Фоҷиаи як оила дар Турсунзода

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 

Дар арафаи иди Рамазон дар деҳаи 40-солагӣ дар ҷамоати 10-солагии Истиқлоли Турсунзода ду кӯдаки 4 ва 5-сола дар каҳдони оғили хонаашон гӯгирдбозӣ кардаанд, ки ин сабаби оташ гирифтани каҳдон шудааст.

Бибии ин кӯдакон талош кардааст, ки набераҳояшро аз чанголи оташ наҷот диҳад, вале худаш ҳам ҳалок шудааст.

Шарораи оташ ҳангоми бозии тифлон ба тӯдаи каҳ часпида, каҳдон якбора оташ гирифтааст.Садои доду фарёди кӯдакон ва алангаи оташро дида, бибии онҳо Салимаи 53-сола ба тарафи каҳдон давидааст, ки ҷигарбандонашро наҷот диҳад.

Аммо доманаи оташ чунон баланд буд, ки ҳам ин зани 53-сола ва ҳам набераҳояш бар асари ин сӯхтор нафасгир шуда, дар даруни каҳдон ҷон бохтаанд. Сокинони деҳаи 40-солагӣ ба сомонаи «Ахбор” гуфтанд, «замоне ки мошини сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷои ҳодиса расид, оғилхона пурра сухта ва алангаи оташ ба симу ноқилҳои хонаҳо расида буд. Ҷасадҳои бибӣ ва ду набераашро вақте берун кашиданд, онҳо алакай ҷон дода буданд.”

Ин мусибат замоне рух дод, ки падари ин тифлон Абдураҳим ҳамроҳи писари баркамолаш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт. Ба Абдураҳим фақат хабари марги модарашро расонда, гуфтаанд, ки бояд оҷилан баргардад.

Абдураҳим танҳо баъди бозгашт аз Русия хабар ёфт, ки дар он фоҷиа нафақат модарашро, балки ду тифли маъсумашро низ аз даст додааст. Сокинони деҳаи 40-солагӣ мегӯянд, бо шунидани хабари чунин мусибати бузург Абдураҳим аз ҳуш рафт ва то ҳол дар як ҳолати фишори шадиди равонӣ қарор дорад. Писари калонии ӯ низ, ба гуфтаи ҳамдеҳагон, ба дунболи падараш аз Русия баргашт ва дар як ҳолати зор қарор дорад.

(Ахбор)


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Фоҷиаи як оила дар Турсунзода

  • Чояшон чаннат ва манзили охираташон пурнур бод. Худо барои Абдурахим ва наздикону пайвандони эшон сабри чамил ато кунад.

Leave a Reply