Хизмати беминнат. Аз фаъолияти Маркази хизматрасонии муштариён дар шаҳри Хоруғ

ВМКБ, Помир ENERGY, ТОҶИКИСТОН

Гулҳасан Саидмамадов, директори Марказ

Яке аз барномаҳои муҳимтарине, ки Ширкати “Помир Энерҷӣ”  ҳанӯз дар соли 2009 ба мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба муштариён, кам кардан ва тамоман барҳам додани қарздорӣ аз ҳисоби истифодабарии неруи барқ роҳандозӣ намуд, ин ташкили Маркази хизматрасонии муштариён дар шаҳри Хоруғ мебошад.

Маркази мазкур бо кадрҳои кордону болаёқат, таҷҳизоти зарурии замонавӣ ва нақлиёти мувофиқ пурра таъмин буда, мутахассисони соҳибмаълумот ҳамеша барои хизматрасонӣ омодаанд.

— Маркази хизматрасонии муштариён дар ҷойи барои аҳолӣ мувофиқ, яъне дар шафати бозори марказӣ воқеъ буда, барои омадурафти ҳар як муштарӣ хеле қуллай аст, — мегӯяд директори Марказ Гулҳасан Саидмамадов. — Ба туфайли кушодашавии ин Марказ 58 нафар ҳамдиёрамон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Бо мақсади ҳар чӣ беҳтар таъмин намудани муштариён бо неруи барқ дар фасли зимистон роҳбарияти ширкат ба масоили сарфаҷӯёна истифода намудани неруи барқ чӣ дар ҳудуди истеҳсолии ширкат ва чӣ дар байни муштариён корҳои зиёдеро анҷом дод. Аз ҷумла  лампаҳои тафсон ба лампаҳои каммасраф иваз карда шуданд. Имрӯз дар тамоми биноҳои истеҳсолии ширкат лампаҳои каммасраф истифода бурда мешавад ва аз рӯи ҳисоботҳои пешакӣ аз ин ҳисоб ҳар моҳ тақрибан нисфи неруи барқ сарфа мегардад. Инчунин, кормандони масъули ширкат дар суҳбату вохӯриҳо тавассути васоити ахбори омма ва ҳангоми гузаронидани рейдҳои муштарак ба мардум моҳияти  истифодаи лампаҳои каммасрафро фаҳмонда медиҳанд.

Дар масъалаи истеҳсоли қувваи барқ, бахусус дар системаи ҳисобкунии он дар Ширкати «Помир Энерҷӣ» дар давоми солҳои охир як қатор навигариҳо ба вуқўъ пайвастанд, ки барои ба вуҷуд овардани шаффофияти кулл доир ба ҳисобгирии қувваи барқ мусоидат намуданд. Муҳимтарин навигариҳо ин ҷорикунии системаҳои нави биллингӣ ва ҳисобкунии қувваи барқ (АСКУЭ) мебошанд, ки ба саҳеҳии нишондодҳои онҳо бовар накардан номумкин аст.

Маҳз дар асоси нишондодҳои аниқ муайян гардид, ки солҳои охир истеҳсоли қувваи барқ кам шуда, фурўши он зиёд шуда истодааст. Сабабгори асосии ин раванд васлкунии ҳисобкунакҳои нави электронӣ, пастшавии талафотҳо, истифодабарии лампаҳои каммасраф ва ҳамчунин баландшавии тарифҳои қувваи барқ мебошанд. Пастшавии талафотҳо бошад, ба зиёдшавии ҳаҷми фурўши барқ ва сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ аз тарафи муштариён оварда расонд. Акнун муштариён миқдори муайяни барқро барои эҳтиёҷоти худ истифода мебаранд ва маблағашро сари вақт пардохт карда метавонанд.

Албатта, бо ҷорӣ намудани системаҳои нави ҳисобкунии қувваи барқ ва  биллингӣ ва амалӣ шудани дигар барномаҳои наву хеле муҳим, ба монанди мавриди истифода қарор гирифтани сехҳои нави электромеханикӣ, таъмири трансформаторҳо, насб кардани таҷҳизоти замонавӣ барои баланд бардоштани эътимодияти иншоотҳои муҳимтарини барқӣ ширкат қадами устуворе ба сўи истиқлолияти энергетикӣ ниҳод.

Абдулло Амонбеков 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply