• Administrator
  • 10.03.2019
  • 127
  • 0

«Халқ овози» 90- сола шуд

Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз куҳансолтарин ҷаридаҳои кишвар, минбари ӯзбекзабонони Тоҷикистон, рӯзномаи «Халқ овози» 90 — сола шуд. Ин рӯзномаи муътабар ҳамқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 90 сол аст ҷодаҳои тайкардаи ноҳамвор, вале пурифтихори кишвари моро инъикос намуда, дар оғӯши худ даҳҳо эҷодкори шуълаварро парвардааст.

«Қизил Тожикистони»-и «Бедории тоҷик»

Пайдоиши нашрияи ӯзбекӣ дар Тоҷикистон ба соли 1926 рост меояд. Маҳз дар ҳамин сол дар дохили рӯзномаи «Бедории тоҷик» замимаи ӯзбекии «Қизил Тожикистони» ба нашр расид. Муҳаққиқи таърихи журналистикаи тоҷик Иброҳим Усмонов мегӯяд, дар ин замима, ки ба муносибати анҷумани якуми Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон баромада буд, ҳуҷҷатҳои анҷумани якуми Шӯроҳо, хабарҳо аз ҳаёти Тоҷикистон чоп шуда буданд. Баъдан, боз ду саҳифаи дигари ӯзбекии «Бедории тоҷик» 6 декабри соли 1926 ва 21 январи 1927 интишор ёфтааст.

«Дар оғози моҳи октябри соли 1928 бошад, ҳукумати ҷумҳурӣ қарор медиҳад, ки ҳамчун иловаи «Тоҷикистони сурх» ҷаридаи «Қизил Тожикистон» дар ним ҳаҷми он ташкил карда шавад. Ҳамин тавр, аз 8 октябри соли 1928 ин илова мунтазам нашр мешуд.   Муҳаррири «Тоҷикистони сурх» дар як вақт муҳаррири «Қизил Тожикистони» ҳам ҳисоб меёфт. То ташкилшавии ҶШС Тоҷикистон ин рӯзнома 18 шумора чоп шуд ва баъд ҳамчун органи ӯзбекии КМ ҲК (б) Тоҷикистон ва КИМ-и ҷумҳурӣ мустақилона мебарояд. Ҳоло рӯзнома таҳти унвони «Халқ овози» чоп мешавад» — мегӯяд, И. Усмонов. 

Роҳи пуршарафи камолот

Моҳи феврали соли 1929 дар заминаи замимаи ӯзбекии «Қизил Тожикистони» рӯзномаи мустақил ба нашр расид, ки нахустин муҳаррири он М. Ҳасанов буд. Албатта, дар ин даврон фаъолияти нашрияҳои ҳизбӣ аз ҷониби ҳукумати вақт зери назорат гирифта шуда, заминаҳои техникӣ ва моддии он таъмин карда мешуд. Бинобар ин, рӯзномаи «Қизил Тожикистони» дар фазои иттилоотии кишвар зуд мақому мартаба пайдо кард. Албатта, барои обрӯ ёфтан неруи зеҳнии рӯзнома, ки аз қаламкашони боистеъдод иборат буданд, мусоидат мекард.

Пас аз М. Ҳасанов ба ин рӯзномаи муътабар  К. Тереғулов, Н. Деҳқонов, С.  Б. Ғафуров, Т. Ҳайитов, Муҳаммад Муродов, Ҳ. Гадоев, Ҳоҷӣ Содиқ, М. Баҳриддинов, М. Солиев, Т. Ҷӯрабоев, А. Аҳмадалиев. И. Муҳсинов ва Ҳ. Ҷӯраев сарварӣ намуданд.

«Қизил Тожикистони» нахуст бо ҳуруфи арабӣ, баъдан бо ҳуруфи лотинӣ нашр мешуд. Аз соли 1940 бошад, бо алифбои кириллӣ ба табъ мерасад.

Соли 1955 рӯзнома унвони «Совет Тожикистони» («Тоҷикистони советӣ»)-ро гирифт ва то соли 1992 бо ин ном фаъолият кард.

Рӯзнома 17 октябри соли 1963 ба муносибати 100 ҳазорумин шумораи худ бо ордени «Байрақи Сурхи меҳнат»-и Президиуми Шӯрои Олии СССР мукофотонида мешавад.

Солҳои 80-уми асри гузашта давраи гулгулшукуфии рӯзнома буд. Маҳз дар ҳамин давра даврияти нашри он зиёд шуда,  тиражи он ба 100 ҳазор мерасад.

Бобоҷон Ғафуров – сармуҳаррири рӯзномаи ӯзбекӣ

Чӣ тавре дар боло ишора шуд, «Халқ овози» дар тарбияи як идда эҷодкорони шӯълавар ҳамчун мактаби бузурги ҳаёт ва эҷодиёт хизмат кардааст.  Аз ҷумла Қаҳрамони Тоҷикистон, академик  Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих Ҳамид Гадоев ва нависандаи маъруф Ҳоҷӣ Содиқ таҷрибаҳои нахустини роҳбарӣ ва ҷамъиятчигиро дар ин рӯзнома омӯхтаанд.

Шоиру нависандагони ӯзбекзабони маъруфи кишвари мо, аз қабили  Аширмат Назаров, Ӯлмас Ҷамол, Сулаймон Эрматов, Ҷамолиддин Тошматов, Аскар Маҳкам,  Абдулло Зуҳур ва дагарон парвардагони мактаби «Халқ овози» ҳастанд.

Дар мавриди фаъолияти аллома Бобоҷон Ғафуров дар ин нашрия аз мақолаи доктори илмҳои таърих, собиқ сармуҳаррири «Совет Тожикистони» Ҳамид Гадоев иқтибос меоварем, ки моҳи марти соли 1979 ба муносибати 50 — солагии рӯзнома дар шумораи ҷашнии «Совет Тожикистони» ба нашр расидааст:

«Бобоҷон Ғафуров соли 1922 узви комсомол шуда, қадамҳои аввалини эҷодии худро ҳамчун мухбири коргару деҳқон дар рӯзномаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо навиштани маводҳои гуногун, махсусан бо мақолаҳои танқидӣ оғоз намуда буд. Мақолаҳои ӯ дар бораи ошкор намудани душманони ҳаёти нав, озодии занон дар рӯзмнома ва маҷаллаҳо бо имзои «Бобоҷон Чӯлоқ» ба нашр мерасид.

Барои академики оянда Бобоҷон Ғафуров идораи рӯзномаи «Қизил Тожикистон» мактаби эҷодӣ шуд. Моҳи апрели соли 1930 Комитети Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуровро дар ҳамин рӯзнома мудири шуъба таъин намуд. Ӯ дар ин ҷо кори зиёдро ба анҷом расонид. Ва дар муддати кӯтоҳ ба вазифаи ҷонишини сармуҳаррир расид. Дар соли 1931 аз тарафи идораи рӯзнома ба Донишкадаи умумииттифоқии журналистон фиристонида шуд. Баъди хатми донишкада Бобоҷон Ғафуров ба рӯзномаи «Қизил Тожикистон» баргашт. Аввал ҳамчун ҷонишини сармуҳаррир ва баъдан дар вазифаи сармуҳаррир он фаъолият намуд. Соли 1936 аз идораи рӯзнома ба кори роҳбарӣ дар Комитети Марказии ҲК Тоҷикистон гузашт. Ҳаёти минбаъдаи Б. Ғафуров ба кори ҳизб, баъдан ба илм пайваст. Аммо ӯ журналистикаро тарк накард».

Овози ӯзбекони Тоҷикистон

Соли 1992 пас аз соҳибистиқололии кишвар рӯзномаи «Совет Тожикистони» ба «Халқ овози» табдили ном кард, аммо ба мушкилоти молӣ гирифтор шуд. Ҳатто дар ҳамин сол рӯзнома ҳамагӣ 9 шумора ба табъ расид. Гурӯҳи эҷодии рӯзнома пароканда шуда, он қариб ба нестӣ расида буд. Аммо бо ташаббуси бевоситаи   Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Рамҳон  «Халқ овози» мақоми нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт. Маҳз ҳамин боиси ривоҷу равнақи дигарбораи «Халқ овози» шуд. Айни замон рӯзномаи ҳафтае як маротиба мунтазам ба нашр расида,  ба он журналисти шинохта Ёқубҷон Абдуманнонзода сарварӣ мекунад.  

Журналистони шинохтаи ӯзбекзабони кишвар Эркин Шукуров, Искандар Маҳмадалиев, Абдулло Саидов, Абдуҳафиз Мирзааҳмедов, Урунбой Усмонов, Гулфинур Аюпова, Зуҳриддин Умаров  ва дигарон баҳри шукуфтани сафҳаҳои он талош меварзанд.  Имрӯз «Халқ овози» дар инъикоси  ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи калон дорад.  

Ҳайати мушовара ва  эҷодии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аҳли  эҷодии рӯзномаи «Халқ овози»-ро ба ин санаи муборак табрик гуфта, орзу менамоянд, ки 910 соли дигар рӯзнома ба мардум хизмат кунад.

О. НОЗИР

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.