Имрӯз борун ва барф меборад

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда,   боридани борону барф дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок  шуда, барф   меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, инчунин то 13-15 ва   рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 20-25  ва рӯзона 7-12  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  низ ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст.  Шамол  аз самти ғарб 3-8 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона  1+6  дараҷа гарм мешавад. Дар  кӯҳҳо ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 1-6  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок  шуда, боридани борони бошиддат дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо барф меборад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7  ва рӯзона 5-10  дараҷа гарм мешавад. Дар   доманакӯҳҳо шабона -4+1 ва рӯзона   -2+3  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ   боридани борону барф  дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борони шиддатнок ба амал меояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона  ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 1-6, инчунин то  10-12  ва рӯзона    -4+1  дараҷа сард  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе борон ва барф меборад. Ҳаво  шабона 1-3 ва рӯзона 3-5 дараҷа гарм мешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply