• Бахтовар Сафаров
  • 10.05.2019
  • 7

“Гулӯямро буғӣ карда бо бел заданд” (Видео)

Чаро мақомот ба доди маъюбон намерасанд?

Парвина Мусамирова сокини деҳаи Дониёрқули ҷамоати  Меҳнатободи ноҳияи Кушониён муддати ду моҳ мешавад, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ноҳияи Кушониён, Раёсати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаҳо нисбати  амалҳои зиддиқонунии нозири минтақаи Ҷамоати деҳоти  Меҳнатободи ноҳияи Кушониён майор Нозимов Абдусалом пешниҳод кардааст. Вале бо сабаби маъюб буданаш  ба гуфти ӯ суханҳояшро ба назар нагирифтаанд.

Номбурдашуда бо ду чашми гирён ба студияи Tajikistantimes.com омад ва  аслии воқеаро ба мо  чунин шарҳ дод:

-Рӯзи 12 феврали соли 2019 тахминан соатҳои 14:00 ба манзили истиқоматиамон писарҳои амакиам Азизов Ғаюр ва Азизов Толиб истиқоматкунандагони ноҳияи Вахш мебошанд, бе иҷозат ба қисми замини ҳавлии мо ворид гашта ҳезумхонаи моро оташ заданд. Чун мехоҳанд як порчаи замини мо чор тан маъюбонро гиранд. Вақте ман ҳар дуи онҳоро дар назди ҳезумхонаи алов гирифта истода дидам, шумо чи кор мекунед гуфта хостам аловро хомӯш гардонам. Дар ин вақт писари амакам, Азизов Ғаюр ба маъюбии ман нигоҳ накарда, гулӯямро буғӣ карда лату кӯб намуд ва куртаи танамро пора кард.

Бародари хунхори ӯ Азизов Толиб бошад, ман  Ғаюр нестам, ки ба ту маъюб раҳм кунам гуфта  бо пушти бел ба рӯям зад. Ҳангоми маро лату кӯб карданашон модарам фиғонзанон хабардор шуда ба кумакам омад. Ин ваҳшиёни хунхор ва бераҳмони Худо бехабар дасти модарамро тоб дода ба замин партофтанд. Дар ҳамин вақт Азизов Ғаюр ба нозири минтақавии Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод Нозимов Абдусалом ба тамос шуда телефонашро дар баландгӯяк монд ва  бо овози баланд муроҷиаткунон гуфт: «Биё  мо корро тамом кардем!” Вале дар ҷавоб бошад ин нозири пулхарид кори хуб кардед, ман ҳоло вақт надорам наметавонам  рафтан  гуфт.

Баъди ин ҳодисаи нохуш бо рӯи варам, бини ва дандонҳои шикаста падар ва модарам мани нобиноро ба Шуъбаи милитсия бурданд ва хостем шикоят кунем, вале боз ин майори зархарид баёнотҳои моро гирифта нахост дар он ҷо дар бораи сӯхтори ҳезумхонаамон  чизе нависем ва ҷинояти онҳоро пинҳон мекард. Падарам Мусамиров М  ба нозири минтақа муроҷиаткунон гуфт:

«Фарзандам ва ман маъюби гурӯҳи I-ум ҳастем, аз оилаи камбизоат мебошем, ба мо кӯмак намоед. Инҳо ба хотири як порча замин моро ором намегузоранд. Духтари лахти ҷигарамро имрӯз ба ин аҳвол расонида, амволи хонаамро оташ заданд. Куҷо шуд қонун, ки шумо ба мо камбағалон нигоҳ намекунед? Маъюб шуда назди шумо қонундонҳо гунаҳкор шудем?» Вале нозири дар кори худ содиқ дағалона ба падарам чунин ҷавоб гардонд:

“Ман дигар кор надорам, ба ҳар ҷанҷоли шумо омадан гирам. Агар ҳезумхонаат сӯхта бошад ба ман не, ба Хадамоти оташхомӯшкунӣ  бояд занг мезади ва духтаратро низ ба назди духтур мебурдӣ. Ман табиб нестам, ки духтаратро муолиҷа кунам”, — гуфта моро аз дар  берун намуд. “Тезтар равед ва ба куҷое муроҷиат мекунед кардан гиред, шумо маъюбон ва камбағалонро кадом мақомот гӯш мекунад”. Аҳволи моро намояндаи чашми давлат дида чунин гуфт: “Оиди рафтори ғайриқонунӣ  майори милитсия Нозимов Абдусалом ду маротиба шикоят намудам вале санҷиши ариза аз тарафи  Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон ҳеҷ не ба дасти ман расад, ки нисбати он фидои пулу мол чи чора андешиданд”.

Баъди  бистари шуданам дар беморхона рӯзе тасодуфан дар роҳ бо майори милитсия Нозимов Абдусалом рӯ ба рӯ шудам. Нозимов Абдусалом маро дидан замон дар наздикии терминали мусофиркашии самти шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кушониён чунин гуфт:

«Ҳа, Парвина Мусамирова ҳоло ҳам аз паси ман аризабози дорӣ, охир ман ба ту гуфта будам бисёр аризабозӣ накун, ман дар худи Вазорати корҳои дохила тағо дорам ва дар худи Вазорати корҳои дохила маро дастгирӣ мекунанд ва ин Раёсаташ дар вилояти Хатлон қандашона зананд ба ман ҳеч чиз нагуфтанд. Ҳамин қадар навишти ба ман ҷазо доданд! Ҳеҷ кор аз дасташон намеояд!” Ман ба чунин кормандони низомӣ чи ҷавоб диҳам? Ба ҳоли ман барин  духтари нобино, камбағали бепушту паноҳ ханда карда, маро дар назди одамон масхара мекунӣ!

Мо дар оила 4 нафар маъюб ҳастем, шароити зиндагиамон аз рӯйи нафақае, ки ҳамагӣ 500 сомонӣ аст мегузарад. Мехоҳам нисбати амалҳои писарҳои амакам ва нозири минтақавӣ, ки вазифаи худро аз рӯи қонун ба ҷо наовард, ҷазо дода шавад.  Имрӯз ман он биноие, ки камтар доштам пеши чашмамро пардаи сурх гирифтааст. Баъди шикастани биниам нафаскашиам рӯз то рӯз маро азоб медиҳад.

Таҳияи Бахтовар САФАРОВ,

Ширин ТОҲИРӢ

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Нисо:

    Мур ту барин писари амак номарди харом духтари амак хохарат мешавад! Нозири минтакави туро Худо мезанад! Бовар кун….

  • Anonymous:

    наход чунин одамҳо вучуд.дошта бошанд?ин магар инсонгарист?

  • Белчибек:

    Вой бар ҳоли тоҷикон. Ана аҳвол шарм доред аз тоҷик буданатон. Инҳоро фақат дар мех шинондан даркор.

  • Anonymous:

    Ин ватани азиз аз дасти ана хамин гуна нозирону кормандони бесаводе ки сари вазифа карор доранд ба ин холат гирифтор шудааст.Аллох хору залил гардонад зах,х,окони ин ватан ро.

  • Мастура:

    Бар падари ин хел мардони номард ҳазорҳо бор лаънат. Худо бехабрҳои палид.

  • Я:

    Ёри камбағалон ва маъюбон парвардигорат ғамгин машавед парвардигор рӯзе он шахсоне ки шуморо азият карданд ва таъна доданд бо тағо ҳои дар боло доштанашро мезанад дар урфият мегӯянд ресмони давлат ва Худованд дароз аст.

  • Бандаи Худо:

    Чароги зулми золим то дами махшар намесузад.
    Агар сузад шабе сузад шаби дигар намесузад.
    Ин ду чохил ва золиме, ки яке Гаюр ном дорад ва дигаре Толиб аз Худованд наметарсанд ва фикр мекунанд, ки ин дунё абадист ва ин замине, ки мехоханд аз ин маъюбон гиранд насибашон мекунад.
    Ман ба ин Гаюр, ки маънои номаш богайрат аст гуфтаниям, ки туро садкаи ин ному миллат кунад, ту инсон хам набудаи, ба чохили дуюм гуфтаниям, ки Толиб ин талабкунандаи илмро гуянд ва ту ба чои рахму шафкат ба ин бечорагон зулму ситам мекуни омода бош ки рузе газаби Худованд бар болоят меояд ва Худованд туро аз ин маъюбон дида маъюбтар мегардонад…

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner