Гармии ҳаво имрӯз ба 36-40 дараҷа мерасад

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, муътадил, шабона 20-25 ва рӯзона бошад 36-40 боқӣ мемонад.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 15+20, рӯзона 31-36 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  7+12 ва рӯзона +21+26 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +15 +20 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +15+17 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply