Хатлон: Дуздии 140 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ноболиғ

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН, ҲУҚУҚ

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз дуздии ноболиғе иттило медиҳад, ки 140 ҳазор сомонии сокинони шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ва ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар)-ро аз манзили истиқоматиашон ба яғмо бурдааст. Зимни амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷуии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар маълум гардид, ки содиркунандаи ҷинояти пай дар пайи дуздӣ  Уроқов Мизроби 18-сола сокини ноҳияи Ваҳдат ва мувақатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе будааст.

 Тибқи тафтишоти пешакӣ ва иқрори худи Уроқов Мизроб, ӯ дар панҷ ҳолати дуздии маблағу молу мулки сокинони шаҳру ноҳияи болозикр гумонбар дониста мешавад. Мизроб айни замон дар ягон муассисаи таълимии ҷумҳурӣ таҳсил накарда, пайваста ба оворагардӣ машғул будааст. Ба ақидаи модараш Мизроб ягона фарзанди хонадон будааст.

Мувофиқи маълумоти шуъбаи иттилоотӣ соли 2017-ум аз ҷониби кормандони мақомти милитсия бо гумони дуздӣ нисбати номбурда парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Аммо Уроқов Мизроб аз ин кирдори бадаш хулоса набароварда боз такроран дар ҳудуди шаҳри Бохтару ноҳияи Кӯшониён ба дуздии моликияти мардум даст задааст.

-Аз шаҳри Душанбе ба нияти дуздӣ ба шаҳри Бохтар омадам. Дар шаҳр як роҳу илоҷ ёфта ба хонаҳои махкам даромадам, сум гирифтам, тилло гирифтам ва ба ҳамон ҷои даромадагим баромадам. Аз 4-5 хона ҳамин хел дуздӣ кардам. Пеш суд шидагиам-мегӯяд гумонбар.

Ба иттилои мақомот дар моҳҳои март ва апрели соли ҷорӣ Уроқов Мизроб ба манзилҳои истиқматии шаҳрвандон Маҳмудов Абдулазиз, Шоев Дилшод, Алимомова Махфират ва дигарон ворид шуда, мабла-ҳои калони пулӣ, ҷавоҳироти тиллоӣ ва компютеру телефонҳои мобилиро тасаруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Дар маҷмуъ зарари расонидааш ба сокинон 140 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Дар шуъбаи тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар нисбати Уроқов Мизроб бо моддаи 244-и кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷкистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

           Ҷомӣ Саидназарзода


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply