Хислатҳои одамонаи хук

Наход, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

— хук (хубон) боло нигоҳ карда наметавонад;

-баландии фарёди хук то ба  115 детсибел мерасад, ки ин нисбат ба садои тайёраи фавқсадо 3 детсибел зиёд аст;

-дар аксари кишварҳо кормандони гумрукҳо хуконро барои кофтукови маводи мухаддир истифода мебаранд, зеро ҳиcси бӯйгирии хук аз саг беҳтар будааст;

-клапани дили хук барои одам мувофиқ буда,  онро бо клапани дили одам иваз карда метавонанд;
-хукбачаҳо ба мисли кӯдакон бемор мешаванд. Бемориҳои хукҳои калонсол ба касалиҳои одамон монанд буда, бо  доруҳои якхела табобат карда мешаванд;

-пажӯҳишҳо исбот карданд, ки хукҳо ба мисли одамон хоб мебинанд;

-дар Хитой хук рамзи самараноӣ ва мардонагӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ҳайкалчаҳои хукҳоро дар хобгаҳи оилаҳои талабгори фарзанд ҷой медиҳанд.

Таҳияи Эмом АЛӢ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply