Хуҷанд: Беш аз 500 нафар аз болоравии нархи барқ шикоят карданд

ИҚТИСОД, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Масъулони Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанhд дар як нишасти хабарӣ афзоиши истифодаи нирӯи барқро сабаби башиддат боло рафтани пули он дар як моҳи охир номиданд. Танҳо дар се рӯзи охир беш аз 500 сокини Хуҷанд аз боло рафтани пули барқ шикоят кардаанд.

Шикояти садҳо сокини шаҳри Хуҷанд аз афзоиши пули нирӯи барқ боис шуд, ки рӯзи 12 январ Идораи шабакаҳои барқи ин шаҳр барои хабарнигорон як нишасти хабарии вижа барпо карда, вазъи пешомадаро шарҳ бидиҳанд. Ин нишасти хабарӣ дар ҳукумати шаҳр доир шудааст.

Сардори Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд Рустам Пӯлотов ба хабарнигорон гуфт, танҳо аз 8 то 11 январ ба ин идора беш аз 500 сокини шаҳр дар мавриди афзоиши пули барқ шикоят кардаанд. Ба гуфтаи масъулони Шабакаҳои барқ, дар мавриди 216 муроҷиат санадҳои дахлдор тартиб дода шуда, даъвои муштариён қонеъ карда шуд.

Аммо ба сурати умум, гуфт Рустам Пӯлотов, яке аз омилҳои асосии ба вуҷуд омадани ҳар гуна овозаву нофаҳмиҳо байни истифодабарандагони қувваи барқ ин пеш аз ҳама истифодабарии зиёди нерӯйи барқ аз тарафи аҳолӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта ва ҳамчунин сард шудани ҳарорати ҳаво дар моҳи декабри соли 2017 мебошад.

Рустам Пӯлотов аз ҷумла гуфт, «агар аҳолии шаҳри Хуҷанд моҳи декабри соли 2016 47 миллион киловатт-соат нирӯи барқ ба маблағи 6 миллиону 887 ҳазор сомонӣ сарф карда бошанд, ин нишондод дар моҳи декабри соли 2017 52 миллион киловатт-соат ва пулаш бо назардоштаи 15 фоиз боло рафтани нархи истифодаи барқ 8 миллиону 903 ҳазор сомониро ташкил додааст. Яъне 2,1 миллион сомонӣ бештар аз моҳи декабри як соли пеш.”

Бино ба гузориши ношири ин хабар – маркази матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд, Рустам Пӯлотов дар мавриди то куҷо дақиқ кор кардани ҳисобкунанкҳои барқӣ гуфт, тамоми таҷҳизоти барқрасонии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таҷдиду азнавсозӣ шуда, талафоти неруйи барқ паст ва шиддатнокиаш беҳтар карда шудааст: «63 000 ҳисобкунанки барқӣ ба манзили муштариён насб карда шудаанд. Низоми биллингӣ аз муштариён тақозо менамояд, ки бояд дар мавриди оқилонаву сарфакорона истифодабарии нерӯйи барқ мардум ҳушёр бошанд.Дахолати инсон ба системаи биллингӣ, хусусан, ба ҳисобкунакҳои барқ имконнопазир аст, вале ҳолатҳои аз тарафи шаҳрвандон алоҳида ғайриқонунӣ пайваст намудани хатти ҳисобкунаки ашхоси дигар низ ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҳолатҳо дар натиҷаи муроҷиати шаҳрвандон ошкор карда шудаанд.»

Масъулони шабакаҳои барқи Хуҷанд гуфтанд, ки як далели афзоиши пули барқ истифодаи дастгоҳҳои барқист. Аз ҷумла, ба ҳисоби онҳо, дастгоҳи обгармкунӣ (термекс) -1,5 клв. соат, печи гармидиҳӣ – 2,5 клв. соат, кондитсионер -2,5кл. соат, телевизиор -0,2 клв.соат ва лампаҳои рӯшноидиҳанда – 0,3 клв.соат барқ масраф мекунандд, ки дар маҷмуъ 7 киловаттро ташкил медиҳад.

Рӯзи 11 январ даҳҳо сокини Хуҷанд бо шикоят ба идораи Шабакаҳои барқи ин шаҳр рехтанд. Сабаби шикояти сокинон ин аст, ки дар ҳафтаҳои охир пулчинакҳои Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд харҷи нирӯи барқи онҳоро то ду маротиба бештар ҳисоб кардаанд. Ин дар ҳолест ки нархи нирӯи барқ ҳамагӣ 15 дарсад боло бурда шудааст.

Яке аз онҳое, ки рӯзи 11 январ бо шикоят ба Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд рафта буд, дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” гуфт: «Мардум хеле норозӣ, чунки барои мисол, агар моҳе пеш 180 сомонӣ супурда бошад барои барқ, ин дафъа алакай 360 сомонӣ шудааст. Масъулони идораи барқ мегӯянд, ки ҳисобкунакҳо дуруст кор мекунанд, вале худи шумо барқи бештар кор фармудед. Вале мардум изҳори ҳайрат мекунанд, ки чӣ гуна харҷи барқ метавонад якбора ду маротиба биафзояд? Охир, то ҳол ҳаво чандон сард набуд, ки сабаби истифодаи беш аз ҳад шавад.”

Мақомоти Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд ба шикояткунандагон ваъда додаанд, ки арзи онҳоро баррасӣ хоҳанд кард.

Рӯзи 8 январ ҳамин тавр, як гуруҳи сокиноин ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо шикоят ба идораи Шабакаҳои барқи ин ноҳия омада буданд. Онҳо низ мегуфтанд, ки дар як моҳи охир хароҷоти нирӯи барқашонро то ду маротиба бештар ҳисоб кардаанд. Маҳмуд Набиҷонов, як сокини ин ноҳия дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии СМ-1 гуфт:«Моҳи гузашта 46 сомонӣ маблағпардохт карда будам аз терминал ин моҳаллакай 155 сомонӣшудааст. Аз кадомҳисоб ин хел шуд намедонем.Моҳҳои гузаштаҳам ба мисли он ки чи тавр дар моҳҳои пеш дар хона таҷҳизоти барқӣистифода мебурдемҳамон хел истифода кардем. Яктогӣтаҷҳизоти гармкунӣ (плитка), тефал, телевизор ва се фурӯзонаки каммасраф истифода мекунем.Яхдонро дар фасли тобистон кор мефармоем, аз моҳи октябристифода намебарем.»

Дар гуруҳи «Ман Хуҷандро дӯст медорам» дар шабакаи Фейсбук низ ҳоло як мавзӯи асосии гуфтугӯи сокинони Хуҷанд дар бораи ба таври мармуз ва якбора то ду маротиба боло рафтани хароҷоти нирӯи барқ аст.

Аз ҷумла Нигора Давлатова навиштааст, ки ҳисобкунаки манзилаш танҳо дар ду ҳафтаи охир 370 сомонӣ кор кардааст. Музаффар Бобоев менависад, як моҳ пеш 342 сомонӣ супурда буд, ин дафъа – алакай 520 сомонӣ. Ҳисобкунаки манзили Дадоҷон Аскаров як моҳ пеш 220 сомонӣ ва дар як моҳи охир 370 сомонӣ кор кардааст. Нозимҷон Мамадов як моҳ қабл 360 сомонӣ ва барои моҳи гузашта 660 сомонӣ супурдааст.

Махсудҷон Муминов навиштааст, ки як моҳ пеш 92 сомонӣ супурда буд ва барои як моҳи охир алакай 260 сомонӣ. «Вой аз дасти свет!” – нидо кардааст ин сокини Хуҷанд.

Бисёриҳо навиштаанд, ки пеш аз бебарқӣ менолидем ва ҳоло – аз нархи миёншикани барқ

Бознашр аз Ахбор


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply