Интизор шавед, аз ҳафт гӯшаи шаҳр мушак мепарад

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Шаҳрдории Душанбе дар бораи мушакпарронии идона дар ҷашни имсолаи Наврӯз қарор қабул кардааст. Рустами Эмомалӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе – рӯзи 7 март бо имзои як қарор гуфт, ин тасмим ба хотири «таҷлили бошукӯҳи Иди байналмилалии Наврӯз» гирифта шудааст.

Ӯ дар қарор гуфтааст, мушакпаронии идона аз ҳафт бурҷи Душанбе баъд аз соати нӯҳи шаб дар муддати 5 дақиқа баргузор хоҳад шуд. Дар идома аз раҳбарияти идораи умури дохилӣ, амният, оташнишонӣ ва тандурустии пойтахт хоста шудааст, ки барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти сокинон ва чораҳои зидди сӯхтор тадбирҳои мушаххас андешанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply