• Бахтовар Сафаров
  • 27.02.2019
  • 224
  • 0

Хатари “буҳрони ақлҳо”

Ҳоло Google ба истилоҳ, ба як “донишномаи муфт” табдил ёфтааст, ки ҳар нафари дуюм дар ҷустуҷӯи ҷавоби худ ба он муроҷиат мекунад. Имрӯз дар Тоҷикистон Google  ба ҷойи китоб, устод ва рӯҳонӣ хизмат мекунад.

Ин раванд натиҷаи нигаронкунандаро метавонад дар ҷомеа ба бор орад. Чун агар ҳама, алалхусус ҷавонон, ба ин сарчашмаи маълумотии муфт эътимод зоҳир кунанд ва аз паси он кору зиндагиашонро ба роҳ монанд, пас хатари “буҳрони ақлҳо” ҷомеаро таҳдид мекунад.

Насли имрӯз эътимодашон ба интернет нисбат ба китоб, устод ва рӯҳонӣ садҳо маротиба зиёд аст. Ин низ сабаб дорад, инсон наметавонад дар ҳама ҳолат дастрасӣ ба китоб, устод ва рӯҳонӣ дошта бошад, аммо ба интернет метавонад дастрас бошад. Дар ҳама ҳолат маводи лозимаро дар Google ҷустуҷӯ дода, пас аз сонияе дастраси он мегардад. Аммо аз ҳад зиёд истифода бурдани манбаъҳои беэътимоди интернет аз як тараф агар ба тафаккури миллат рахна ворид кунад, аз ҷониби дигар наслро танбал ва тайёрхӯр мекунад.

Дигар замоне фаро мерасад, ки ҳама чиз нусхабардорӣ мешаванд: кори мустақилона, кори курсӣ, кори илмӣ, рисолаи номзадӣ, рисолаи докторӣ, мақола ва амсоли моликияти зеҳнии шахс, аммо ин хатарро ҷомеа дер дарк мекунад. Имрӯз агарчанде ба муқобили асардуздӣ барномаи “Антиплагиат”-ро фаъол карда бошанд ҳам, аммо он низ дар дасти инсонҳост ва барои манфиати молии худ метавонанд истифода баранд. Аммо агар ин барнома фоида накунад, пас илми тоҷикро буҳроне таҳдид дорад, ки пояи онро минбаъд “насли нусхабардор” ва решаашро Google ташкил медиҳад.

Ин хатарҳоро наметавон нодида гирифт ва пеши роҳи онро бо бастани шабакаи интернет натавон гирифт. Танҳо насли навро бояд ба илм наздик кард ва роҳи дурусти муваффақияти илмиро омӯзонд.

Нуралӣ Карим,

рӯзноманигор

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.