Хиёнати Саломат ҳаётамро шикаст

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Падару модарамро дар ёд надорам. Волидонам ҳангоми хурдсол буданам дар давоми як сол пайи ҳам вафот карданду маро, ки фарзанди ягона будам, амакам ба тарбияи худ гирифта, калон кардааст.

Бо вуҷуди лату кӯби фарзандони амак ва таънаю пичинги янгаам дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехондам. Амакам таҳсили хубу аълоямро дида, баъди хатми мактаб маро ба шаҳр оварда, барои дохил шуданам ба яке аз  мактабҳои олӣ мусоидат намуд. Ҳангоми дар курси аввал таҳсил намуданам ба яке аз ҳамсабақонам дил бастам.

Саломат низ нисбати ман беэътино набуд. Дар курси дуюм тамоми

устодону донишҷӯёни донишгоҳамон аз ишқу муҳаббати мо огоҳ

гашта, ҳама бовар доштанд, ки мо оилаи намунавӣ бунёд намуда, хушбахт мешавем. Дар донишгоҳ ҷавони дигаре низ таҳсил мекард, ки ба Саломат ошиқ буд. Дар ин бора ба ман худи Саломат

гуфта буд, аммо ман, ки ба покии ишқамон боварӣ

доштам, ба ин чиз аҳамияти ҷиддӣ намедодам. Вақте ба курси сеюм гузаштем, рафтору кирдори Саломат яку якбора тағйир ёфт. Ӯ аз ман

канораҷӯӣ карда, ба суханонам эътибор намедод. Агар пештар ба

кино таклифаш мекардам, бо хушнудӣ мепазируфт, вале

дигар чунин таклифҳоям барояш хуш набуду таклифамро бо ҳар баҳона рад мекард. Саломат ғайри модари танҳояш касе надошт. Онҳо дар хобгоҳи умумӣ зиндагӣ мекарданд. Ман бо модараш Зайнаб-хола, ки бисёр зани хуб буд, ҳангоми дар курси аввал таҳсил намуданамон шинос шуда будам. Зайнаб-хола маро ҳурмат мекарду аз он ки сағера будам, дилаш бароям месӯхт. Аз тағйирёбии Саломат ғамгин гашта, барои фаҳмидани сабаби дилхунукии дӯстдоштаам ба назди модараш рафтам. Модараш гапамро то охир гӯш карда, сипас китф дарҳам кашида гуфт, ки сабаби чунин рафтори духтарашро намедонад.

Саломат ҳамоно бо ман сарду бегона буд. Баъди ба пеши модараш

рафтанам, ӯ худро хафа вонамуд карда, бо ман тамоман гап намезад. Дилтангу хиҷил мегаштам. Ба дарсҳо диққат намедодагӣ шудам, ҳушу хаёлам ба бемеҳриву сангдилии дӯстдоштаам банд буд.

-Бунёд, як гап мегӯям, хафа намешавӣ?-рӯзе забон хоида, ҳамкурсам Маҳмуд ба ман хабаре расонд, ки аз шуниданаш дилам  ба ларза афтод. Маълум гашт, ки дар давраи таътил ҳангоми ба деҳа рафтани ман, Саломат бо ҷавоне, ки аз пасаш соя барин гашта изҳори муҳаббат мекард, унс гирифтааст.

Гапи Маҳмудро бо сари хам гӯш карда бошам ҳам, тамоми вуҷудамро ларза гирифта буд. Боварам намеомад, ки Саломат болои муҳаббати бузурги дилам пой гузошта бошад.

-Хайр, хафа нашав, духтар кам нест-ку, наход ғайри ҳамон бинифушк дигар касеро пайдо накунӣ, дар охир маро ба таври худаш тасаллӣ дод Маҳмуд.

Ба ҷӯраам ҷавобе надодам, зеро ӯ намедонист, ки “Лайлиро бо чашми Маҷнун дидан лозим аст”. Саломат аз ман пайваста мегурехт. Кӯшиш мекард, ки нигоҳаш ба нигоҳи чашмонам барнахӯрад. Ғурури ман ҳам боло гирифта буду дигар бо вай гап намезадам.

-Бунёд, як бор ба паси ошхонаи донишгоҳ рав, кино мебинӣ,-рӯзе бо писханд як духтари ҳамкурсам, ки бо Саломат дугона буд, ба ман чунин хабар хабар дод. Қувваи ноаёне маро давон-давон паси ошхона бурд. Дар он ҷо Саломатро бо як ҷавони ношинос дар бӯсу канор дидам. -Саломат! –гӯён, дод заданамро нафаҳмида мондам. -Ин фисин боз кист?- мағрурона пурсид ҷавон. -Ин ҳамон сағераи бесоҳибест, ки аз паси ман саг барин поида мегардад,-ҷавоб дод нописандона Саломат… Баъди ҳамон рӯз ба деҳа рафтаму дигар ёди донишгоҳро накардам. Дар омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ хонда, ронанда шудам. Бо гузашти солҳо аз он ки аз пушти як духтари беандеша донишгоҳро партофтам, сахт афсӯс мехӯрам. Кош ҳамон рӯз ба пушти ошхонаи донишгоҳ намерафтам. Кош кӯру кар шуда, кору гапи Саломатро намедидаму намешунидам. Шукрона мекунам, ки имрӯз хонаи обод, зани хуб ва фарзандони солеҳ дорам, вале захми кору сухани Саломат абадан дар қалбам мисли носур мондааст.

Алишер, хонандаи доимии ҳафтаномаи “Оила”


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply