• Mardon
  • 14.04.2019
  • 3

Хабари нохуш аз Megafon: хизматрасонии интернет қиммат шуд!

Шаби гузашта муштариёни шабакаи Megafon паёмаки нохушеро дарёфт карданд. Дар паёмак  аз боло рафтани арзиши интернет дар  телефонҳои мобилӣ “мужда” медиҳад.

“Муштарии муҳтарам! Бофармони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон  рақами 31 аз 04.03.2019 ба нархномаи хизматрасониҳои мобилӣ тағйиротҳо ворид гашта, таруфаатон моҳи ҷорӣ иваз мегардад. Муфассалтар дар сомонаи  megafon.tj”.

Зимнан, қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар мавриди афзоиши қиммати интернети мобилӣ бояд ҳанӯз дар охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ амалӣ мешуд. Вале ба далели музокироти ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ иҷрои ин қарор аз рӯзи 13 апрел шурӯъ гардид.

Феълан ду ширкати мобилӣ-Megafon ва Tcell расман муштариёни худро тавассути паёмак аз боло рафтани нархи интернети мобилӣ огоҳ карданд.

Тибқи муқаррароти нав нархи 1 мегабайт интернет бо андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 6,2 дирам ва 1 гигабайн 62 сомонӣ арзиш дорад.Қаблан ин нархнома то 32сомониро ташкил медод.

Ин дар ҳолест, ки Индекси ҷаҳонии санҷиши суръат- Speedtest Global Index Тоҷикистон дар миёни 124кишвари ҷаҳон дар зинаи охирин ҷой гирифтааст.

Тибқи ин гузориш Қазоқистон дар заминаи суръати Интернети мобилӣ дар ҷойи 74,Қирғизистон 94 ва Ӯзбекистон 110 қарор доранд.

Тоҷикистон дар рӯихати кишварҳои дорои интернети аз ҳам суст дар паҳлуи Афғонистон, Ироқ, Алҷазоир ва Венесуэла ҷой гирифтааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Тохир:

    Ягон рохои дигарашро наёфта бошанд хуни халкро неш зада хуранд….Симкорхоро халк аз Давлат мехарад на ин ки ройгон мегиранд.Давлати демократи Тарофаро ширкатхо иваз мекунанд бе ичозати сохиби симкорт…холо он ки дар ин хукук надоранд.Демократи хокимият дар дасти халк аст,на ин ки Халк дар дасти хокимият.

  • Назир:

    Шармандаги! Сурьати сусту нархи хавои. Горати мардум то ба Кай?

  • Anonymous:

    Сад хайф ба Ин давлатдориатон магар шумо намимиред фардо худорро хазор бор шукр ке инсонро Миранда офаридааст сад хайфффф Ин президент пешвои шумо аз заххоку фиравну ххаммаи онхо гузаронед боз як горати м ухочири бечорахои

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner