• Administrator
  • 01.03.2019
  • 0

Имрӯз борон меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани  борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард  шуда, рӯзона  0-5 дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  аз 15-20 то 25- 30 ва рӯзона аз 3-8 то  9-14  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо ҳавои бебориш дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад.   Шамол аз самти ғарб  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1-6 ва  рӯзона 10-15 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард шуда,  рӯзона аз   1 дараҷа хунук то 4  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо  борон ва дар баландкӯҳҳо борон ва барф меборад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9  ва рӯзона 13-18  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва  рӯзона 5-10 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, туман мефарояд.   Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва  рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона аз 2-7 то 8- 13 дараҷа  сард шуда,  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5  ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner