• Бахтовар Сафаров
  • 12.03.2019
  • 3

«Харбузаи» пук: Ин гунаашро дар Ҳисор «мепарваранд»

Назар ба суханрониҳо ва ваъдаҳои роҳбарон «Харбуза» ҳамчун иншооти фарҳангию фароғатӣ бояд мояи ифтихори мардуми Ҳисор ва  миллат мегардид. Аммо…

Вақте ки ба бинои «Харбуза» даромадем, аксулсадои қадамҳоямон моро ба ҳайрат овард. Он чунон воҳимаангез ба гӯшҳо мерасид, ки гӯё  ягон филми даҳшатангезро медида бошем. Аммо ин ҳол дар кинотеатр нею дар  «Чойхонаи миллӣ»-и Ҳисор бо номи «Харбуза» ҳукмфармост. Ҳамон чойхонаи машҳури харбузашакл. Он тамоман холӣ набуд, балки  макони тортанаку анкабуд гардидааст. Пеши назарам  рӯзҳои Ҷашни 3000-солагии шаҳри Ҳисор омад, ки лентаи ин иншооти аҷибсохтро Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор бурида буданд.

Моҳе қабл тӯи дугонаам шуду маро даъват намуд. Домод ҳаваси зиёд доштаасту арӯс ва дугонаҳои арӯсро ба сайругашти маконҳои дилкаши шаҳри Ҳисор даъват намуд. Мо Қалъаи бостонии Ҳисорро дидем, дар гулгаштҳои шаҳр чарх задем ва охир   ба бинои пурҳашамати Чойхонаи миллии «Харбуза», ки  дар Осиёи Миёна назир надорад,  омадем. Ба ростӣ, ки шавқу  ҳаваси зиёди аз наздик дидани «Харбуза»-ро доштем.  Моро дар даромадгоҳаш як марди қариб 40- сола, ки дар курсие нишаста буд, «хуш омадед»-гӯён пешвоз гирифт ва барои ин аз ҳар нафарамон 2 сомонӣ гирифт. Баробари даромадан, даҳонамон воз монд: ин қадар бинои зебо, боҳашамат! Хаёлам гулкориву ороишоте, ки дар тани деворҳои ин бино эҷод намудаанд, ки мислашро дунё надидааст! Вале баъди ба дохили «Харбуза» даромадан гӯё бо як мижа задан тамоми он дунёи афсонавие, ки беруни бино дар хайёли мо нақш баста буд, ба боди фано рафт! Ин бинои харбузашакли зеборо дарунаш тамоман холӣ  буд. Овозамон, гӯё дар дарае бошем, акси садо медод.  Ошёни якум мисли бинои одӣ гирдшаклу ошёнаи дуюмаш шакли харбузаро дорад. Вале дохили харбуза ҳам холӣ буд. Дар фарши ошёна  паласи сабз партофта шуда буду ду дарвозаи хурдакаки футболбозӣ гузошта шуда буд. Маълум, ки бинои бесоҳиб ба майдончаи футболбозии кӯдакон табдил ёфтааст. 

Фикри он, ки чаро ин чунин бинои боҳашамат имрӯз ҳайрону зор мондааст,  оромам намегузошт. Наход касе пайдо нашавад, ки онро истифода барад?  Барои ҷавоб ёфтан ба ин савол ва дигар саволҳо боз ҷониби «Харбуза»-и бесоҳиб рафтам. Ин дафъа нигоҳбон иваз шудаасту нархи даромад ба  5 сомонӣ дакка хӯрдааст. Ба фикрам, ин ҳам ба қурби доллар вобастагӣ дорад. Як бори дигар аз зебогиҳои бино лаззат бурдам. Аз «Харбуза» баромадаму аз нигаҳбон пурсидам, ки замони нав ба истифода додани иншоот дар ошёнаи якум тарабхона дошт? Мақсад доштанд, ки дар ошёнаи дуюмаш маркази савдо бикшоянд, баъд  чӣ шуд? Нигоҳбон оҳи чуқур кашид ва нақл кард:

-Э, хоҳар, напурс. Тарабхонае, ки  «Харбуза» дошт, дар Тоҷикистон камназир буд. Мо дар сатҳи Аврупо ба меҳмононамон хизмат мерасондем. Аммо роҳбари тарабхонаро кормандони андоз тез-тез «хабар мегирифтанд». Бечора раис ба ҷон омаду тарабхонаи бо меҳнат ободкардаашро партофта рафт. Мизу  курсиҳоро  ба як маърака ба Роғун   бурда,  дигар наоварданд. Дигар ҳеҷ касе ҷуръати  дар ин ҷо мағоза ва ё маркази хизматрасонӣ кушодан накарда истодааст.

Чойхонаи миллии «Харбуза»-ро  27 октябри соли 2015  ба муносибати 3000-солагии шаҳри Ҳисор сохта, ба истифода дода буданд. Ба муносибати ин ҷашни фархунда чанд иншоот, аз ҷумла «Чойхонаи миллӣ» бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳ  гардида буд. Сохтмони он сентябри соли 2014 шурӯъ шуда, 43 метр баландӣ, беш аз 100 метр дарозӣ ва 55 метр паҳноӣ дорад.

Замони нав ба фаъолият шурӯъ намудани  «Харбуза» ба воситаҳои ахбори омма маълумот дода шуда буд, ки  дар ошёнаи якум дар 1600 метри мураббаъ толори дорои беш аз 1000 ҷойи нишаст, 2 утоқи корӣ барои кормандон ва дастаҳои ҳунарӣ, 5 ошхонаи муосир бо технологияи ҳозиразамони аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бепартов ба хизматрасонии мардум омодаанд. Толори асосӣ бо масоҳати беш аз 2 ҳазор метри мураббаъ бо 1300 ҷойи нишаст, долони барҳаво ва дигар шароити замонавии хизматрасонӣ дар қабати дуюми бино, ки шакли харбузаро дорад, ҷойгир шудааст. Бо бунёди ин нуқтаи муосири хизматрасонӣ барои қариб 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд. Чойхонаи миллӣ дар масоҳати 4,5 га сохта шуда, гирду атрофи он бо навъҳои гуногуни гулу буттаҳо ва ниҳолҳои ороишӣ оро ёфтааст.  Айни замон аз ҳамаи ин танҳо арчаҳо ба назар мерасад. Он вақт ҳамагӣ ба хубӣ ёд доранд, ки тамоми раисони ноҳияю вилоятҳои кишвар ба меҳмонӣ даъват шуда, аз шакли ғайриодии чойхона дидан намуда буданд. Ҳатто Президенти кишвар дастур дода буд, ки дар дигар минтақаҳо низ чунин иншоотҳои шаклаш ҷолиб сохта шавад. Ин ҳам ҳусни шаҳрро зебо мекунаду ҳам сайёҳонро ҷалб менамояд.

Ба гуфти нигаҳбонони иншооти мазкур, раиси он ният дошт, ки аз даромадҳои иншоот истироҳатгоҳу гулгаштгоҳҳо, чархофалаку арғунчакҳоро бунёд кунад, аммо… 

Аммо маълум мешавад, ки бо ин гуна муносибати қанду фанд на танҳо каду, ҳатто харбуза ҳам пук мешудааст. «Харбуза» -е, ки «деҳқонбобо»  миллионҳо сомонӣ харҷ намуда «шинондааст» ва барои «пухта расиданаш» бояд зиёда аз 100 нафари дигар парваришаш менамуданд, имрӯз пук баромадааст. Бо ин амал киро фиреб медиҳем?

Саодат Розиқзода,

«Тоҷикистон»

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Бону:

    охир сохибкорон хаминро бо як азобу машакат сохтаанд пас чаро истифода намекунанд? хаминро агар ичозат диханд ки сохибкорон ичора гирифта кор фармоянд бовари дорам обод мешавад. Об аз боло лой аст. МАнсабдорон ичозат намедиханд…

  • Парвиз Назаров:

    http://www.president.tj/node/10223
    Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти сершумори ҷашнӣ ба ин мулки зарнисор ташриф овард.
    Роҳбарият ва намояндагони сершумори мардуми шукргузори Ҳисори шодмон Сарвари давлат ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти олӣ истиқбол гирифта, аз бунёдкорию созандагие, ки тайи 2 соли охир боиси ободонию шукуфоии бесобиқаи ин мулки бостонӣ гардид, арзи сипосу қадрдонӣ карданд.
    Дар доираи таҷлили ҷашни 3000 – солагии Ҳисори шодмон, дар ҳудуди ин ноҳияи бостонӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама чойхонаи ғайриоддӣ ва боҳашамати миллиро ифтитоҳ намуд, ки аз ҷиҳати услубу шакл дар миқёси олам ҳамто надорад.
    Корҳои сохтмонӣ ба ифтихори таҷлили сазовори 3-юмин ҳазорсолаи Ҳисор дар ин мавзеъ моҳи сентябри соли 2014-ум оғоз гардида, дар рафти тадбирҳои бунёдӣ сараввал 250 бинокори маҳаллӣ ва бо ривоҷ ёфтани корҳои сохтмонӣ то имрӯз беш аз 650 нафар ба шуғл фаро гирифта шудаанд.

    Бинои боҳашамат ва ғайриоддии Чойхонаи миллӣ дар асоси фармоиш ва фаъолияти Корпоратсияи Баракат, аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Шаҳрофар тарҳрезӣ гардида, дар муддати кӯтоҳ бунёд гардид.
    Чойхонаи миллӣ, ки аз рӯи услуби хоси меъморӣ бо риояи анъанаҳои бостонии шаҳрсозӣ дар шакли харбуза сохта шудааст, 43 метр баландӣ, беш аз 100 метр дарозӣ ва 55 метр паҳноӣ дорад.
    Дар заминаи ин лоиҳаи ғайриоддии сохтмонӣ, дар ошёнаи якум бо 1600 метри мураббаъ толор дорои беш аз 1000 ҷойи нишаст, 2 утоқи корӣ барои кормандон ва дастаҳои ҳунарӣ, 5 ошхонаи муосир бо технологияи ҳозиразамони аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бепартов бунёд шудааст.
    Толори асосӣ бо масоҳати беш аз 2 ҳазор метри мураббаъ бо 1300 ҷойи нишаст, долони барҳаво ва дигар шароити замонавии хизматрасонӣ дар қабати дуюми бино, ки шакли харбузаро дорад, ҷойгир шудааст.
    Бо бунёди ин нуқтаи муосири хизматрасонӣ барои қариб 100 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.
    Дар асоси тарҳи ғайриоддӣ, ки бо такя ба унсурҳои хоси меъмории миллӣ амалӣ гардидааст, тамоми маводи сохтмонӣ ва ороишӣ аз ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, бинои асосӣ ба шакли харбуза бунёд шудааст.
    Ин Чойхонаи миллӣ дар масоҳати 4,5 га сохта шуда, гирду атрофи он бо намудҳои гуногуни ниҳолҳои ороишӣ ва навъҳои мухталифи гулу буттаҳо оро ёфтааст.
    Оянда дар ҳудуди 22 гектари атрофи ин чойхона ҳамчунин боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд хоҳад ёфт.

  • Бобои Исфараги:

    Ин хел иншоотхо дар саро сари мамлакат бешумор хастанд, ки баьд аз ба истифода доданашон дигар аз фикри хама меравад. Ачоиби кор дар он аст, то Президенти мамлакат омада иншоотро кушодан, хама аз пушти омодаги, хамон руз иншоот ба истифода дода шавад, аз пагох валангор шави огоз меебад. Ин ба чашми сарвари давлат хок пушиданасту халос…

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner