Ба вазири тандурустӣ савол доред?

Слайдер, Тандурустӣ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Гуфтугӯи мустақими телефонии хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа

Рӯзи  ҷумъа, 27 октябри соли равон дар идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон»  аз соати 10:00 то 12:00 гуфтугӯи мустақими телефонӣ бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа баргузор мегардад. Шумо метавонед қаблан саволҳои худро тариқи почтаи электронии сомонаи tajikistantimes.tj, tojikiston@pressa.tj, tojikiston-1992@mail.ru ба вайбери 985-81-89-81, 900 45 89 77  ва ё дар рӯзи баргузории гуфтугӯи мустақим тариқи телефонҳои 238 54 51, 93 111 08 61, 93 505 95 35 бевосита ба худи вазир  диҳед

Ҳамчунин, имкон доред суолҳои худро дар шарҳи (комментария)-и ин матлаб гузоред.


Поделиться новостью в социальных сетях:

24 комментарий

  • Чаро муассисахои тиббии тобеи Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли хукуки гузаронидани муоинаи тиббии довталабони курсхои ронандаги ва додани маълумотномаи тибби барои шомил шудан ба мактабхои ронандагиро надоранду ин корро як ширкати хусуси анчом медихад.
    Чаро чунин холат дар дигар давлатхои дунё роич несту танхо дар Точикистон чунин раванд ба рох монда шудааст?
    Магар як муассисаи тиббии хусуси аз тамоми дармонгоху марказхои тиббии тобеи вазорат, ки таърихи наздик ба 100 сола доранд, тавонотару касбитар аст?

  • Мухтарам вазир! Чаро нархи хизматрасонихо дар беморхонахои Точикистон баланд аст? Магар маоши ману шумо барои барои табобат гирифтан мерасад? Кадом беморхонахои Точикистон имруз ройгон хизмат мерасонанд?

  • Барои чи дар Конститутсия табобат ройгон гуфта шудаасту дар амал не? Бо эхтиром Машхура сокини дехаи Навобод шахри Панчакент

  • Аввало дуруд ба Шумо!Мухтарам Вазир,ман дар махаллаи Шодоби н.Варзоб зиндаги мекунам ва ба маълумоти Шумо мерасонам,ки дар ин махала худуди 1500 хочаги аст.Солиёни зиёд буд,ки дар ин махал бунгохи тибби набуд.Як сол пеш якбинои хурде дар назди бинои мактаб сохтанд ва мегуянд,ки ин бунгохи тибби аст вале то ба хол фаъолият намекунад.Сабабаш надоштани мизу куси ва лавозимоти тибби будааст.Зури нохия намерасидааст.Илтимос Шумо кумак кунед.Каблан минатдорам аз Шумо!!!

  • вазири мухтарам мо аз талоши Шумо барои бех шудани сатхи хизматрасони дар беморхонахо огохем ва миннатдори худро мерасонем ки хизматрасони бехтар шудааст. бо вучуди хамаи ин боз камбудихо дида мешавад албата ин дар хама соха хаст. барои як дорухат навистан ва фишор санчидан дар медгородок барои духтур 10 сомон мети мегуяд 20 сомон те кам ин. ин кори сохаро догдор мекунад. хохиши мо хамин ки чорахои зарури андешида шавад то бе маблаг хам духтур бо бемор муносибати хуб дошта бошад.

  • Ба Вазири тандурустӣ
    ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии
    Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Олим Насим Хоҷа

    Мӯҳтарам Олим Насим Хоҷа!
    Нахуст сипосу дуруди бепоёни худро ба Шумо расонида, бо арзи эҳтиром ба самъи Шумо мерасонам, ки банда чанде пеш падари худро бо бемории қалб ва фишорбаландӣ ба Маркази дилшиносии байниноҳивӣ, ки дар деҳаи Кӯктоши ноҳияи Панҷакент қарор дорад, бистарӣ кардам. Аз хизматрасонӣ ва муносибати духтурон ҳеҷ шикояте надорам, вале шароити мавҷудаи шифохона маро водор намуд, ки нахуст ба Шумо муроҷиат карда, баъдан мавод омода намоям.
    Оворагии мо барои гузаронидани ташхисҳои гуногун берун аз ҳудуди шифохона ва бе мошини ёрии таъҷилӣ ба ҳар сӯ бурдани бемори вазнин ба хулосае овард, ки кош аз аввал беморамонро рост ба Душанбе ва ё Хуҷанд мебурдему дар Маркази дилшиносии байниноҳиявии шаҳри Панҷакент намехобонидем. Ҳар нафаре, ки як маротиба ба ин шифохона ташриф оварда, аз ҳоли бемору сарсонии бемордорон огоҳ шуда бошад, ҳайрон мешавад, ки чи гуна ба ин марказ номи маркази дилшиносиро додаанд, зеро маркази дилшиносии мазкур ҳеҷ шароит ва таҷҳизоте барои ташхиси комили беморони дил ва фишорбаландӣ надорад, оддитарин шароитро доро нест ва бинобар ин наметавонад «дилшинос» бошад. Аз Шумо маъзарат мехоҳам, вале бояд иқрор шуд, ки мутаассифона маркази мазкур ҳатто ба шӯъбаи кардиологӣ созгор нест.
    Дар тамоми шаҳрҳо Маркази дилшиносиро дар назди шифохонаи асосӣ мекушоянд, то ин ки беморони вазнинро аз якҷо ба ҷойи дигар барои муоина нафиристанд, вале маркази дилшиносии номбурда аз беморхонаи марказии ноҳия зиёда аз 6 километр дур буда, дар дохили деҳаи Кӯтош ҷой карда шудааст. Дар баробари ин роҳи деҳа мумфарш нест ва пасту баландиҳои зиёде дорад, ки ба беморони вазнини кардиологӣ зарари хеле ҷиддӣ дорад. Инчунин Марказ ҳатто як мошини ёрии таъҷилӣ надорад, ки бо он беморон барои ташхис ба беморхонаи марказӣ, поликлиника ва дигар ҷойҳои зурурӣ бурда шаванд. Дар беморхона барои ташхиси беморон ҳатто ҳуҷраҳои алоҳидаи ташхости ЭКГ ва амбулаторияи консултативӣ вуҷуд надорад. Магар чунин муассисаро метавон маркази дилшиносӣ номид?
    Оё Маркази дилшиносӣ бе амбулатория вуҷуд дошта метавонад? Ҳол он ки маркази дилшиносии мазкур, на маркази дилшиносии як ноҳия, балки байниноҳиявӣ буда, якбора ниёзмандони се ноҳия: Панҷакент, Айнӣ ва Масчоҳро бояд пурра фаро гирад. Бояд беморони аз дуру наздик омада, дар ин марказ пурра ба ташхис фаро гирифта шуда, дар ҳолатҳои зурурӣ бистарӣ карда шаванд. Аммо, мутаассифона марказе, ки мо дидем, комилан чунин имкониятро надорад.
    Чи гуна метавон ниёзмандонро пурра ба ташхис ва табобат фаро гирифт, вақте ки Маркази дилшиносӣ бо одитарин дастгоҳҳои таҷҳизотӣ таъмин нест. Ҷуз дастгоҳи ташхисии ЭКГ дигар чизе дар ин марказ намебинем. Дастгоҳи ташхисии ЭКГ низ ҳамагӣ 3 дона буда, он ҳам аз вилоят оварда шуда, қаблан истифода шудааст ва қимати диагностикиаш чандон баланд нест.
    Аз сӯҳбат бо сардухтури Маркази дилшиносӣ Абдурасул Юсупов маълум шуд, ки мувофиқи фармони раёсати тандурурстии вилоят марказ барои 60 кат кушода шуда будааст, вале то ба имрӯз имконияти ҷой намудани хамагӣ 27 беморро дораду халос ва он ҳам дар сурати дар як ҳуҷраи барои 2 нафар пешбинӣ шуда, ҷой намудани 4-5 нафар.
    Бинои марказ бо камбудиҳои хеле ҷиддӣ ба истифода дода шуда, тибқи нишондод солҳои пеш аз тарафи мардуми деҳа ба таври ҳашар сохта шудааст ва дар айни замон ба талаботи санитарӣ гигиенӣ ҷавобгӯ нест. Вақте мо аз сардухтур хулосаи пойгоҳи санитарии эпидемологиро пурсон шудем, мавсуф изҳор дошт, ки то ҳол на аз тарафи кормандони тандурустии вилоятӣ , на ноҳия ва на пойгоҳи санитарии эпидемологӣ касе оид ба мувофиқ будан ва ё набудани бинои мазкур ба маркази дилшиносӣ хулосабарорӣ накардааст.
    Магар як маркази байниноҳиявии дишиносӣ бе хулосаи пойгоҳи санитарии эпидемологӣ фаъолият карда метавонад?
    Мавҷудияти чунин як маркази байниноҳиявии дилшиносӣ, ки ба зиёда аз 400 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст, ба назар чун як фиреби маҳз менамояд. Зеро марказ оддитарин шароити муоинаро барои беморон надорад. Масалан барои ташхиси бемориҳои дилу рагҳои хунгард дастгоҳи диагностики ЭХОКТ зарур аст, ки марказ чунин дастгоҳро надорад ва соҳиби беморонро зарур меояд, ки беморони худро ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе баранд. Ҳол он ки аксари беморони кардиологӣ зарурияти ташхисоти эхокардиологиро доранд.
    Ҳеҷ як ҳуҷра вентиляция надорад, азин рӯ намнокӣ дар ҳуҷраҳо аз меъёр зиёд буда, боиси вазниншавии ҳолати беморон ва корозияи таҷҳизот мегардад. Дар чунин вазъият ҳатто истифодаи таҷҳизотҳои барқии ЭКГ, дифибрилятор ва ғайра ғайриимкон аст.
    Аз сӯҳбат бо сардухтур маълум шуд, ки бо қувваи кормандони марказ дару девори фурӯрафтаи муассиса қисман таъмир карда шуда, винтелятсияи муваққатӣ гузаронида шудааст. Якчанд ҳуҷраҳо низ аз тарафи худи кормандон таъмирри куллӣ карда шудааст, вале ин ҳама ба талабот ҷавобгӯ нест. Беморхона ҳатто барои қаровулхона, ҷомашӯйхона, кормандони хоҷагӣ, муҳосибот ва ғайра ҷой надорад.
    Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки канализхатсияи бинои марказ кайҳо аз кор баромада, оби он мустақиман ба саҳни беморхона баромада, ба ҷӯй ворид мешавад, ки ин метавонад дар оянда ба атрофиён зиёни ҷиддӣ расонида, боиси пайдоиши бемориҳои гуногун аз ҷумла боиси паҳншавии бемориҳои уфунӣ гардад. Ҳол он ки имконият вуҷуд дорад, ки бо кашидани 2-3 километр қубур канализатсияи мазкур ба канализацияи шаҳр пайваст карда шавад.
    Албатта мавҷудияти маркази мазкур басо хуб ва бомаврид аст, вале ба назари банда дар чунин ҳолате, ки дорад маркази мазкур наметавонад вазъи хизматрасонии кардиологиро дар ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Масчоҳ беҳтар кунад.

    Мӯхтарам Олим Насим Хоҷа!
    Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки андешаҳои худро ҳамчун духтури қалбшинос нисбат ба Маркази дилшиносии байниноҳиявии номбурда баён дошта, сабаби дар чунин вазъ қарор доштани онро шарҳ диҳед. Чаро то ба имрӯз тастгоҳҳои ташхисии зарура ба ин марказ ворид карда нашудаанд? Чаро чунин як маркази байниноҳиявӣ то ҳанӯз аққалан бо як мошини ёрии таъҷилӣ таъмин карда нашудааст? Оё Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон ягон барономаеро барои беҳтар кардани вазъи шифохонаи мазкур ва ба Маркази дилшиносӣ мутобиқ гардонидани он дорад ё не?
    Қаблан барои ҳамкорӣ сипосгузорам.

    Бо эҳтиром, Холиқназар Ҷумъаев
    рузноманигор

  • Салом вазири мухтарам ман омузгор, беморам, маошам барои табобат намерасад. Чи кор кунам. Барои омузгорон ягон имтиез хаст? Бо эхтиром Махсатулло

  • Мухтарам Вазир!
    Ман як нафакахўр аз нохияи Чаббор Расулов хастам. Набирам дар курси сеюми факултети стомотологии Донишгохи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуали ибни Сино тахсил мекунад.
    Мутаассифона, ў ятими кулл аст. Яъне, падару модари ў — писару келинам вафот кардаги аст. Шунидаам, ки касе ятими кулл аст, ў бояд дар донишгох ройгон тахсил намояд. Вале набираам шартномави мехонад. Аз Шумо як хохиш доштам, ки набираамро ба гурухи бучави гузаронед.
    Бо эхтиром, Б.М.

  • Мухтарам Вазир!
    Бисёр хуб мешуд даромад ба назди духтурхо пулаки неву бепул мешуд, химатрасонии духурхо ба беморон пулаки бошад, ба онхо барои чи аз хисоби бучаи давлат маош дода мешавад. Инсоф кани. Хамин масъалаба рушани андозед

  • Салом Мухтарам вазир ба фикрам ба хама маьлум аст ки дар беморхонахо бо мардуми одди муносибати духтурон хеле бад аст,дар шубахои хозразчот агар маблагро хам пурра супори болои ин боз маблаг талаб мекунанд.Аз шумо эхтиромона хохиш мекунем ки ин масаларо дида бароед.

  • Мухтарам вазир! Барои чи нархи маводи дорувори дар дорухонахоро ба танзим намедароред? Аз ин дорухона то дорухонаи дигар як дору фаркияти нархаш аз замин то осмон. Ое намешавад хаминро чидди назорат кард?

  • Салом. Чуноне мо иттилоъ дорем аз ташхис гузаштани навхонадорон яъне домодшавандаю арусшавандаро Хукумат ройгон муайян кардааст. Аз чи сабаб бошад дар Панчакент барои аз ташхис гузаштан 300сомон масраф мешавад?

  • Мухтарам Вазир! Чуноне мо иттилоъ дорем тибки конунгузори дар сохаи тиб табибе,ки ба фурухтани маводи дорувори машгул аст хукуки муоина кардани беморро надорад е баракс муоина кунад хукуки дорухои худашро додан надорад. Дар минтакае,ки ман икомат дорам хамин гуна табибон хастанд. Яъне беморон ба онхо мурочиат мекунанд ва он баъд аз ташхис дорухои худашонро ба бемор мачбур метиянд. Ое ин рафтори онхо дуруст аст?

  • Аввало салом ба кормандони вазорати тандурусти.
    Ман истикоматкунанда нохияи Деваштичи вилояти Сугд мебошам.
    Максади навиштани номаи арзии ман дар он аст ки дар дехае ки мо зиндаги мекунем хамаи мардум ба дехахои хамсоя мераван барои табобатгири .
    Дар метпункти деха як бесаводе хаст ки ончоро бо арзиши як халта картошка монополя кардагиай мо наметавонем ба чои вай ягон табиби дигареро монем ки вай бо халк кор карда тонад саводи тибби дошта бошад.
    Чанд бор мо ба нохия шикоят кардем бефоида чи хеле ки мебинем як копча картошка аз арзу шикятхо мо баланд меистад.
    Чанд бор занони деха шикоят кардан ки табибзан онхоро муолича кунад е табиби пуртачриба кор барад хамаш бефоида .
    Мо метарсем хатто беморон е кудаконро назди он табиб барем.
    Аз шумхон илтимос номаи маро тафтиш кунед бо эхтиром истикоматкунандаи дехаи Качровут Зафар

  • То хамаи шахрвандон ба зидди корупсия якдилона мубориза набаранд вазорат коре карда наметавонад. Маърифати хукукии мардумро бояд боло бардошт.

  • Ассалому алейкум. Холо ман хомиладорам 38 хафта якум фарзанд ва ман албат барои худам пурсу чу кардам ки тавалудхона чанд пул харч мешавад заноне ки тавалуд кардаанд ба ман гуфтанд ки харчи бисёр мекуни бо нагз нигох намекунад агар пили нагз доди нагз агар надошта боши не холо ман шароити пули зиёд додан надорам Вале аз руи донистам тавалуд ройгон аст. Ба ман гуфтан ки то 1500 ё 2000 сомони харчи мешад. Илтимос мактуби маро а этибор гиред ва чавоб дихед ки хамин холат бо ман рух дихат ба кучо ва ки муроҷиат бояд намуд. Ман шароити 1000 ё 2000 сомони харч кардан надорам.

  • Ба маълумоти Шумо шахрванди мухтарам мерасонем,ки тибки санадхову конунхои амалкунанда занхои хамл,ки дар давраи хомиладори бояд дар муассисахои тибби ва е аз тарафи духтурони акушер-генеколог дар махалли зисташон аз ташхиси тибби гузаранд комилан ройгон мебошад. Дуюм давраи таваллуд,ки бояд дар таваллудхонахо гузарад ба гайр аз маводхои доруворие,ки барои бемор зарур аст дигар хамаш ройгон мебошад. Ба гайр аз ин кудакони то яксолае,ки бо бемори дар беморхонахо бистари карда мешаванд новобаста аз намуди бемори тибки Карори 600 ройгон табобат карда мешаванд. Дар сурати риоя нашудани ин талаботхо Шумо метавонед ба Раесати тандурустии вилояти Сугд вокеъ дар шахри Хучанд кучаи Рахмон Набиев мурочиат кунед.

  • Салом ба хама кормандони вазорти тандурусти инчунин ба вазири вазорати тандурусти, мухтарам Олимзода Насим Хоча ман аз шумо эхтиромона хохиш дорам ки ба арзу шикоятхои мо чорае биандешед. Ман зодаи дехаи бобосафоли н. Фархор мебошам, дар дехае ки мо зиндаги мекунем аз маркази нохия 18 километр дур хаст. Ман модари беморе дорам ки мудати солхои зиёд бемори диабети канд аст. Уро хар вакте ба беморхона меборам барои ташхис ба у дорухои зиёде менависанд. дар бунгхои тиббии мо 4 нафар фаъолият мекунад аз онхо ду тояш пиронсоли нафакахур ки боре хам ба ягон бемор сундору намегузаронанд, аз онхо хохиш мекунем ки ба мо кумак кунед онхо мегуян ки мо дигар намебинем чашмхоямон хира шуданд.дар ин деха писари чавон ба хайси сардухтур Одинаев Некруз фаъолият мекунад бесаводе ки хото намашро пурра намедонад.дируз писарамро табаш баланд шуд аз у хохиш кардам ки омада беморамро бин мегуяд ман вакт надорам ба у гуфтам ба кучо мурочиат кунем ба додамон расанд.Мегяд ба кучоеки шикоят мекуни рафта бикун ин кори мо нест.аз шумо эхтиромона хохиш мекунам мухтарам вазир ин халки бечораи моро дасгири кунед.хади хакал бигуйед муошираташонро бо беморон ва бамордорон хуб кунанд. Як сузан доруро мегузаронанд пулашро хамон замон надихи дуюмашро намекунанд дорухое ки боро кудаконе ки кирм доранд аз тарафи давлат меоянд бо нархи гарон мефурушанд.бо эхтиром Хусрав

  • Салом ба хама кормандони вазорати тандурусти ин чунин ба вазири вазорати тандурусти, мухтарам Олимзода Насим Хоча. Ман шикоят дорам аз сардухтури минтакави чамоати дехаи Оббурдон нохияи Мастчох вилояти Сугд Авезова Гулбахор. Рузи 2-юми июнь дар оилаи хешовандонам кудаке ба дуне омад дар хона тавалуд шуд кудак аз сабабе, ки падари кудак набуд дар деха набуд дар хона таввлуд шуд падари кудак рузи 4-ум кудакро бо модараш ба беморхона бурд Авезова Гулбахор сардухтури беморхона модари кудакро хабар гирифт кудакро не ва аз вай справка пурсидаанд ,ки то тавонанд метирка гиранд барои кудак Авезова Г. 160 сомони талаб кардааст. Рузи 5-ум ман бо хамрохии падару модари кудак ба хамон беморхона рафтам то ки фахмам 160 сомони барои чи пурсидааст. Ман аз вай пурсидам справка даркор барои кудак ба ман гуфти, ки карта кушодан даркор баро кудак баьд справка метиям карта 110 сомони мешавад. Ман гуфтам справка инкадар кимат гуфт ин нархоро аз вазорат мемонанд ман аз худам намегум. Ое хамихел хаст дар хакикат не. Дар дигар давлатхо барои кудаке ба дуне мебиед давлат пул метияд. дар точикистон пул мегирад чи? е ин тухмата хаминхели муфтхурхо ба давлат мезананд

  • салом мухтаарам вазир :фарзанди маро инвалид карданд дар беморхона ш душанбе советская 1 :сузонданд афтонданд кудак бемор чи кунем кучо равем. бо шикоят кунам хама чо харидаги суд прокрор шикоят бисер :бо чаноб рахмонов бо шумо дидан мушкил ‘чи кор кунам кучо равам?

  • Салом ман аз н.А .Чоми мехостам ин хохишамро ба вазири тандурусти расонам.Айни хол ман дар курси дуюми факултети фарматсевтии ДМТ тахсил мекунам аз сабаби хатоги дар интихоби ихтисосхо ман бо 329 бал ба ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино нагузаштам ва холо бошад бо шартномаи 10200сом дар ДМТ тахсил дорам. Соли гузашта падару модарам аз бонк карз гирифта шартномаамро супориданд ва то хол ин карзро супоридаистодаанд ва аз сабаби шароити пулиямон нагз нест падарам наметавонад ин шартномаро супорад ва ман ночор мондаам ман хондан мехохам аммо падарам мегуяд шароитам намерасад ба шартнома.падарам мухочир аст дар Россия модарам бошад хонашин. Аз шумо хохиш дорам ин арзи маро ба назар гиред ва агар имконияташ бошад кумак кунет илтимос мекунам мухтарам вазир Олимзода Насим Хоча

  • Мухтарам вазир! Ман аз нохияи Панчакент. Ба маълумоти Шумо мерасонас,ки дар нохияи мо Беморхрнаи Беморихои Сирояти арзи фаъолият дорад ва он аз шуъбахои кудакона,калонсолон ва эхё иборат аст.Дар беморхона аз хама мухимаш оби ошомидани нест,хочатхонаи ифлос дорад ки тамоман холати санртарии бад дорад.Шуъбаи эхё тамоман ба талабот чавобгуй нест,сардухтур кораш факат дар кабинет шиштан.Дар инчо мутахасис тамоман нест хама ба кори худ.Ин бедодгарихоро Шумо вазири мухиарам мумкин гумон накунед лекин ман дар муддати як хафтаеки ончо будам дидам ва фарзандамро аз сабаби набудани шароит дар ончо аз даст додам.Мухтарам вазир якбор худро бачои ман тассавур кунед ва ба ин Авезов Н.Т. фахмонед!!! Пешаки Минатдорам.

  • Ассалому алейкум мухтарам вазир
    Ман Аз шахри Исфара беморхонаи марказии шахри Исфара шароити хело хуб дорад аммо духтуронаш пулаки ба худ нарх мондаги вакти чавоб аз бемор фалон сомон дихед гуфта Танг мекунад харяк одама шароиташ намебардорад пул доданба. Агар инхо ва хамширахо шавкат пул гиран маоиш барои инхо чи лозим хаминро дида бароед.

Leave a Reply