Хатлон: «Ҳӯҷум» -и малахҳо ба замину дарахтон

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

Камии алаф дар кӯҳистон ва талу теппаҳои баъзе ноҳияҳои Хатлон эҳтимоли ҳамлаи малахҳои марокашӣ ба замини кишти сокинонро бештар кардааст. Кишоварзон аз малахи марокашӣ ба унвони ҳашароти зараррасон ном мебаранд, ки дар авоили моҳи март аз хок берун шуда, ба замину дарахтони сабз ҳуҷум мекунад.

Дар Кӯҳи Ҳафттеппа, воқеъ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ин малах ба таври густурда пайдо шудааст. Сокинон мегӯянд, агар мақомот иқдом накунанд ва пеши роҳи малахҳорон нагиранд, ин ҳашарот то 10 рӯзи дигар ба хонаҳои мардум ва киштзорҳо «юриш» хоҳанд бурд


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply