Имрӯз борон меборад

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда,   боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок  шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани  барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва   рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 23-28  ва рӯзона 5-10  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол  аз самти ғарб 3-8 ва дар дигар ноҳияҳо то 13-18 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона  4-9  дараҷа гарм мешавад. Дар  кӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона -3-2 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок  шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6  ва рӯзона 6-11  дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3 ва рӯзона   2-7  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ  ҳавои  абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона  -1+4 ва рӯзона     7+12  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе боридани  борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво  шабона 0-2 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply