Ноӯҳдабароии ронандаву марги мусофир

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

Бино ба маълумоти ВКД, 27-уми апрели соли 2018, тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “КАМАЗ”, Ғаффоров Шералӣ Худойқулович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Паркамчӣ ба самти деҳаи Корези ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа кардааст.

Дар натиҷа, мусофири дар дохили автомашина буда Мустафоқулов Умархон Қурбонович, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Меҳтари ноҳияи Данғара, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply