Хонаи истиқоматӣ-фоҳишахона

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бино ба маълумоти ВКД, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини кӯчаи Мушфиқии пойтахт ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 25-уми январи соли 2018, тахминан соати 10:30-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамин тариқ, номбурда рӯзи 1-уми феврали соли 2018, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 31-солаи сокини кӯчаи Лоҳутӣ ва зани 22-солаи сокини кӯчаи П.Толиси пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома
дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply