Ханда дар садамаи нақлиётӣ вафот кард?

Рози ситораҳо, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Даричаи ошноӣ:

Ному насаб: Ханда Сорал.

Санаи таваллуд: 2-юми феврали 1987.

Макони таваллуд: Бурса, Туркия.

Мучал: Далв.

Қад 1,75.

Касб-ҳунарпешаи синамо ва психолог.

Оилаи ҳунарзо

Ҳунарпешаи бомаҳорат ва зебою ширинрӯй Ханда Сорал 2-юми феврали 1987 дар шаҳри Бурсаи Туркия ба дунё омадааст. Падараш аз Македония, модараш бошад зодаи Болгария аст, вале бо амри тақдир баъди издивоҷ намуданашон онҳо ба Туркия ба муҳоҷирати меҳнатӣ омада, ин кишварро макони зисти доимии худ ихтиёр намуданд. Ханда дар оила фарзанди дуюм буда, бародари калониаш Бодирхон ва хоҳараш Бенсу Сорал низ мисли худаш санъаткор ва актёр ҳастанд.  Дар Туркия Бодирхон ва Бенсу мухлисони худро дошта бошанд ҳам, берун аз марз шуҳрат наёфтаанд.


Психолог актриса шуд?!

Маълумоти миёнаро Ханда дар колеҷи Бурса гирифта, баъдан ба факултети психологии донишгоҳи Истамбул дохил шудааст. Ҳанӯз аз давраи дар донишгоҳ таҳсил карданаш Ханда хуб медонист, ки ҳеҷ гоҳ психолог намешавад, аммо маълумоти олии психологӣ ба ӯ барои актрисаи хуб шудан зарур буд. Ханда ҳис мекард, ки актёр ё актриса агар психологияро нағз надонад, образҳои боварибахш ва пуртаъсир офарида наметавонад, аз ҳамин хотир ба факултаи психология дохил шуд, то ки нозукиҳои ин соҳаро омӯзад. Дар баробари таҳсил дар донишгоҳ ӯ ба курсҳои омӯзиши актёрӣ мегирифт, дарси рақс мегирифт ва дар спектаклҳои кӯдакона нақш мебозид. Тамошобинони хурдсол ин зебосанами чеҳрахандон ва нисбати кӯдакон меҳрубонро бисёр дӯст медоштанд. Ханда метавонист тамоми ҳаёташро пурра ба намоишҳои кӯдакона бахшида, як умр нақши харгӯшак ё рӯбоҳакро бозӣ кунад, аммо як тасодуфи тақдирсоз ӯро чунон машҳур кард, ки…

5 дақиқаи тақдирсоз

Боре барандаи машҳур Толга Чивики Хандаро ба шоу-барномаи телевизионаш таклиф кард. Аз рӯйи сенарияи барнома Ханда бояд ҳамагӣ 5 дақиқа баромад мекард, вале аҳли толор ин духтараки хандонрӯйро чунон дӯст доштанд, ки 45 дақиқаи расо ӯро аз саҳна рафтан намонданд. Истиқболи гарми мардум аз ин ҷавондухтари зебою ҳунарманди хушчақчақ продюсер Фират Парлакро ба ваҷд овард. Дар симои Ханда актрисаи машҳури ояндаро дида, Палакт Хандаро ба ҳамкорӣ даъват намуд.


Духтари баномус

Аввалин нақши худро Ханда дар сериали телевизионии “Панҷхоҳарон” бозидааст. Ин филм на танҳо дар Туркия, балки дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистони мо низ машҳур гашта, тамошобинони зиёде пайдо кард. Дар сериали  “Панҷхоҳарон” Ханда нақши хоҳари дуюм-Армуғонро мебозад. Пас аз марги хоҳарбузургаш сарварии оила бар дӯши Армуғон афтида, азобу уқубатҳои зиёде мекашад. Дар ин сериал Ханда нақши духтараки камбағалеро офаридааст, ки нони хӯрдан надошта бошад ҳам, ғурури баланд дорад ва иффату нангу номусро аз ҳама чиз боло медонад. Хоҳаронаш дод аз дасти камбағалӣ гӯён ба шикори мардони пулдор мебароянд, вале Армуғон ҳаргиз шарафу номуси худро намефурӯшад. Вай мисли чатр хоҳари хурдиашро, ки сахт бемор аст аз тамоми боду боронҳои зиндагӣ ҳифз намуда, табобат мекунад. Дар фарҷоми филм Армуғони покдил ва покдомон бо сари баланд ба ҷавони дӯстдоштааш Узгур ба шавҳар баромада, хушбахт мешавад.

Дар ҳалқаи ситораҳо

Нақши Армуғон ба Ханда шуҳрату маҳбубияти беандоза оварда, роҳи ӯро ба олами зебо, вале пур аз тазоду рақобати синамо калон кушод. Пас аз ин сериал ӯро ба филми машҳури “Королёк птичка певчая” даъват намуданд. Дар ин сериал Ханда ба ҳалқаи ситораҳои машҳуртарини синамои турк афтид. Ҳамбозиҳои ӯ дар ин филм ҷавонҳои мисли худаш навкор, не, ҳунармандони таҷрибадоре амсоли Фахрия Эвҷент ва Бурак Озчивит буданд, ки ҳар касро писанд намекарданд, аммо Ханда нақшашро олиҷаноб бозида, исбот намуд, ки дар саҳна вай аз ин ситораҳои синамо заррае монданӣ надорад. Ҳамин буд, ки баъди ин филм ӯро ба сериали таърихии “Фотеҳ” даъват намуданд.


“Асри тилло” –филме, ки бахт меорад

Мучали Ханда далв буда, ба толеъномаву пешгӯиҳои астрологӣ эътиқоди зиёд дорад. Ӯ аз ҳар ҷавоне, ки ба вай ошиқи зор шуда, пешниҳоди хонадоршавӣ мекард, мучалашро пурсон мешуд, то фаҳмад, ки феълу хӯяшон бо ҳамдигар рост меояд ё не. Сабаби ба масъалаи хонадоршавӣ ин қадар эҳтиёткорона муносибат намудани Ханда шикасти бахти аввалаш буд. Замоне аз як нигоҳ ба ҳунарманди машҳур Окан Ялабик, ки дар филми “Асри тиллоӣ” нақши Иброҳим Пошшоро офаридааст, ошиқ шуда, Ханда ба никоҳи ин ҷавонмарди духтарбоз даромад, вале оилаи онҳо дер напоид. Сабабаи ҷудо шуданашонро дар рост наомадани фикру ақидаҳояшон маънидод карда, вай мекӯшид, ки дубора дар интихоби бахт хато накунад. Талошҳояш барои ёфтани ёри ҳамдил ва ҳамфикр самар доданд. Аҷибаш он аст, ки ин зебосанам бахташро боз аз ҳамон сериали машҳури “Асри тиллоӣ” пайдо карда ба офарандаи нақши Мустафо ба шавҳар баромад.

Ханда ба садама гирифтор шуд?

Сабаби ба ҳаёти ин ҳунарпешаи зебою дилҷӯй таваҷҷуҳ намудани мо овозае гӯшхароше буд, ки ҳафтаи охир дар бораи Ханда Сорал паҳн гашт. Даҳҳо хонандагони ҳафтанома ба идораи “Оила” занг зада, зинда ё мурда будани ин зебосанами машҳур ва дилкашро пурсон мешуданд, зеро дар шаҳр ҳангома паҳн гашта буд, ки гӯё актрисаи турк Ханда Сорал ҳангоми ба истироҳатгоҳ рафтан ба садама гирифтор шуда, ҷо ба ҷо мурдааст. Мо ба чандин сомонаҳои туркӣ ворид гаштем, вале дар ягон сомона тасдиқи ин хабарро наёфтем, аз ин рӯ, ба мухлисони Ханда гуфтанием, ки ташвиш накашанд. Актрисаи дӯстдоштаи шумо ба ягон хел садама гирифтор нашудааст ва зиндагии хушу хурсандона бурда истодааст. Рӯзҳои наздик Хандаи мисли офтобак чеҳрахандонро дар филми нави ошиқона хоҳед дид.

Шаҳло Ниёзова

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply