Фирори бобарори Маҳмаднаим аз ДИИШ (Видео)

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Ҷӯрабеков Маҳмаднаим, зодаи ноҳияи Нуробод пас аз фирор аз сафи нерӯҳои ДИИШ (Давлати исломии Ироқу Шом) ба Ватан баргашт ва мақомоти кишвар бар асоси эзоҳи 1 ба моддаи 401-и Кодекси ҷиноятии кишвар ӯро авф намуданд. Ӯ феълан дар озодист ва аз саргузашти афсонамонанду даҳшатбори худ ба мо қисса мекунад.
Маҳмаднаим амсоли даҳҳо ҷавонони тоҷик бо роҳи фиребу найранг ба доми нерӯҳои ифротгаро афтида, тариқи Туркия ба Ироқ интиқол меёбад. Ба гуфти худаш ӯ то замони убури марзи Ироқ намедонист, ки ба куҷо меравад.
Ҳаёти ин ҷавонмарди тоҷик дар Шом ва Мавсили Ироқ даҳшатовар ва монанди афсона гузаштааст. Ӯ дар он ҷо бо палковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов во хӯрда, ҳамчунин тоҷикони зиёдеро дидааст, ки яке аз рӯйи хоҳиш ва дигаре бо роҳи фиреб ба ҷанг рафта буданд.
Маҳмаднаим чи рӯзҳоро аз сар гузаронид ва чӣ гуна аз оташи ҷангу хунрези амон ёфт ба таври мухтасар дар ин навор тамошо кунед ва ба шакли мухтасар дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Фирори бобарори Маҳмаднаим аз ДИИШ (Видео)

Leave a Reply