• Бахтовар Сафаров
  • 04.01.2019
  • 0

Хукҳои таърихӣ

Беҳуда нагуфтаанд, ки инсони дар соли хубон ба дунё омада шахсияти барҷаста, ҳаматарафа инкишофёфта ва қобилиятнок мешавад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо якчанд шахсиятҳои шинохтаро, ки дар соли хубон тавлид ёфтанд ва дар соҳаҳои гуногун муваффақиятҳои беназирро ба даст овардаанд,  ҷамъоварӣ намудаем, ки дар зер пешкаши хонанаи закӣ мегардонем.

Ҳайдар Алиевич Алиев — 23 майи 1923 дар Нахичевани Озарбойҷон ба дунё омадааст. Вай сеюмин президенти Озарбойҷон буда, дар давоми 10 соли ҳукмрониаш  (1993-2003) тавонист вазъияти иқтисодиву сиёсии давлаташро ба эътидол дарорад. Халқ ӯро қаҳрамони хеш меҳисобад ва нуфузи ӯ то ба он дараҷа калон аст, ки имрӯзҳо дар Академияи илмҳои Озарбойҷон шуъбаи махсус бо номи  «алиевоведение» фаъолият мебарад. Дар он шуъба кормандон ба омӯхтани ҳаёту фаъолияти Ҳайдар Алиев машғул буда, ба он боваранд, ки ӯ барҷастатарин шахсият дар тамоми Кафқоз мебошад.

Ҳиллари Клинтон — собиқ котиби давлатии ИМА, узви партияи демократӣ, хонуми аввали Арканзас (1983-1992), хонуми аввали ИМА (1993-2001) номазад ба Президенти ИМА дар соли 2016. Хиллари аз ҳама пурқудраттарин хонуми Кохи Сафед дар таърихи ИМА  ба шумор меравад. Вай ҳамсари Президенти собиқи ИМА Бил Клинтон буда, онҳо соҳиби як духтар ҳастанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ванга (Вангелия Пандева – Гушерова 1911-1996) Ин фолбину пешгўй ва роздону табиби нотакрор дар оилаи деҳқон,  дар Болгария ба дунё омадааст. Соли 1923 дар натиҷаи ҳодисаи нохуше Вангаи 12 — сола аз чашми бино маҳрум гаш. Аз соли 1941 вай дар худ қобилияти пешгӯйи карданро кафш кард. Мегӯянд, ки Ванга чунин воқеъаҳои бузурги таърихиро, аз қабили “Инқилоби махмалин” –и Чехославакия, марги Индира Ганди, аз зинаҳои сарварӣ рафтани роҳбарони аввал дар солҳои 80-ум ва тағйироти калон, ғарқ шудани киштии зериобии Курск ва марги ҳамаи 118 аъзои экипаж, амали терористии мудҳиши 11 сентябр дар Амрико ва ҳатто сиёҳпӯст будани Президенти 44-уми ИМА.

Эрнест Миллер Хемингуэй (1899-1961). Нависанда, журналист ва номзад ба ҷоизаи нобелӣ. Эрнест Хемингуэй 21 июни соли 1989 дар шаҳраки Оук-парки Амрико чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Вай аз хурдӣ ба варзиш шавқи зиёд дошт. Футбол, шиноварӣ ва боксро дӯст медошт. Маҳз завқаш ба муштзанӣ боис гашт, ки аз зарби мушт чашм ва гӯши чапаш осеб бинад. Падараш мехост вай мисли худаш духтур шавад, модараш бошад, дар симои ӯ навозанда ё композитори бузургро дидан мехост. Эрнест баръакси майли волидайн ба омӯзиши журналистика пардохту аз пайи эҷодкорӣ шуд. Асарҳои офаридаи вай, аз қабили он асарҳое ҳастанд, ки дар дунё аз ҳама бештар ба забони русӣ тарҷума шудаанд. Асарҳои безаволи вай аз қабили «Сборник коротких рассказов Эрнеста Хемингуэя», «Старик и море», «Райский сад»  ва бисёри дигар мебошанд, ки номи ӯро  зинда нигоҳ медоранд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Стивин Спилберг. Режисёри кино, продюсер дукарата барандаи ҷоизаи Оскар (1993, 1998) Режисёри филмҳои машҳур, аз қабили “Индиана Ҷонс и храм судби”, “Капитан Крюк”, “Парк Юрского переода”,”Война миров” ва дигарҳо. Вай ба қатори 400 шахсияти сарватмандтарини ҷаҳон шомил мешавад. Ин режиссёри соҳибистеъдод сенарияи филми аввали худро дар синни 13 — солагиаш омода намудааст.

Люк Бессон. Кинорежисёр, продюссер ва сенаристи машҳури фаронсавӣ. Вай режисёри филмҳои “Никита”, “Лион”,”Таски”, “Такси2”,”Потселуй дракона”, “Фанфан-тюлпан””Перевозчик”, “Миссионер” мебошад. Вай бо актрисаҳои зебое чун Анн Парио, ки нақши Никитаро бозидааст, Майвен Ле Беско ва Милла Йовович оиладор шуда буд. Аз соли 2004 –ум инҷониб бо продюсер Вирҷини Сила оила барпо нумуд ва то ин замон бо ҳам хушҳолона умр ба сар мебаранд. Онҳо соҳиби 3 духтар ва як писар ҳастанд. Аз ду никоҳи аввалааш низ Бессон ду духтар дорад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ален Де Лон Ҳунарпешаи кино ва таатр, кинорежисёр, сенарист ва продёсери фаронсавӣ. Ален Де Лон 8 ноябри соли 1935 дар Фаронса ба дунё омадааст. Вай яке аз ҷаззобтарин марди ҳунарманд ва ситораи кинои солҳои 1960- 1980 ба шумор меравад.Филмҳои беҳтаринаш “Чёрний тюлпан”, “Лопард”, “Рокко и его братя” ба шумор мераванд. Барандаи ҷоизаҳои бешумор барои иҷрои нақши беҳтарин аст.

Армен Борисович Ҷигарханян. Ҳунарпешаи театр ва кинои рус,режисёр ва педагоги театр,ҳунарманди халқии СССР. Яке аз созмондиҳандагон ва президенти бадеии Теарти драмавии Масква. Вай дар бештар аз 300 филм нақшофарӣ намудааст. “Здравствуй это я”, “Новие преключения неуловимих”, “Здавствуйте я ваша тёта” яке аз онҳо мебошанд, ки ба тамошобини мо шиносанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Арнолд Швартснегер— ҳунарпеша, баднсоз, соҳибкор ва сиёсатмадор. Вай 30 июли соли 1947 дар Австрия ба дунё омадааст. 38- ум губернатори Калифорния ҳаст. Дорандаи 7 — каратаи унвони “Мистер Оилимпия”. Вай дар давоми фаъолияти кориаш дар филмҳо “Терминатор”, “Конон варвар”, “Командо”, “Хишник” ва дигарҳо нақшҳои асосиро бозидааст. Дорандаи ҷоизаҳои бешумор дар соҳаи кинематография мебошад.

Таҳияи Шаҳло НИЁЗОВА

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner