• Бахтовар Сафаров
  • 02.03.2019
  • 0

Холаам маро ВНМО кард

Сағерадухтар

Ман яксола будам, ки падарам олами фониро тарк кард. Аз ҷумлаи  ҳамон ятимаконе будам, ки чӣ будани дарди ятимиро намедонистам. Баъдтар калон шуда, бо чашми сарам ҳар рӯз медидам, ки очаи бечораам бо чӣ душвориҳо зиндагиро пеш мебарад. Мо хориро надидем, чунки модарҷонам зани панҷ панҷааш ҳунар буд ва ҳар кас ба қадри ҳиммати худ ба ӯ чизе медод. Бародаронам ба воя расиданду модари берӯзиям қоматашро андак рост намуд. Бародаронам якҷоя хонаи куҳнаи падариамонро аз нав таъмир карданд ва бо меҳнати ҳалоли худашон зан гирифта, зиндагиашонро алоҳида намуданд. Акаи дуюмам ҳамроҳи оилааш бо модарам монд. Ду апаамро хешовандони  падарам келин карданду навбати мани кенҷадухтар расид..

Акаам намехост, ки…

Духтари калонии холаам Изатмоҳ барои писараш хостгорӣ омаду баъди рафтани меҳмонҳо акаам ба модарам чӣ гуна будани рафтору гуфторашро фаҳмонида, қайд кард, ки сабукпо будани ӯро ҳама медонанд ва дидаю дониста, хоҳарамро ба оташ напартоед…

Модарам аз ин сухани акаам ба ғазаб омада гуфт, ки мегуфтагиҳо  номаъқул кардаанд. Изатмоҳ шавҳару хонаву дари обод дорад. Охир ӯ дар ягон ҷо кор намекунад, аз ҳамин хотир, ҷияни бечораам маҷбур аст, ки худаш аробаи зиндагиашро кашад. Зани коргар, ки ҳаст, мардум аз бекорӣ дар борааш ҳар чӣ гуфта мегарданд,-даст афшонд модарам.

Ин баҳс қариб ду ҳафта давом карда бошад ҳам, модарам ба суханони акаам аҳамият надода: «Ман дар бисотам як апа дорам ва гапи ӯро дар замин намемонам, чунки ҷигар ҷигару дигар дигар аст», — гӯён маро ба писари ҷиянаш фотиҳа кард…

Хушдомани бадахлоқ

Хулоса, тӯй бе розигии акаам гузашт. Зеро чизе наоварданду ҳамаи хароҷоти тӯй аз ҳисоби бародаронам шуд. Шавҳарам Нозир бисёр ҷавони зебо, меҳнатӣ ва боақлу тамиз баромад, вале овозаҳо дар бораи хушдоманам рост баромад. Синну солаш аз 50 гузашта бошад ҳам, то ҳол вай роҳашро давом медод. Шавҳарам ва бародаронаш гапу калочаи ҳаққу ҳамсояҳоро дар бораи модарашон шунаванд ҳам, ҷуръат намекарданд, ки чизе бигӯянд, чунки хушдоманам  аҳли оилаашро дар зери дасти худ гирифта буд.

Келини нав ҳам ӯро аз роҳаш нагардонд

Хушдоманам баъди ду кӯдакдор шудани ман ба писари дуюмаш низ келин овард. Вале ҳеҷ аз бероҳагияш намемонд. Пас аз овардани келини дуюм ба қавли худаш ӯро аз кораш хориҷ кардаанд. Ҳар шаб хушдоманам пасмондаҳои хӯрок ва як халта нонҳои шикастаро ба хона меовард ва назараш замину осмонро намегирифт. Мабодо шавҳар ё писаронаш барои дер омаданаш эрод мегирифтанд, хонаро ба сараш мебардошт, ки барои шиками шумо шуда, то дери шаб ҷон меканам..

Дасти бурида бемориро ҳадяам кард

Боре ҳангоми реза кардани сабзӣ дастамро бурида сахт захмӣ кардам. Баъд аз шустани либосҳои аҳли хонаводаи шавҳарам хушдоманам аз кор баргашт. Вақте маро машғули овезон кардани либосҳо дид, хост помидору бодирингро хӯриш тайёр карда, гуруснагиашро бартараф кунад. Баъди ҳамагӣ ду дақиқа “воҳ мурдаме, келин”, — гӯён садои баланд баровард. Давон ба наздаш рафтам, ки бо корди калон ними нохунашро парондаасту хун ҷорӣ шуда истодааст. Саросема дасташро сахт зер кардам, зеро модарам гуфта буд, ки агар хуни тезмерафтаро бо даст сахт зер кунед, талафоти хун кам мешавад. Ҳамин насиҳати модар дар гӯш ҷои буридашударо фишор дода истодаам, ҳарчанд дастонам пури хун шуда бошад ҳам, вале хунравӣ бас намекард. Дар як коса орд бурдаму ба ҷои буридашуда монда бастаму аз қафои корам рафтам…

«Ҳучбемор»

Пас аз ҳамон ҳолат саломатиам оҳиста-оҳиста бад шудан гирифт. Гоҳ таб мекардаму гоҳи дигар гулӯям бесабаб варам карда, ҷонам ба лабам мерасид. «Зуком шудаӣ», — гӯён хушдоманам ягон доруи одияки зидди зуком оварда медод. Оқибат ҳолам чунон бад шуд, ки дигар аз ҷоям хеста наметавонистам. Модаршӯи ба кӯчагардӣ одаткардаам аз уҳдаи нигоҳубини ду фарзанди ман набаромада, ба писари хурдиаш фармуд, ки маро бо кӯдаконам ба хонаи модарам бурда партояд. «Хешу таборат духтур, канӣ як рафта бин, туро чӣ беморӣ азият медиҳад, — гӯён тавсия доданд. Модарам аҳволамро дида, ба ташвиш афтод ва тахмин намуд, ки домана ё зардпарвин шудаам. Рӯзи дигар бародарам маро ба беморхона бурд. Амакам духтур аст. Вай хуни маро барои ташхис гирифта, рӯзи дигар нобоварона гуфт:

-Азиза, (номи мустаор) бояд як бори дигар хун супорӣ.

Ман се бор такрор ба такрор хун супоридам ва се дафъа ҳам дар хунам вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) -ро ошкор карданд. Амакам ба даҳшат афтода, бародаронамро даъват намуд ва онҳоро аз асли ҳол хабардор намуда гуфт:

-Ин касалӣ асосан ба роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузарад, агар шавҳараш дар ин ҷо мешуд, мегуфтем, ки ӯ бо роҳи бад рафтаасту хоҳарамонро гирифторӣ беморӣ кардааст. Ҳол он ки шавҳрам ду сол боз дар Русия буд. Ҳайрон будам, ки ман аз куҷо сироят ёфта бошам. Бародари калониям  маро дар танҳоӣ пурсид, ки шояд хушдомани сабукпоят туро бо ягон шиносаш пешниҳод накарда бошад. Баъд пурсуҷӯ сар шуд, ки ягон бор дандон кандаам ё не, ба ман хун гузаронидаанд ё не, хунрав шудаам…

Ҳамин тавр тамоми зиндагиамро мисли навори кино аз пеши назар гузаронида ба ёд овардам, ки дасти буридашудаи хушдоманамро, ки захмӣ карда буд, бо  дасти буридашудаи худам аввал зер кардаму баъдан бо орд бастам. Вақте ки инро ба амакам нақл кардам,  гуфт: “Ин тавр бошад, ҳама аҳли оилаи шуморо ташхис намудан лозим аст”.  Ташхис нишон дод, ки дар оилаи мо як не, ду нафар ба ин дарди бедаво гирифторанд-ман ва хушдоманам. Вақте аз хусурам пурсиданд, ки ту бемор будани занатро медонистӣ ё не, дар ҷавоб гуфт, ки занам 10- сол мешавад, ки маро дар ҷогаҳаш роҳ намедиҳад, аз куҷо медонам, ки вай чӣ сиру савдо дорад?!

Табибон фаҳмониданд, ки баъди кумаки аввалия расонидан ба хушдоманатон гирифтори ВНМО шудаам.

Пушаймонии модар

Модарам дигар нагузошт, ки ба хонаи хушдоманам равам, вале Нозирҷон ин хабарро шунида, аз Русия баргашт ва «зани мепартофтагӣ надорам», гӯён маро боз ба хонаашон бурд. Амакам тамоми ҳуҷҷатҳои маро барои гирифтани дорую дармони ройгон тахт кард. Айни замон таҳти табобату назорати табибон қарор дорам. Шавҳарам мудом маро тасаллӣ дода мегӯяд, ки ин қадар ғам нахӯр, илми тиб рӯз то рӯз пеш рафта истодааст, Худо хоҳад, давои ин дардро ҳам меёбанд, вале рӯҳан сахт шикаста, гумон мекунам, ки аҷал чун соя ҳамеша аз пасам мегардад.  Ман ҳамагӣ бисту шаш сол умр дорам ва ҳанӯз аз дунё чизе надидаам. Ба тифлаконам нигариста, дилам хун мешавад, агар ман бимирам, ҳоли онҳо чӣ мешавад?! Тавсияю маслиҳатҳои табибони соҳа маро дубора ба зиндагӣ дилгарм кардааст, бо роҳҳои эминкунандаи вирус зиндагиамонро идома дода, шавҳарам ба ҷонам бечора аст. Вақте суҳбати як мутахассисе, ки дар Амрико фаъолият мекунад, хонда ба зиндагиам нури дубора бахшид ва дар ҳақиқат худро барои ҷомеа бехавф эълон кардаам.

Ба саволи он ки гирифтори ВНМО дошта барои атрофиён бехавф аст ва чаро вируси ин беморӣ то ба охир аз вуҷуди инсон берун намешавад, Ораш Аломӣ, машваратчии калони СММ барои маркази ҷумҳуриявии ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикстон чунин гуфт:

-Бемории ВНМО низ сари вақт муолиҷа кардан самараи хуб медиҳад. Лекин ташвишовар он аст, ки ҳам мардон ва ҳам занон аз  тарс, ки мабодо бемори ВНМО дошта бошам ва маро сабукпой фикр кунанд. Маҳз ин фикрҳо инсонро ба худситмакунонӣ мебарад ва дер ба духтур муроҷиат мекунанд. Масъалаи дигар ин аст, ки агар бемор хӯрдани доруро канда накунад, кафолат ҳаст, ки ӯ шахси бехавф аст. Вале агар аз истеъмоли дору даст кашад, беморӣ дубора авҷ мекунад. Мақсади табобати мо низ дароз кардани умри беморон мебошад. Як нуқтаи муҳимро бояд қайд намоям, ки вақте вирус дар бадан ворид мешавад, масуният ба муқобили вирус мубориза мебарад, вале вирус шаклашро иваз мекунад. Имрӯз дигар сурат дорад ва пагоҳ сураташро тағйир медиҳад. Маҳз иваз кардани шаклаш мушкилии табобатро ба миён меорад. Агар вирус дар як сурат меистод, масунияти бадан онро аз байн мебурд. Тибқи омори Ассотсиатсияи байналмилалии тандурустӣ, дар ҷаҳон  беш аз 42 миллион нафар гирифторони ВНМО буда, ин рақам ҳар рӯз аз 14 то 15 ҳазор зиёд рӯ ба афзоиш дорад. Таҳлилҳои анҷомёфта нишон доданд, ки бештари гирифторшудаҳо  ҷавонони синни то 30-сола мебошанд. Аз соли 2005 дар кишвар ба зидди вируси бемории мазкур маводҳои доругӣ ворид карда шудааст, ки маризон аз тамоми марказҳои ВНМО ройгон дастрас карда метавонанд.

Азиза, сокини ш. Душанбе.

Омодасоз: Маҳинаи Давлат

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner