• Administrator
  • 21.02.2019
  • 222
  • 0

Исфара: Марди бадмаст соҳибхоназанро корд зад

Меҳмони бадмаст бар ивази меҳмондорӣ ба шиками соҳибхоназани 35- солаи истиқоматкунандаи Исфара корд зад.

Бино ба маълумоти ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Исфара, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, рӯзи 19-уми феврали соли 2019, тахминан соати 08:00-дақиқа, ҳангоми дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматии зани 35-солаи сокини шаҳри Исфара қарор доштанаш, бо корди тамғаи “Финка” 1-маротиба ба шиками зани номбурда задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.