• Бахтовар Сафаров
  • 22.02.2019
  • 0

Хатлон: Боздошти 11 ҳазору 245 кг маҳсулоти бесифат

Кормандони маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Бохтар давоми 12 моҳи соли 2018 барои пешгирии бемориҳои сироятёбии одамон ва ҳайвонот, расонидани хизмати пулакӣ, назорати бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва умуман ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.

Тибқи иттилои Ҳомид Гулмуродов, сардори маркази номбурда дар соли 2018 11 ҳазору 245 кг маҳсулотҳое, ки тибқи хулосаи кормандони озмоишгоҳҳои ташхисӣ бесифат хулосабарорӣ шуда буданд, безарар гардонида шуда, аз фурӯш боздоштаанд.

Номгӯи маҳсулоти аз фурӯш боздошта: гӯшт ва ҳасиб 607 кг, қаймоқ ва чака 210 кг, тухм 2280 дона, меваю сабзавот 6820 кг, равғани растанӣ 394 литр ва полезиҳо 825 кг мебошад. Боиси тазаккур аст, ки маҳсулоти номбаршуда аз бозорҳои ҶДММ “Фаровон” ва ҶДММ “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар мусодира шудаанд.

Яке аз самтҳои фаъолияти кормандони Марказро безараргардонӣ ва эмгузаронии ҳайвоноти хонагӣ ва велгард ташкил менамояд. Аз санаи 1-уми январи соли 2018 то санаи 3-юми январи соли 2019 аз ҷониби кормандони Марказ 658 адад сагҳои дайду безарар гардонида шудааст, мегӯяд Ҳомид Гулмуродов, сардори маркази номбурда.

Дар ин муддат 96 адад сагҳои сокинони ҳудуди шаҳр эмгузаронида шуда, соҳиби шиноснома гаштаанд.

Ҷомӣ ХАЛИФАЕВ,

вилояти Хатлон

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner