Хонаи Айнӣ дарашро боз кард

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Дар шаҳри Душанбе бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири арҷ гузоштан ба шахсияти Қаҳрамони Тоҷикистон, нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Айнӣ ва ба муносибати ҷашни 140 – солагии ӯ,   осорхонаи ин адиби бузург барои дўстдоронаш дари худро боз намуд.

Дар таъмиру тармими осорхонаи устод Айнӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ширкати «ТАЛКО» ҳисса гузошта, корҳои таъмиру азнавсозиро дар муҳлати кўтоҳ ба анҷом расониданд.

Дар маросими ифтитоҳи осорхона Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, роҳбарият ва олимони Академияи илмҳо, адибону шоирон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, инчунин наберагони устод Айнӣ ва меҳмонон аз Самарқанду Бухоро ва Федератсияи Россия иштирок доштанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply