• Administrator
  • 06.02.2019
  • 0

Гулмо Қодирова: Маблағи таҳсил дар ДСХ гарон нест!

Айни замон дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат  31 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки бештарашонро шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил медиҳанд. Маблағи шартномаи таҳсили хориҷиён дар донишкада нисбат  ба дигар муассисаҳои олии кишвар камтар аст.  Аз ҳама маблағи баланд 7440 сомонӣ мебошад.

Ин нуктаро 5-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Гулмо Қодирова  дар ҷамъи хабарнигорон иброз дошт.

Номбурда иттилоъ дод, ки соли 2018 олимон ва устодони донишкада дар гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ, таълимӣ фаъол буданд. Дар ин давра 18 монографияи илмӣ, 5 китоби дарсӣ барои муассисаҳои олӣ, 2 китоби дарсӣ барои муассисаҳои миёнаи таълимӣ, 53 дастури методӣ, 451 мақолаи илмӣ ба чоп расиданд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner