• Бахтовар Сафаров
  • 13.03.2019
  • 0

Инноватсия: Чаро зиёд мешунавему кам мебинем?

Ба таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шояд бо иваз шудани роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ин самт дастовардҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш рӯи кор оянд…

Дар шароити кунунӣ ба ҳукми анъана даромадааст, ки аксарият  дар суханрониҳояшон зиёд вожаи инноватсия ва масоили ба ин масъала рабтдоштаро ёдовар мешаванд. Зиёд мегӯянду менависанд, ки фаъолияти инноватсиониро тавсеа бояд бахшид, навоваронро дастгирӣ бояд кард ва ғайра …

Шавкат Бобозода, собиқ вазири саноат ва технологияҳои нав

Эътироф бояд кард, ки дар шароити кунунӣ зуҳури лоиҳаҳои инноватсионӣ хеле кам ба вуқӯъ мепайвандад. Далелҳо аз он ҳокианд, ки раванди рӯи кор омадани маҳсулоти инноватсионӣ – натиҷаи фаъолияти инноватсионӣ, ки дар шакли нави маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо, усули истеҳсолот ё натиҷаи дигари барои ҷамъият  самаранокиаш баланд ё натиҷаи интиқоли маҳсулоту хизматрасониҳои мавҷуда, усулҳои истеҳсолот ва натиҷаҳои дигари фоиданоки ҷамъиятӣ  ифода меёбад, мувофиқи мақсад нест. 

Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда буданд, ки  «Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаи таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯйи талаботи замони муосирро тарбия намоем».

Тибқи иттилои дастрасшуда, ҳамасола барои тадқиқоти илмӣ аз буҷет даҳҳо миллион сомонӣ ҷудо мегардад, ки қисмати аъзамаш барои тадқиқоти бунёдӣ пешбинӣ шудаанд. Саволе пайдо мешавад, ки бо харҷи чунин маблағҳои ҳангуфт дар ин ҷода чӣ навгонии қобили таваҷҷуҳ ва арзандаи ситоиш рӯи кор омад? Кадом ихтирои олимони мо, бо дарназардошти муҳимият дар истеҳсолот, ақаллан истеҳсолоти дохилӣ, мавриди истифода қарор гирифт? Бо кадом роҳ ин хароҷот (манзур маблағҳои бо ин мақсад ҷудошуда) ҷуброн бояд шавад?

Ашхоси огоҳ медонанд, ки асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, шартҳои ташаккулёбӣ ва татбиқи сиёсати давлатии инноватсиониро дар ин соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ” муайян ва танзим  менамояд.

Вожаи  инноватсия дар қонуни мавриди назар —  навоварӣ дар соҳаи техника, технология, кор, хизматрасонӣ ё идоракунӣ, ки ба истифодаи комёбиҳои илм ва технологияи пешқадаме асос ёфта, ки самаранокии баланди истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ дорад, арзёбӣ шудааст. Бо қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011 тасдиқ шудани “Барномаи рушди инноватсионии Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20l1-2020”, шаҳодати ин гуфта аст. Аҳдофи барномаи фавқ муҳим ва муфид буда,  ташаккули низоми самараноки инноватсионие, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатпазирии истеҳсолот, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти инноватсионӣ, афзоиши молҳо ба ивази молҳои воридотӣ, суръатбахшии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд, аз ҳамон ҷумлаанд.        

Таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таъсис ва рушди инфрасохторҳои инноватсионӣ, такомули низоми тайёр намудани мутахассисон дар соҳа, ташкили низоми иттилоотӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи инноватсия самтҳои асосӣ маҳсуб шуда, татбиқи барнома дар ду марҳила — солҳои 2011-2014 ва 2015-2020 пешбинӣ гардидааст. Ҳарчанд то анҷоми муҳлати татбиқи барнома камтар аз як сол боқӣ мондааст, вале то кунун дастоварди ба маънои томаш қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аз ҷониби иҷрокунандагони он — вазоратҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои соҳавии илмию тадқиқотӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо  рӯнамоӣ ва ё расонаӣ нагардидааст.

Пайгирии масъала собит намуд, ки ягона дастоварде, ки масъулин аз иҷрояш метавонанд ифтихор кунанд, таҳия ва аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат қабул ва ҷонибдорӣ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ” маҳсуб мешавад.

Ҳол он ки таҳия ва татбиқи моделҳои математикии муътадилгардонии реҷаҳои танзими ҷараёни об барои гидроэнергетика ва обёрӣ, сохтани дастгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ бо тавоноии электрикии 2,0 кВт, коркард ва истифодаи технологияҳои ҳосил кардани кремний аз кварситҳо, истифодаи технологияи ҳосил кардани хӯлаҳои нав дар асоси алюминий бо нишондиҳандаҳои беҳтар, азхудкунии технологияи бевакуумии истеҳсоли лигатурҳои алюминийстронсий ва алюминийбарий барои истеҳсолоти рехтагарӣ, истифодаи технологияҳои гуногуни физикӣ ва химиявӣ барои барқарор сохтани сатҳҳои қисмҳои фарсудагардидаи таҷҳизот ва мошинҳо, коркард ва азхудкунии технологияи такмил ва истифодаи антрасит дар соҳаи саноат, коркард ва ҷорӣ намудани технологияи ҳосил кардани гилхок аз кони Курговад (Помири Ғарбӣ) барои истеҳсоли алюминий, истифодаи технологияи ғанигардонии маъданҳои фосфоритдори кони Қаратоғ ва ҳосил кардани нуриҳо аз орди фосфорӣ, татбиқи технологияи тоза кардани обҳои чоҳӣ (шахтавй) ва заҳбурии партовгоҳҳои саноати уранӣ бо истифодаи маводи хоми маҳаллӣ, аз муҳимтарин лоиҳаҳои инноватсионӣ дар бахши саноат, ки  иҷрои онҳо дар давоми солҳои  2011-2020 ба нақша гирифта шудааст,  маҳсуб мешаванд. Мутаассифона, то кунун аз онҳо “на пай асту на ҳайдар”.

Лозим ба ёдоварист, ки чанде пеш бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Пешвои миллат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд. Вобаста ба ин, супориш доданд, ки “то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад. Барои расидан ба ин мақсад бояд амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода, самаранокӣ ва сифати онҳо таъмин карда шавад”. Иваз шудани роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав идомаи мантиқии ибтикори зикршуда ба ҳисоб рафта, боварӣ дорем, ки масъулин баъд аз мутолиаи матлаб бобати  ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои дар барнома пешбинишуда маълумот медиҳанд.

Соҳаи кишоварзӣ низ дар барнома мақоми меҳварӣ дошта, мураттибони он ихтирои навъҳои нави пахтаи маҳиннах ва миёнанах дар асоси истифодаи аломати клейстогамия, коркарди технологияи парвариши тухмии солимгардонидашудаи картошка бо истифодаи усулҳои нави биотехнологӣ, истифодаи усулҳои биотехнологӣ дар соҳаи чорводорӣ, истифодаи иловаҳои ғайрианъанавии маъдандор дар хӯроки паранда ва чорво, коркарди ваксина аз штаммҳои таҳҷоӣ бар зидди касалии гули буз ва ғайраро ибтикоре пешбинӣ кардаанд, ки бояд то соли 2020 ҷомаи амал мепӯшид. Барои мисол, дар тавсифи лоиҳаи инноватсионии “коркарди ваксина аз штаммҳои таҳҷоӣ бар зидди касалии гули бузҳо” зикр шудааст, ки  ин  навоварӣ самарабахшии эпизоотии онро нисбат ба ваксинаҳои истеҳсоли хориҷӣ 10-15 фоиз зиёд карда, самараи иқтисодӣ аз рӯйи ҳисоби  дастандаркорон ба 1000 сар буз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳарчанд муҳлати татбиқи лоиҳаи зикршуда солҳои 2011- 2015 муқаррар шудааст, вале дар ин бобат маълумот пайдо карда натавонистем.

Дар барномаи мавриди назар таваҷҷуҳ ба соҳаи тиб низ хоса буда, татбиқи лоиҳаҳои муҳим ва муфид ба нақша гирифта шудааст. Такмили усулҳои иммунорадиологӣ, молекулию генетикии ташхис ва табобати бемориҳои музмини вирусии ҷигар ва карсиномаи гепатоселюларӣ, мукаммал кардани усулҳои иммуногенетикии баҳодиҳии устувории бактерияҳое, ки боиси бемории сил ва домана бо антибиотикҳо ва мониторинги молекуляриву генетикӣ ва серологии зуком мегарданд, истифодаи маркирҳои ангиогенезу апоптоз дар ҳамроҳак ва профили ситокинҳои модару кӯдак барои таъмини бехатарии ҳомила ва таваллуд, коркард ва татбиқи усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории саратон,   коркард ва татбиқи технологияҳои ангиопластика ва стентгузории эндоваскулярии шараёнҳои периферикӣ, истифодаи технологияҳои пешқадами трансплантология ва истифодаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ, ҷорӣ намудан ва такмили технологияи инноватсионӣ дар ҷарроҳии барқарорсозӣ — тармимӣ ва таъҷилии кӯдакон, такмили технологияи ҳосил кардани доруи «Трионин», ки қобилияти об кардани сангҳои холестеринӣ ва заҳраро дорад,     коркарди технологияи ҷудо кардан, омӯзиши таркиб ва истифодаи равғани эфирии растаниҳои доругӣ, бояд дар доираи  барнома амалӣ шаванд. Пештоз метавон гуфт, ки дар ин самт низ маълумоти асоснок қобили дарёфт нест. Ин холигоҳро метавон аз ду зовия  — лоиҳаҳо ноком мондаанд ва ё масъулин хоксорӣ мекунанд, арзёбӣ кард.

Умед дорем, ки баъд аз нашри матлаби мазкур “пинак”-и онҳое, ки дар робита ба ин масъала фориғболӣ намуданд “мепарад”- у дар заминаи вокуниши онон аҳли ҷомеа оид ба корҳои дар ин самт амалишуда маълумоти муфассал дарёфт хоҳанд кард. Дар маҷмӯъ,  матлаби мазкур  барои хулосаи мунсифона аз манфиат холӣ нест. Итминонамон комил аст, ки масъулин моро дуруст дарк менамоянд.

Далер Мерганов,

журналист

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.