• Бахтовар Сафаров
  • 10.05.2019
  • 5

ИНТ макони нифоқ, ҷудоиандозӣ ё муттаҳид кардани аҳли адаб?

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 85- сола шуд. 10-уми майи соли 1934 ин иттиҳодияи эҷодӣ ба хотири муттаҳид кардани адибони тоҷик аз ҷониби режими ҳукмрон таъсис ёфт ва нухбагони адабиёти тоҷик аъзои он буданд. Солҳои охир бо коҳиш ёфтани теъдоди алоқамандони адабиёт Иттифоқи нависандагони (ИН) Тоҷикистон аз маркази таваҷҷуҳ дур монд. Вале бо раис таъин шудани шоир Низом Қосим ва рондани теъдоде аз аъзои собиқадор аз сафи ИН он дубора ба сархати расонаҳо баромад, аммо на ҳамчун созмони эҷодӣ, балки объекти моҷароҳо…

Дар арафаи 85- солагии ИН  хабарнигори мо ба чанд нафар адибон бо суоли «Зарурияти мавҷудияти Иттифоқи нависандагони Точикистонро дар чӣ мебинед ва рисолати он бояд аз чӣ иборат бошад?» муроҷиат кард. 

Зулфия Атоӣ,

Шоири халқии Тоҷикистон:

-Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд, ки ман ба майдони адабиёт қадамҳои шогирдонаи худро гузоштам. Он вақт дар синфи 10-ум мехондам ва аввалин шеъри худро ба назди устод Мирзо Турсунзода овардам. Дар ин ҷо дар назди устодони бузург қалами худро рост кардам. Ин макони бузург боис гашт, ки орзуҳои ман  ҷомаи амал пӯшанд. Зарурати Иттифоқи нависандагонро ман дар ҳамин мебинам: дар кашфи истеъдодҳои нав, дарёфти эҷодкорон, тарбия ва тарғиби онҳо.

Албатта, рисолати он вобаста ба давру замон тағйир меёбад. Имрӯз ИНТ мисли солҳои пеш имкони нашри асарҳои шоиру нависандагонро надорад, ба эҷодкорон хона намедиҳад, аммо муттаҳид кардани аҳли адаб рисолати азаливу абадии ин иттифоқ боқӣ мондааст.

Меҳмон Бахтӣ,

Нависандаи халқии Тоҷикистон, собиқ раиси ИНТ:

-Вақте ки сухан аз ИН меравад, мо набояд хизматҳои шоёни устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Аскар Ҳаким  ва дигаронро фаромӯш созем, зеро маҳз ин устодон Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро поя гузошта, анъанаҳои неки онро идома доданд. Вазифаи ИН, албатта, муттаҳид кардани адибон ва муаррифӣ кардани асарҳои дархӯри замон аст. Дар 26-27 соли охир гарчанде шумораи аъзои ИН қариб се баробар афзуда бошад ҳам, асарҳои дархӯри завқу талаботи ҷомеаро боз ҳамон теъдоди  башумор эҷод мекунанд. Ман наметавонам дар мавриди вазъи феълии ИН чизе бигӯям ё ба суоли шумо мушаххас посух диҳам, чунки маро хато мефаҳманд, гарчанде фикрам мусбат бошад ҳам. Зеро ман чандин соли охир раиси ИН будам…

Ҳадиса Қурбонова,

Шоири халқии Тоҷикистон:

-ИН дар даврони ҷавонии мо, ки роҳбарии онро устодон Мирзо Турсунзода ва Мӯъмин Қаноат ба дӯш доштанд «макка»-и адабиёти тоҷик буд. Мо ифтихор мекардем, ки ба ин даргоҳи муқаддас равуо дорем ва баъдан аъзои он шудем. Вазифаи ИН муттаҳид кардани аҳли адаб, дастгирии эҷодкорон, муаррифии асарҳои шоиста, гузаронидани чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ, нақду баррасии осори адабӣ аст. Аммо солҳои охир Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон макони нифоқу ҷудоиандозӣ ва манфиатхоҳӣ шуд. Бинобар ин, нуфузи худро аз даст дод ва ба касе лозим нашуда монд, ҷуз ба ду — се нафари манфиатдор.

Ҳодисаҳои «ҷоизафурӯшӣ»-и роҳбарони ИН ва аз ҷоизагирӣ боздоштани чор достони калонҳаҷми ман — «Ҳилолӣ», «Меҳвари ишқ», «Хаймаи Хайём» ва «Хатлон», ки кори дастаҷамъонаи онҳо буд, ба ҳамагон маълум аст. Пас, чӣ гуна ман дар мавриди зарурати чунин як иттифоқ ҳарф занам?

Ҷудокунӣ ва бадбинии аҳли адаб то ҳол дар ИН давом дорад. Агар ин тавр набошад ман – Шоири халқии Тоҷикистонро дар 5 соли охир чаро ба ягон чорабинии ИН даъват намекунанд?

Гарчанде ман ба маҷлисҳои онҳо ниёз надорам, зеро медонам, ки дар он ҳамон чор-панҷ нафари маъмулӣ ҷамъ мешаванд ва тақдири адабиётро ҳам ҳамонҳо ҳал мекунанд. 

Ато Мирхоҷа, шоир, муовини аввали раиси ИНТ:

-Зарурати таъсис додани ИНТ аз он иборат буд, ки дар он замон мардум ба эҷодиёт ва сухани созандаи сиёсии адибон таваҷҷуҳ доштанд. Бо гузашти солҳо ба ин созмони адабу маърифат теъдоди зиёди эҷодкорон пайвастанд ва он барои давлат як дастгоҳи пурзӯри тарғиботӣ шуд. Ҳадафи асосии ИН ҷамъ намудани адибон мебошад. Солҳои пеш дар ҳайати ИНТ иттиҳодияҳои хурди машваратӣ  фаъолият мекарданд, ки мақсадшон ҳимоя намудани манфиатҳои эҷодкорон ва дастгирӣ  кардани чопи асарҳои онон буд.

Айни замон рисолати ИНТ ҳимоя кардани манфиатҳои иҷтимоии  адибон аст ва он аз уҳдаи ин кор ба хубӣ мебарояд.

Муллозуҳур Тоҳирӣ,

раиси Иттиҳодияи байналмилалии адибон ва табибон:

— ИНТ солҳои пеш масъулияти хеле баландро ба зимма дошт ва аҳли адабро муттаҳид мекард. Ҷои таассуф аст, ки имрӯз қариб  40 нафар шоиру нависандагоне, ки 30-40 китоб доштанд, аз аъзогии ИНТ  хат зада шудаанд.  Аз соли 1998 то раиси Иттиҳодияи байналмилалии адибон ва табибон шуданам узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будам. Аммо маро ҳам бо сабабҳои номаълум аз сафи он хориҷ карданд. Чунин иттифоқ, ки ба ҷойи муттаҳид кардан пароканда мекунад, иттифоқ нест. 

Лаълҷубаи Мирзоҳасан,

шоир, ВМКБ:

— ИНТ – Иттиҳодияи эҷодии адибони Тоҷикистон мебошад. Аз рӯзҳои аввал ҳадаф аз ташкили он дар он буд, ки ҳамаи шоирон, нависандагон ва эҷодкорон дар як ҷо муттаҳид гардонида шаванд. Бо гузашти солҳо имрӯз низ зарурати мавҷудияти он аз байн нарафтааст. Балки дар шароити имрӯза таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба он ва рушд додани кори ИН муҳим мебошад. Зеро ИН  дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар шуъбаҳои худро дорад, ки ҷавонони эҷодкор ба адибони касбӣ муроҷиат карда, навиштаҳои худро такмил медиҳанд. Ҳамчунин, ИН дар саросари кишвар чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мекунад, адибони гузаштаро ёд карда, шабҳои эҷодии адибони муосирро баргузор менамояд. Ва аз ҳама муҳим ИН маконест, ки аҳли адаб ҳар вақт сарҷамъ шуда, якдигарро мебинанд.

Ширин Тоҳирӣ

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Ҳақиқатҷуй:

    Бо таасуфи калон бояд зикр намуд, ки ИНТ мавқеашро ба пуррагӣ аз даст дода, на ба Иттиҳод, балки ба як ниҳоди ҷудоиандозӣ ва шӯру ғавғо табдил ёфтааст.

    • Донишчу:

      Рохбари навини ИНТ, ки бо тахаллуси Пурри Чахонгир, ки вориди майдони адабиёт гаштааст пурра ИНТ-ро дар назари адибон ва хонандагону мухлисон нотифок кардааст алхазар аз ин гуна рохбарони Бесавод.

  • Нисо:

    ИНТ обуруйи худро кайхо аз даст додааст зеро тамаллуку косалеси аз хад гузаштааст…

  • Фазилат -77:

    Пас аз аъзоги хорич намудан ИНТ сари чандин адибонро хурд….

  • Нусратулло-84:

    Иттифок нест, рохи ноиттифокиро пеша кардаанд, устодони азизу арчманди мо. Ба гуруххои чудо карданд, «ахли адаб»-ро….

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner