• Бахтовар Сафаров
  • 08.02.2019
  • 0

Инфрасохтори сайёҳӣ беҳбудӣ мехоҳад

“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест”.
(Иқтибос аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 ба рушди бештари ин соҳаҳо мусоидат мекунад. Айни замон, дар миқёси вилояти Хатлон 581 ёдгории таърихӣ, 73 китобхона, 31 осорхона ва дигар марказҳои фарҳангӣ омодаи қабули сайёҳонанд.
Боиси ёдоварист, ки соли 2018 беш аз 230 ҳазор сайёҳ ба тамошои мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон омадаанд. Аз ин шумора, 7 ҳазор нафари онҳо сайёҳони хориҷӣ будаанд. Сайру сайёҳат дар чор фасли сол дар мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҷуғрофиву табиии вилоят имконпазир ва басо дилкашу хотирмон мебошад. Ба иттилои бахши сайёҳии вилоят барои бунёду навсозии инфрасохтори зарурии сайёҳӣ, беҳтар ҷалб ва пазироӣ намудани сайёҳон дар вилоят тадбирҳои гуногуни муассир мавриди амал қарор мегирад. Зеро рушди соҳа ба беҳтар гардидани зиндагии мардуми деҳот мусоидат менамояд.
Ҷомӣ Халифаев,
вилояти Хатлон

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner