Иқдоми хайри «Роҳи Сомон”

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ширкати «Роҳи Сомон” рӯзи 26 май ба муносибати моҳи шарифи Рамазон дар ду маҳаллаи шаҳри Хуҷанд ордро бо нархи 110 сомонӣ барои як халтааш ба фурӯш гузошт. Дар ярмаркаи назди театри ба номи Хоҷа Камол ҳамчунин килои гӯштро бо нархи 30 сомонӣ, сабзӣ — 1 сомонӣ ва шакар бо нархи 4,50 сомонӣ ба аҳолӣ пешкаш кардаанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки рӯзи 26 май дар назди театри ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир кардаанд. Бино ба ин манбаъ, дар ярмарка маҳсулот ба аҳолӣ бо нархи 20-30 фоиз арзонтар аз нархи бозор ба фурӯш гузошта шуда буд: «Масалан нархи гӯшт 30 сомонӣ, пиёз аз 0, 70 дирам то 1,50 сомон, сабзӣ 1 сомонӣ, шакар 4, 50 сомонӣ ва ғайра арзиш доштанд.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ҳамчунин аз як кори савоби ширкати «Роҳи Сомон” хабар дод. Гуфта мешавад, «аз ҷониби ширкати «Роҳи сомон» беш аз 600 халта орди 50 килогӣ бо маблағи 110 сомонӣ дар ду мавзеъи шаҳр: микроноҳияи 20 ва назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ пешкаш карда шуд.

Фурӯши маҳсулот бо нархи аз бозор арзонтар дар Хуҷанд дар ҳолест, ки дар моҳи Рамазон нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон баракс рӯ ба афзоиш меоранд.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд таъкид кардааст, ки ин кори савоб «бо назардошти иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо аҳли ҷомеаи кишвар анҷом шудааст. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 март дар он мулоқот, ки дар арафаи моҳи Рамазон доир шуд, аз тоҷирон хост, ки дар ин моҳи шариф нархи маҳсулотро боло набаранд, балки арзонтар карда, савоби бештар ба даст биоранд


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply