейх:

    и фируза христиан шидай чи??? байни син…. крестай ба фикрм

  • анти-шейх:

    туям ука мусулмоне нести шейх, байни синаи фирузара тамошо кардеста боши агар

  • Апай Шайх:

    Ноширгиет бшава кати у синахои да витрина гузоштагит. Ба фикрм точкаш хамияй? Ай ида точкай дигаш…. Худо нигах дор…

  • Апай Шайх:

    Сурудой дигарора бисер хуб копихони мекуни. Худат ягон суруд надории…. кати очат валс доштию хамаш дуруг буд?Холиям кина доштайю…

  • Бону:

    Хушрутарин бонуи шоу бизнес вале афсус шаттох беадабу бесавод. Просто кучаги….

  • TEEN WOLF:

    Ба фикрам мо ура шаттоҳу сарвайрон кардем чизе ки рафтори бад кардем мо кардем да ҳақи у мо ҳуқуқи ба ҳаёти шахси ягон нафар дахолат кардан надорем агар мо нисбати у бади намекардем бад гуи намекардам овоза намекардем у ҳеҷ гоҳ аз мусалмони безор намешуду дини дигара қавул намекард вой бар ҳоли мову шумо барин мусалмонон.

  • АМИНА:

    БА ЗАНЕ КИ БЕ ДАСТГИРИ ДАР ЧОДАИ САНЬАТ ХУДРО МУАРРИФИ КАРДА ТАВОНИСТ ХАЗОРОН АХСАН… ХУНАРАТОН ВОЛОТАР БИПАРАД ВА ЧАШМИ ХАСУДХУРОН КУРУ ЗАБОНИ БАДГУЕН ЛОЛ ГАРДАД. ХУДО НИГАХБОНАТОН СИДКАН СОФ БУДАНРО НА ХАР ХУНАРМАНД МЕТАВОНАД.. САМИМИЯТ ДАР ЧЕХРАИ ШУМО ХУВАЙДОСТ.

  • 909228433:

    касонеки дар хамин коментарияи Фируза Хафизова хархел гапои кабех мезананд бовари дорм хдшон дар як дирам арзиш надоран айбай назанен хархел гап хтона мусалмлон мегирен ай Алох бтарсен меген чиба хтон дашном метен базетон ранги занаковори дар хона шишта гапу чап мекнен вай санъаткорай мумкин длу нияти вай ай як хел мову шумода пок боша шумо гайбат мекнен ма надидам то хол гайбати у каса нисбати ягон кас каседа махкул нест тамошо накнен видиёша фирузабону ба хдт гуфтанийм гапи хархел мргда дикат натен иншоалох во мухерем

  • Рудаки:

    Кам ҳолат мешавад, ки мустақилона суруд гуш кунам. Аз ҷумла ин ҳунармандро. Дарвоқеъ бону Фирӯза Ҳафизова бо садо, симо ва оҳангҳои хеш мухлисони худро дошта, мавқеи худро миёни ситораҳои санъати тоҷик дорад. Ба ин нафар чунин тарзи либоспушӣ писанд аст. Муввафақ аст, оиладор, соҳиби шавҳар фарзанд ва хонаву дар ва дигар шароитҳои зиндагӣ аст. Боварӣ дорам аз чанд нафари дар боло андешаҳояшонро навишта зиндагии хубу осоишта дорад. Ҳайрон аз он мешавем, ки чаро МО то ҳол мо дар пайи таҳқиру таҳвину носазогуйии ҳамватани худ ҳастем. Аз чанд нафаре, ки худро мусулмони ҳақиқӣ мепиндоранд шояд аз Шумо мусулмонтар аст. Чунки мисли Шумо забони ғайбат надошта ба ҳаёти шахсии дигар нафар коре надора. Саховатпеша аст.

  • Апай Шайх:

    «Устод Рудаки» афсус ба акл кудаки! Фирузамох илхомбахши Шумо модарашро беакл мегуяд. Причем здес «лилигия» ва кулбори эчодии пур аз моли дуздияш…. шахсан ман ба у дилам месузад…. у ба хасад бурдани ман хатто намеарзад!!! Ты что…..

  • Рудаки:

    Гумон мекунам ба андешаи Шумо «ба ақл кудак» ҳам бошам дар андеша ва ҷаҳонбинӣ шояд «мӯр»-е дар назди «фил» бошед. Дили Шумо нахуст бояд ба ҳоли худатон сӯзад. Чун аз ҳасуд, бахилӣ, бекорӣ, паст будани маърифат ва дигар хулқу атвори бад инсон даст ба ғайбату таҳқир мезанад. Воқеан дилсӯзед, меҳрубонед пас марҳамат ба худаш тамос гиред ва камбудиашро ба руяш ва ё дар саҳифаи шахсиаш тариқи паёмак ифшо созед. На мисли нафарони ба истилоҳ ғайбатгарон пушти саҳфаи «фейк» нишастану аз асли матлаб бехабар санги бӯҳтон сӯяш партофтан.

  • Апай Шайх:

    Тарбият ноахлро чун гирдакон дар гумбад аст….
    Ин чавоби ман дар бораи он ки ман бояд Фирузаро насихат кунам…. Бехтараш Шумои дар аклу заковату хирад ФИЛ ин корро кунед. Савоб мегиред. Ман бехтараш бо акли муронаам пайвандони худамро тарбият мекунам то Худо нишон надихаду монанди Фируза нашаванд. Ин кадар сухтаю пухта тарафгири мекунед? Ки ягон гапи бад гуфтааст? Аенро хочат ба баен нест? Е ба хотири мухлисии Шумо мо сиехро сафед гуем? Шумо хасуду гайбатро аз ибрози андеша фарк мекунед? Фируза Хафизова ба гайбату хасад хурдан намеарзад! Лекин ман ба як андешаи Шумо розиям.Хайф ки ман вактамро барои навиштани чанд харф барои у сарф мекунам….

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner