• Бахтовар Сафаров
  • 11.04.2019
  • 3

Иқтисодиёти Тоҷикистон ислоҳот мехоҳад

Мусоҳиба бо вакили парлумон Шариф Раҳимзода

Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, доктори илмҳои иқтисодӣ, узви ҳайати мушовараи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” 60-сола шуд. Онҳое, ки бо ӯ дар бахшҳои муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла бонкдорӣ кор кардаанду мешиносанд, Раҳимзодаро чун яке аз шахсиятҳои донишманд ва ислоҳотгар дар иқтисоди кишвар ва вакили фаъолу пуркор ном мебаранд. Суҳбати мо дар арафаи 60-солагии Шариф Раҳимзода  бештар дар масоили бонкдорӣ, низоми савдо, андозу андозбандӣ ва дигар муаммоҳое, ки имрӯз ҷомеаро гиребонгир шудааст, сурат гирифт. 

Тағйирот дар кодексҳои андоз ва гумрук

-Шариф Махсумович, шумо чанде пеш дар ҷаласаи Иттиҳоди  байнипарлумонӣ, ки дар  Санкт — Петербурги ФР баргузор гардид, иштирок доштед. Ин чӣ гуна иттиҳод аст ва вазифааш аз чӣ иборат мебошад?

-Ҳамаи кишварҳои аъзои ИДМ дар якҷоягӣ Иттиҳоди байнипарлумониро ташкил додаанд, ки саридораи он дар шаҳри Санкт — Петербург ҷойгир аст. Мо дар доираи ин иттиҳод ҳамкории самарабахш дорем. Ин ҳамкорӣ дар таҳия ва тасдиқи қонунҳои намунавӣ ифодаи худро меёбад. Тақрибан дар як сол ду маротиба он ҷо ҷамъ омада қонунҳои намунавӣ омода ва барои тасдиқ ба роҳбарияти Иттиҳоди байнипарлумонӣ пешниҳод менамоем. Ин қонунҳо асосан унвонии кишварҳои аъзои иттиҳод ирсол мегарданд, то дар раванди қонунгузории худ истифода намоянд. Ман дар яке аз комиссияҳои иттиҳод муовини раис мебошам. Азбаски комиссияи мо комиссияи молия ва иқтисод аст, қонунҳои марбут ба соҳаи иқтисодиро мавриди муҳокима қарор медиҳем ва дар асоси онҳо ва вобаста ба хусусиятҳои хоси миллӣ ин ҷо метавонем аз онҳо истифода кунем.

-Аксаран роҳбарони воломақоми кишвар, ки ба Русия сафар мекунанд, бо муҳоҷирони меҳнатӣ дидор ва мулоқот мекунанд. Оё чунин мулоқот бо шумо низ сурат гирифт? Мавзӯи суҳбат чӣ буд?

-Албатта. Вохӯрии мо ҳангоми сафари охирин бо муҳоҷирон дар бинои Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт — Петербург баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ роҳбарони диаспораҳо, консули генералӣ Давлаталӣ Назирзода ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо муҳоҷирон сарукор мегиранд, иштирок доштанд. Мавзӯи суҳбат гуногун буд: аз ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон то ҳалли будубоши онҳо ва проблемаи  надонистани забони русию қонунҳои ФР. Аз ҷумла пешниҳод шуд, ки дар шаҳри Санкт — Петербург марказе кушода шавад, то муҳоҷирон баробари омадан забони русӣ, фарҳанг ва қонунҳои кишвари будубошро омӯзанд. Албатта, пеш аз рафтан онҳо бояд  дар Тоҷикистон инро омӯзанд, аммо мушкилот дар он аст, ки баробари хатми  мактаби миёна  озими Русия мешаванд. Яъне, муҳоҷирони мо бидуни омодагӣ рахти сафар мебанданданд.   

-Шумо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия ҳастед. Бигӯед, ки ҳоло вакилон таҳти роҳбарии шумо кадом қонуни вобаста ба иқтисодро  омода карда истодаанд?

-Ин лоиҳаи қонун дар бораи танзими давлатии нархгузорӣ аст. Онро аллакай як маротиба ба  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кардем. Ин лоиҳа  бо тағйиру иловаҳо ба мо баргашт. Ҳоло комиссияи парлумонӣ дар болои он кор карда истодааст.

-Метавонед моҳияташро барои хонандагон шарҳ диҳед?

-Бале, танзими нархгузорӣ дар ҳолатҳои алоҳида зарур аст. Албатта, нархро имрӯз бозор муайян мекунад. Аммо ҳар гуна овозаву равандҳои нобаҳангом дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ метавонад ба нарх таъсир расонад. Ин омилҳо метавонанд  сунъӣ ё воқеӣ бошанд. Дар чунин ҳолатҳо  давлат бояд вориди бозор шуда, бо истифода аз имкониятҳои худ  ба нарх таъсир расонад.

-Чанде пеш лоиҳаи  ду қонун — Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як  ҷаласаи вакилони парлумон мавриди муҳокима қарор гирифта, ба он тағйирот ворид шуд. Мушаххасан мегуфтед, ки ин чӣ тағйирот аст  ва кадом бахшҳоро фаро мегирад?

-Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон тағйирот ба кодексҳои андоз ва гумрукро баррасӣ  ва қабул кардем. Ин дар заминаи супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  аз Паёми ӯ ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, озод намудани воридоти ашёи хом аз хориҷи кишвар аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ мебошад. Номгӯи  ашёи хоми воридотшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

-Имрӯз вазъи бозор ва низоми нархгузорӣ дар Тоҷикистон бо ду пой мелангад. Соли ҷорӣ қариб тамоми намуди хизматрасониҳо, аз ҷумла об, барқ  то маҳсулоти ниёзи мардум ба маротиб боло рафт. Ҳамчун донишманд дар риштаи  иқтисод ва собиқ  вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон сабабҳои инро дар чӣ мебинед? Чӣ бояд кард, ки  нарх дар бозор танзим шавад?

-Ба андешаи ман, мушкилӣ дар ташкили низоми савдо аст. Мо  бояд захираҳои ба бозор таъсиррасонро дошта бошем. Масалан, тағйир ёфтани нархи сӯзишворӣ вобаста ба якбора ворид шудани ҳаҷми бештари он аст. Бо Туркманистон мушкилӣ доштем ва мошинҳои пурбори сӯзишворӣ дар он ҷо банд монд. Ин боис ба  боло рафтани нарх дар дохили кишвар гардид. Вақте ки бо дахолати Президенти кишвар ин мушкилӣ ҳал шуд, сӯзишворӣ якбора дар ҳаҷми зиёд ворид шуд ва нарх ба таври табиӣ поён рафт. Албатта, ҳамасола нархҳо майли болоравӣ доранд, зеро захираҳои моддӣ қимат мешаванд. Нарх ҳар сол дар дунё ба ҳисоби миёна 2-3 фоиз боло меравад. Вале зарур аст, ки ин болоравӣ муназзам ва якхела бошад. Ё мисоли дигар, дар аввали тирамоҳ якбора дар бозорҳои дохилӣ поён рафтани нархи ангур аст, ки вобаста буд ба бадшавии вазъи сиёсии кишвари ҳамсоя ва надоштани имкони содироти он ба кишварҳои Осиёи ҷанубӣ. Гарчанде баъзе соҳибкорони афғонӣ ҳаҷми муайяни ангурро пешпардохт карда буданд, дар вақти зарурӣ ҳозир нашуданд. Бинобар ин, соҳибкорони мо натавонистанд маҳсулоти худро ба бозорҳои хориҷӣ бароранд. Бозори дохилӣ бошад, иқтидори зиёд надорад. Ин аст, ки нархи ангур якбора поён рафту соҳибкорон қисман зарар диданд. Албатта, вобаста ба мавсим ҳам метавонад нархҳо тағйир ёфта истад, вале ин тағйирёбӣ набояд зиёд бошад. Солҳои пеш, вақте ки имкониятҳои давлат кам буд, фарқ байни нархҳои болоӣ ва поёнӣ хеле зиёд буд. Хушбахтона, оҳиста — оҳиста аз ин вазъият баромада истодаем. Сохторҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ бо истифода аз имкониятҳои нигоҳ доштани маҳсулот, сари вақт ворид кардани он, ташкили сардхонаҳо ва ғайра ба нархи бозор таъсири мусбӣ мерасонанд. Асосан савдо низоми ғайридавлатӣ аст. Масъулине, ки  дар бозор фаъолият доранд, муваззафанд бозорро бо ҳаҷми муайяни маҳсулот таъмин намоянд. Аз ҷониби дигар, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ давлатҳо бо ташаккули захираҳои эҳтиётӣ ва роҳҳои маъмурӣ дар ҳолатҳои зарурӣ нархҳоро танзим менамоянд.

-Аз рӯи маълумоти оморӣ, имрӯз тавозуни воридоти мол ба кишвар ба  маротиб зиёд шудааст. Яъне, содироти молу маҳсулоти кишвар ба хориҷ ба таври чашмрас нест. Асъор  бештар ба берун меравад. Чаро?

-Аввалан, бозори ҷаҳонӣ пурра тақсим аст. Дар ин бозор ҷойҳо маълуманд. Дуюм, солҳои охир шумораи корхонаҳо дар кишвар зиёд шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот рӯ ба афзоиш дорад. Масалан, чанде пеш мо дар як сол қариб 2 миллион тонна сементро аз берун ворид мекардем. Имрӯз баръакс, содирот мекунем. Ҳар сол то 30-40 фоиз истеҳсоли ангишт зиёда карда мешавад. Аммо маҳсулоте ҳаст, ки вобаста ба имконият истеҳсоли онро зиёд карда наметавонем. Аз ҷумла, ҳар қадар ҳаракат кунем ҳам, истеҳсоли гандумро афзоиш дода наметавонем. Зеро аз як ҷониб масоҳати заминҳои корам маҳдуд аст, аз ҷониби дигар бо сабаби пурра ба талабот ҷавобгӯй набудани сифати гандуми истеҳсоли дохилӣ хоҳу нохоҳ зарурати хариди ҳаҷми муайяни гандуму орд аз беруни кишвар ба миён меояд. Агар ба фарқияти содироту воридот баҳо диҳем, бояд фарқи онро дар қарзи берунаи кишвар ҷустуҷӯй кунем. Масалан, дар соли 2018 ҳаҷми содирот 1073,3 млн. доллари ИМА ва воридот 3149,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода,  фарқи он ба 2076,3 млн.доллари ИМА баробар шуд. Агар чунин аст, бояд қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳамин ҳаҷм зиёд мешуд, вале он ҳамагӣ 45,2 млн.доллари ИМА (2924,2 – 2879,0) зиёд шудасту халос. Сабаб ин аст, ки ҳоло мо дар низоми куҳнаи ҳисобдорӣ қарор дорем. Ин низом меҳнатеро, ки дар хориҷи кишвар мекунем, ҳамчун мол ба инобат намегирад. Дар низоми нави ҳисобдории байналмилалӣ, ки аз соли 2008 дар кишварҳои дигар татбиқ мегардад, меҳнати шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ба сифати фурӯши маҳсулот, яъне хизматрасонии хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад. Ҳамаи маблағҳое, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, чӣ аз аз фурӯши маҳсулоти содиротӣ ва чӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, барои пушонидани касри тавозуни пардохт ё фарқи содироту воридот истифода мешавад. Дар  кишварҳое, ки ба низоми нави ҳисобдорӣ гузаштаанд, чунин маблағҳо ба даромадҳои содиротӣ ворид мешаванд.

-Ҳоло қарзи хориҷии Тоҷикистон чӣ қадар аст?

-2924,2 млн.доллари ИМА, ки тақрибан ба 40%-и  ММД баробар аст. Ин дар ҳолест, ки қарзи давлатии Амрико 102%, Япония 240%  аст.

-Умуман, меъёри байналмилалӣ чанд фоиз аст?

— То 60%.

-Аммо Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки меъёри қарзаш  аз 60 фоиз ҳам убур кардааст.

-Ин замоне садо дод, ки мо аз бозори ҷаҳонӣ 500 миллион  доллари ИМА қарз гирифтем. Вале мақсадҳои қарзгирӣ гуногунанд. Қарзи болоӣ барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” буда, сарчашмаи бозгашт дорад.  Қарзҳои дигари гирифтаи  Тоҷикистон  низ самти  истеҳсолӣ доранд. Дар чунин ҳолат баргардонидани онҳо асосан мушкилие надорад. Мо метавонем барои бунёди корхонаҳо, рушди истеҳсолот ва умуман дигар намуди фаъолият қарз гирем.

-Бештар кадом институтҳои молиявии ҷаҳон ба Тоҷикистон қарз медиҳанд?

-Бонки Осиёии рушд ба кишвари мо қарзу грантҳои зиёд додаасту дода истодааст. Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд, фондҳои арабӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ низ кишвари моро дастгирӣ менамоянд. Боз қарзҳои дуҷониба, ки бештарашро мамлакати Чин ва  як қисмашро Русия ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон додаанд. 

-Имрӯз коршиносон, таҳлилгарони масоили иқтисодӣ аз мураккаб будани Кодекси андози Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд ва онро ниёз ба такмил ва сабукӣ ба соҳибкорон медонанд. Назари шумо дар ин маврид чист? Оё воқеан он ниёз ба тағйирот дорад?

-Низоми андоз, андозбандӣ ва Кодекси андоз дар тамоми ҷаҳон пайваста мавриди омӯзиш қарор доранд. Ман  дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Аврупо кору зиндагӣ доштам. Вақте ки дар Белгия фаъолият мекардем, аз ҷумла низоми андозбандии онро омӯхтем. Дар он ҷо меъёрҳои андозситонӣ хеле баланданд. Меъёри андоз аз даромад то 50% ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ то 24% аст. Агар сатҳи даромад зиёд бошад, он боз ҳам баландтар мешавад. Аслан меъёри ситонидани андоз вобаста ба нақша ва имкониятҳои молиявии ҳар кишвар аст. Агар дар кишвар ҳама манбаъҳои андозбандишаванда фаро гирифта шуда бошанд, яъне ҳама дар доираи қонун андозҳоро супоранду ҳукуат ҳамаи ин маблағҳоро барои пешрафти ҷомеа ва иқтисод сарф кунад,  паст кардани меъёри андоз боиси кам шудани даромадҳои буҷет мегардад. Дар чунин ҳолат ҳукумат маҷбур мешавад, ки маошу нафақа ва хароҷотҳои дигари аз буҷет пардохтшавандаро кам кунад. Албатта, ба ин касе розӣ нест. Дар баъзе кишварҳои аврупоӣ маҷбур шуданд маошу нафақаҳоро қисман кам кунанд. Масалан, чанд соли пеш ҳукумати Юнон маҷбур шуд чунин рафтор кунад, ки боиси норозигии мардум аз сиёсати ҳукумат ва эътирози онҳо гардид. Бинобар ин, пеш аз он, ки меъёри андозеро паст кунем, бояд ба ҷойи он сарчашмаи дигари пур кардани буҷетро пайдо намоем. Ҳукумат байни андозсупоранда ва онҳое, ки аз ҳисоби буҷет, аз қабили муаллим, духтур, нафақахурон, донишҷуён, кормандони сохторҳои қудратӣ ва ғайра маблағгузорӣ мешаванд, танҳо миёнарав аст.  Асосан буҷети мо хусусияти иҷтимоӣ дорад ва кам кардани хароҷотҳои он ба хотири поён бурдани меъёри андоз ба мардуми осебпазир таъсири манфӣ мерасонад.

-Агар дар муқоиса бо кишварҳои Осиёи Марказӣ гирем, меъёри андоз дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

-Дар Тоҷикистон он нисбати Қирғизистону Қазоқистон баландтар аст. Аммо бояд дар назар дошт, кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистону Қазоқистон захираҳои зиёди табиӣ доранд. Ҳатто Маҷмуи маҳсулоти дохилии Қирғизистон ба ҳар сари аҳолӣ аз мо дида 60% зиёд мебошад, зеро он заминҳои зиёд дорад. Тоҷикистон агар чунин захираҳоро медошт, зарурияти дар ин сатҳ нигоҳ доштани меъёри андоз намешуд ва  буҷети кишвар аз ҳисоби даромадҳо ташаккул меёфт. Бинобар ин, ҳама чиз ба имкониятҳои молиявии кишвар иртибот мегирад.

-Ҳар сол шумораи муайяни соҳибкорон тарки фаъолият мекунанд. Барои чӣ?

-Ин  чанд сабаб дорад. Якум, аз рӯи маълумоти омории Кумитаи андоз шумораи соҳибкорон сол то сол зиёд мешаванд. Соҳибкороне ҳастанд, ки худ ё корхонаҳои худро ба қайд мегиранд, соҳибкороне ҳастанд, ки аз қайд мебароянд. Соҳибкорон низ ба таври худ кор мекунанд. Як ё ду сол фаъолият карда, қатъи фаъолият мекунанд. Муҳим сол то сол зиёд шудани шумораи соҳибкорон аст. Аз рӯи нишондиҳандаҳо соҳибкорӣ дар Тоҷикистон рушд карда истодааст. Инро аз рӯи факту рақамҳои Кумитаи андоз мегӯям. Аммо аз тарафи дигар монеаҳо  дар ин самт ҷой доранд. Ин асосан санҷишҳо аст, ки ҳеҷ кас инро дӯст намедорад. Ин аст, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии соҳибкорон пайваста мораторияи санҷишҳои субъектҳои соҳибкориро эълон ва татбиқи онро пайгирӣ мекунанд. Яке аз проблемаҳои дигаре, ки  дорем, набудани ҳисобдории аниқ аст. Дар замони шӯравӣ ҳисобдории дуруст доштем. Ҳама амалиётҳои иҷрокардаашро ба қайд мегирифт ва вобаста ба натиҷаҳои фаъолияташ  андоз месупорид. Мутаассифона, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдан, вақте ки ба низоми нав гузаштем, ҳисобдориро аз даст додем. Ба ҷойи як хоҷагӣ даҳҳо хоҷагии нав ташкил шуданд, ки низоми зарурии ҳисобдорӣ надоранд. Аз 310 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ тақрибан 32 ҳазорашон шахсони ҳуқуқӣ мебошанд. Яъне, тавозуну суратҳисоби бонкӣ доранд ва амалиётҳои худро ба қайд гирифта, вобаста ба он андоз месупоранд. Боқимонда, ё дар доираи низоми соддакардашудаи андозбандӣ фаъолият мекунанд ё тариқи патентӣ. Албатта, ҳама соҳибкорон барои худашон ҳисобдории аниқ доранд, вале   ҳисоботи ба сохторҳои андоз пешниҳодшаванда аз онҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Бинобар ин, барои дуруст муайян кардани иқтидори иқтисодии давлат, ҳимояи соҳибкорон аз санҷишҳои пайдарҳам, аз байн бурдани коррупсия ва ғайраҳо низоми дурусти ҳисобдорӣ зарур аст. Албатта, он маблағгузории муайянро талаб мекунад ва бовар дорам, ки  баробари пайдо шудани имкони буҷетӣ ин амалӣ хоҳад гардид. 

Талаби созмонҳои молиявӣ аз Тоҷикистон

-Имрӯз бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ва сармоягузорон аз баланд будани меъёри андозбандӣ дар  Тоҷикистон интиқод  мекунанд. Аз ҷумла, Ян-Петер Олтерс, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ, ки 20-уми феврал баргузор шуд, ба ислоҳоти низоми андоз дар кишвар даъват кард. Ӯ таъкид дошт, ки гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ омода аст ислоҳотро дар ин самт дастгирӣ кунад. Умуман, низоми андозбандӣ дар Тоҷикистон шуморо қонеъ мекунад?

-Банда зиёда аз 10 сол инҷониб дар вохӯрӣ бо намояндагони  созмонҳои байналмилалӣ талаб мекунам, ки ба мо дар ташкили низоми ҳисобдорӣ кумак расонанд. Зеро то замоне ки низоми ҳозирзамони ҳисобдорӣ нест,  наметавонем низоми ҳисоботдиҳиро дуруст ба роҳ монем. Онҳо бошанд, ба кишвар асосан дар самти  ташаккули низоми ҳисоботдиҳӣ кумак мерасонанд. Аммо низоми ҳисоботдиҳӣ такя ба низоми ҳисобдорӣ мекунад. Агар ҳисобдорӣ дуруст ба роҳ монда шавад, имкони муайян кардани иқтидори молиявии давлат пайдо мешавад. Дар ин асос ҳукумат метавонад оиди кам кардани меъёри андозҳо қарор қабул намояд ва таъсири он ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ манфӣ нахоҳад буд. Вақте ки  соҳибкор ҳамаи амалиётҳои иҷрокардаашро дуруст ба ҳисоб гирифта, вобаста ба натиҷаҳои фаъолияташ андоз месупорад, ӯ дар назди тамоми сохторҳо забондароз аст. Бубинед, соҳибкори аврупоӣ наметавонад, ки пора диҳад. Ба ягон кас! Зеро  маблағи барои ин заруриро аз гардиши пулии сохтораш бароварда наметавонад. Масалан, дар Италия агар соҳибкор аз суратҳисоби бонкиаш 6 ҳазор евро пули нақд гирад, баъди чанд рӯз сохтори молиявии махсус чӣ гуна сарф кардани онро пурсон мешавад. Яъне, соҳибкор оиди истифодаи ин пулҳо ҳатман ҳисобот медиҳад. Ҳамаи додугирифт ғайринақдӣ аст ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи амалиётҳо таҳти назоратанд. Соҳибкорон танҳо маблағи фоидаро баъди пардохтҳои андозӣ дар охири сол мегиранд.  Дар мо чӣ? Соҳибкорон ҳар вақте ки хоҳанд, аз хазинаи  корхонаашон маблағро гирифта, барои пушонидани хароҷотҳои шахсӣ истифода мекунанд. Ин мумкин нест. Соҳибкор бояд фақат маошаш  ва дар охири сол фоидаи бадастомадаашро гирад. 

-Ба андешаи таҳлилгарон, имрӯз сектори реалии иқтисоди Тоҷикистон хеле қафо мондааст. Дар замони  шӯравӣ Тоҷикистон бо миқдори зиёд мошину таҷҳизот, маснуоти электротехникӣ ва электронӣ, маводи металлӣ, маводи гуногуни кимиёвӣ, мебел, пойафзол, либосу матоъ ва ғайра истеҳсол мекард. Имрӯз ба ғайр аз алюминий, истеҳсоли маводҳои номбаршуда ё комилан аз байн рафтааст ё дар сатҳи паст қарор дорад. Чаро вазоратҳою идораҳои блоки иқтисодиро ин ҳолат ба ташвиш намеорад? Шумо хатарро дар иқтисоди кишвар эҳсос мекунед?

-Рушди иқтисоди воқеӣ, пеш аз ҳама, ба сарчашмаҳои энергетикӣ вобаста аст. Гарчанде ки мо аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадему истиқлолияти энергетикиро таъмин намудем, аммо барои рушди иқтисодиёти воқеӣ, ки ҷалби сармоя ва ташкили истеҳсолотро талаб мекунад, вақт лозим аст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар баромадҳояшон қайд карданд, ки НБО  “Роғун” ба мо на танҳо барои таъмини мардум бо барқ лозим аст, балки он ба мо ҳамчун манбаи рушди иқтисодиёт зарур аст. Имрӯз фаъолияти баъзе корхонаҳоро бо ангишт ба роҳ монда истодаем. Ҳол он ки истифодаи ангишт дар бисёр кишварҳои хориҷӣ манъ шудааст. Аз ҷумла, Хитой ва мамлакатҳои аврупоӣ аллакай истифодаи онро маҳдуд карданд. Зеро  он як манбаи таъсиррасони бад ба экология аст. Вале мо маҷбур шудем, ки сол ба сол истеҳсоли  ангиштро зиёд кунем ва ба ин васила фаъолияти корхонаҳоро ба роҳ монем. Сабаби он кифоя набудани сарчашмаҳои дигари энергетикӣ мебошад. Барои он ки иқтисоди воқеӣ рушд кунад, корхонаҳо дар Тоҷикистон бояд 12 моҳи сол бо барқ таъмин бошанд. Мо инро надоштем. Акнун рушди бештари иқтисод вобаста ба имкониятҳои энергетикӣ шурӯъ мешавад.

Мусоҳиб:

Усмон РАҲИМЗОДА

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Чоми:

    Бисёр сухбати мухиму чолиб. Рахимзода гирехи масъалахоро дар сухбат бо хабарнигори «Точикистон» кушодааст. Хар чи гуфтааст, ошкоро!

  • фаррух:

    то хама сохибкорон ба андоз бо тарики электрони кор накунанд ягон хел рушд ба чашм намерасад

  • Fahad:

    Дар ҳолест, ки қарзи давлатии Амрико 102%, Япония 240% аст?шумо бо кадом акл Точикистонро бо Амрикову Япония баробар мекунед?
    Иктисоду саноати мо мурда аст читур карзхоро соф мекунем?ё ба умеди мухочиронед?
    Андози мо хаштум андози баланди чахон аст.
    Ва Киризия чи бойгари дорад?ки инкадан аз мо пеш аст?заминаш андае аз мо калон аст.
    Модоме замин инкадар мухим бошад?чаро миллионхо гехтар заминхои Бадахшону Исфараорр фурухтед?
    Ёфтед як бахона замин надорем нафт надорем газ надорем.Хазорхо олим дорем чаро истехсоламон мурда аст?хазорхо олимони дуздамон як гугирд баровада наметавонанд.
    Дар холе ки Исроил хамаги 30 олим дорад вале дунёро тахид мекунад.

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner