• Бахтовар Сафаров
  • 15.01.2019
  • 0

Хоруғ: ҳуқуқи мусофирон поймол мешавад

Ба таваҷҷуҳи  раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамиров

Имрӯз, чун ҳарвақта дар истгоҳи Чорбоғ, каме дуртар аз роҳчароғи ҷодаи марказӣ қариб як соат мунтазири мусофиркаш нишастам. Ҳар замон ба соати дастӣ нигариста, бо таассуф по ба по мекӯфтам. Аз иштирок дар маҷлиси шӯрои олимони Институти биологии Помир умедамро батамом кандам, зеро ман дар вақти муқарраршуда худро ба ҳеҷ ваҷҳ ба институт намерасондам. Ронандаҳои қариб бист мусофирбари рақами 3 дар истгоҳи расмӣ манъ мекарданд, вале ба саволу пурсиши ман яксон ҷавоб медоданд.

 – Не, не  то Боғи ботаникӣ намеравам.

 Ноилоҷ боз мепурсам: — Охир шумо дар хатсайред. Чаро мусофирро то нуқтаи охир намебаред?

– Мошин аз они худам. Хоҳам мебарам, хоҳам не. Фаҳмидед, ако?!

— Хато кардед бародар. Мошин замоне дар хатсайр аст, моли хусусии шумо нест. Имкони рафтан ба Боғи ботаникӣ надошта бошед, ба хубӣ ба мусофир фаҳмонед. Ё шумо тарзи муоширатро ҳеҷ надидаву нахондаед, — бетоқат шуда дар ҷавоб мегӯям ман.

Мусофири дигаре тарафи маро гирифта, ба ронанда бо зарда гуфт:

— Хафа нашав, бародар. Як чизро шумо — ронандаҳо бояд дар хотир нигоҳ доред. Айни замон шумо дар хизмати мусофиронед, на мардум дар хидмати шумо. Ҳоло агар ҳамаи мо — мусофирон қаҳр карда, мошинатонро тарк кунем, шумо  бе пул мемонед. Бо мардум ҳалимона муносибат карданро ёд гиред.

— Чӣ гуна ман бо як мусофир ба Боғи ботаникӣ равам, дар ҳоле ки масофаи роҳ кариб шаш километр аст. Бо Тангемам танҳо дар маҳаллаҳои сернуфус метавонам равуо кунам. Аз охири маҳаллаи УПД то Боғи ботаникӣ дар роҳ як мусофир ҳам пайдо намешавад. Пули бензин қимат. Мо рӯзгору бачу кач дорем, ака.

Ронандаи ришдор дари мошинро бо қаҳр пӯшида, аз пешам дур шуд. Ба мудири озмоишгоҳ мушкилотро фаҳмонда, барои ҳалли қазия ба идораи Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти ВМКБ раҳсипор мешавам. Дар даромадгоҳи муассиса бо корманди ҳамин идора Зебӣ Мардонаева вомехӯрам. Ҳадафи маро дониста, Зебӣ бо истеҳзо гуфт:  — Мушкилот танҳо дар хатсайри 3 нест. Боре барои коре  бояд ба фурудгоҳ мерафтам. Беш аз ним соат чашм ба роҳи «Тангем»-и 4 мондам. Ронандаҳо ба сӯям бетафовутона менигаристанд, зеро ҳамаи онҳо пур аз мусофир буданд. Билохира,  бо азобе худро ба бозори марказӣ расондам. Танҳо дар он ҷо мусофирбари холие пайдо шуда, мо мусофиронро ба фурудгоҳ расонд. Мусофирон аз ронандаҳои хатсайри 1 ҳам шикоят доранд. Кам андар кам ронандае пайдо мешавад, ки бо як мусофир ба маҳалллаи Султони Валӣ, ки дар Чухтхоруғи болост, равон шавад.

Сардори муассисаи мавсуф Муҳаммадҷон Ширинҷонов маро хуш пазируфт. Чун аз ман мушкилоти роҳу нақлиётро шунид, андешамандона гуфт: — Мушкилот вуҷуд дорад. Ман дар ҷараёни кор ҳастам, вале якбора ва куллан бартараф кардани мушкилот асосан аз сокинони шаҳр вобаста аст. Айни замон танҳо дар Хоруғ мошинҳои мусофирбари чинӣ бо номи «Тангем» дар хизмати мардуманд. Дар дигар шаҳру навоҳӣ ин гуна мошинҳо дар хатсайр мусофир намебаранд. Мошинҳои «Тангем» бисёр каммасрафанд. Шояд ҳамин сабаб бошад, ки аксари мардуми Бадахшон ба «Тангем»-ҳо бештар рағбат доранд. Нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр дар чор хатсайр фаъолият доранд: ҳаштод мошин дар хатсайри 1, ҳаштод дар хатсайри 3, бист мошин дар хатсайри 2 ва бист мошини дигар дар хатсайри 4. Нозирони мо ҳамеша дар коранд. Мутаассифона, қариб дар ҳамаи хатсайрҳо мушкилоти ҳамлу нақли мусофир вуҷуд дорад. Мошини аксари ронандаҳо ба қоидаҳои санитарӣ ҷавобгӯ нестанд. Курсиҳои шалақу пардаҳои чиркини рӯи курсиҳо, бӯи нохуши  сигори дохили солуну мусиқии баланди дилхарош дар аксари мошинҳо мисоли ин гуфтаҳост.

— Чӣ боис шуд, ки ронандаҳо қариб ду дафъа ба эътирозу тазоҳурот даст заданд? — мепурсам аз сардори раёсат.

— Дар риоя накардани волоияти қонун асосан ашхоси шӯрандоз даст доранд. Ошӯбу издиҳом бо кумаки онхо сохта мешавад. Хадамоти мо аз ронандаҳо дархост кард, ки онхо ба ғайр аз литсензия бояд дар мошини худ қуттии доруворӣ, кумаки аввалия, оташхомӯшкунак дошта бошанд. Ба маълумоти сокинон расонда шуд, ки роҳкиро дар ҳудуди шаҳр як сомонӣ ва то истгоҳи ниҳоӣ (охирон) ду сомонӣ аст. Албатта, чунин низоми сахт на ба ҳамаи ронандаҳо мефорад. Аз ин рӯ,  онҳо қонуни мусофирбариро дағалона вайрон мекунанад. Агар ронанда мусофирро то истгоҳи хостааш набарад, пас аз ӯ бояд ҳақ наталабад ё роҳкиро бояд пурра пардохта нашавад. Афсӯс, ки аксари сокинони Хоруғшаҳр аз ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандии худ бехабаранд.

Бо сардор хайрухуш гуфта, ба кор мешитобам. Яқинан, боз як соати дигар ҳайкалвор дар роҳ маътали «Тангем»-и 3 меистам.  Дар дил мегӯям:  — Бо васфи он ки Хоруғ шаҳри калон ҳам набошад, мушкилоташ аз мӯи сар ҳам фаровонтар.  Э кош, зудтар рӯзе шавад, ки сокинони Хоруғшаҳр аз мушкилот вораста шаванд.

Довудшоҳи Сулаймон,

рӯзноманигор

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner