Ишқи Акбар Ҷодхаро хонавайрон кард?

Рози ситораҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Даричаи ошноӣ:

Ному насаб: Раҷат Рамвир Токас.

Санаи таваллуд: 19 июли соли 1991.

Макони таваллуд: Деҳлӣ, Ҳиндустон.

Мучал: Ҷавзо.

Касб: Ҳунарпеша.

Ҷавоне, ки 40 ҳунар дорад

“Ба як мард чил ҳунар кам”-ин масал шояд ҳазор сол пеш пайдо шуда бошад, вале ба назар чунин мерасад, ки ин мақолро дар васфи ҳунарманди ҷавони ҳиндӣ Раҷат Рамвир Токас гуфтаанд. Ин ҷавони сиёҳчашму сиёҳабрӯи чусту чолок бо шарофати бозидани нақши императори бузург Акбар дар филми “Ҷодха ва Акбар” имрӯз на танҳо дар ватанаш Ҳиндустон, балки дар соири ҷаҳон машҳур аст. Раҷат Рамвир Токас 19-уми июли соли 1991 дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ ба дунё омадааст. Аксари мардуми Ҳинд бутпарастанд, вале оилаи аз дини насронӣ пайравӣ мекунанд. Падараш  Рамвир Токас ба андозае ба моҳору лаёқати Раҷат боварӣ дошт, ки ҳатто аз баҳри кораш баромада, оилаашро ба шаҳри Мумбай кӯчонид. Мумбай бо шарофати киностудияи Болливуд дар саросари ҷаҳон машҳур гаштааст ва падари Раҷат мехост писараш дар муҳити кино зиста, барои омӯхтани нозукиҳои синамо тамоми шароитҳоро дошта бошад.

Хушбахтона, кӯшишҳои падар барабас нарафтааст ва Раҷат бо шарофати истеъдоди нотакрору маҳорати хуби актёриаш ба қатори машҳуртарин ҳунармандони синамои Ҳинд дохил шуд, вале…

                                    Қаҳрамони хурдакак

Хонаи онҳо пур аз медал, ифтихорнома ва сипосномаҳои Раҷат мебошад ва аз манзили зист дида, бештар ба музей монандӣ дорад. Ҳанӯз дар синни 5-6-солагӣ вай дар мусобиқаҳои гуногун ширкат варзида, ҳамаро қоил мекард. Дар синни 9-солагӣ ин писарчаи чусту чолок дар мусобиқаи шиноварӣ байни калонсолон ширкат варзида, ҷойи якумро ишғол намуд ва соҳиби медали тилло гашт. Тренерҳо аз дидани маҳорати ин кӯдаки ғайриодӣ ба шавқ омада, Раҷатро ба чемпионати ҷумҳуриявӣ пешбарӣ намуданд. Дар ин мусобиқа низ ин бачаи далер дастболо гашта, медали тилло гирифт. Медали сеюми тиллоро Раҷат аз мусобиқаи аспсаворӣ ба даст овардааст. Раҷат дар ҳоле дастболо гашт, ки рақибонаш нисбат ба худаш хеле калон ва қариб бо падараш ҳамсол буданд. “Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол” гуфтани халқ беҳуда набудааст, ин писараки далер басо чолокона аспро маҳмез зада, мисли бод метохт ва рақибонаш бо даҳони воз монда, чӣ кор карданашонро намедонистанд…

                          Шавқ, агар раҳбар шавад…

Шиноварию асптозӣ шуғли ягонаи Раҷат нест, бар замми ин ҳунарҳояш Токас рассоми хуб буда, мусаввараҳои олиҷаноб мекашад. Дар рақси мардона касе бо ин ҷавони хушқаду қомат баробар шуда наметавонад. Раҷат футболбози моҳир буда, чолокона шамшер мезанад ва умуман аз тамоми ҳунарҳои ҷангӣ баҳравару бохабар аст. Омӯхтани забонҳои хориҷӣ ба осонӣ ба Токас даст медиҳад. Раҷат бо забони инглисӣ озодона суҳбат карда, бо шеваи мардуми гуҷарат ва маратхӣ чунон зебо ҳарф мезанад, ки касе аз ин қавм набуданашро ҳатто пай намебарад. Вай шоҳи фанҳо- математикаро дӯст медорад ва аз рӯйи ихтисос соҳибкор аст, аммо…

                                     Зинаҳои шуҳрат

Баромади аввалини телевизионии Раҷат дар синни 6-солагиаш сурат гирифта буд ва то имрӯз чеҳраи зебои ин ҷавони сиёҳчашму дилкаш аз экран дур нашудааст. Раҷат асосан бо симоҳои таърихии офаридааш машҳур гаштааст. Соли 2005  Раҷат Токас дар сисилафилми “Саи Бабу» нақши Тантиро бозид, баъдан ӯро ба филми «Dharti Ka Veer Yodha Prithviraj Chauhan III» даъват намуда, нақши Притхвирҷ Чауханаи ҷавонро доданд. Филм чунон ба тамошобинон маъқул шуд, ки коргардону сенаристон аз пайи шикор кардани ин ҳунарманди ҷавон шуданд. Соли 2008 Раҷат нақши шоҳзода Вирро дар силсилафилми «Дхарам ва Вир», соли 2010  нақши Кешави ҷавонро дар филми «Кешав ва Пандит», соли 2011 нақши Робиндо Генгулиро  дар силсилафилми «Tere Liy» ва соли 2012 нақши Анушкаро дар силсилафилми «Fear Files: Darr Ki Sacchi Tasvirein» бозидааст. Раҷат Токас нақшҳои ба зимма гирифтаашро чунон моҳирона мебозид, ки коргардонҳо маҷбур мешуданд ба ҷойи 20-30 серияи пешбинишуда филмҳои худро 200-300 сериягӣ ба навор бигиранд. Ҳамин тавр бо шарофати ҳунари нотакрораш соли 2007 Раҷат Токас сазовори унвони “Ҳунарманди беҳтарин дар ITA» гашт…

                                       Ҷодха ва Акбар

Дар байни қаҳрамонҳои офаридаи Раҷат Токас нақши шоҳаншоҳ Ҷалолиддин Акбар аз силсилафилми “Ҷодха ва Акбар” мақоми хос дорад. Ҷалолиддин Акбар дар таърихи Ҳиндустон яке аз қавитарин императорон ба шумор рафта, сарзамини паҳновари Ҳинд маҳз бо шарофати ҳамин шоҳаншоҳи одил обод гаштааст. Дар Ҳиндустон то  имрӯз қасрҳои бошукуҳ ва бинову ёдгориҳои аҷиби таърихие боқӣ мондаанд, ки маҳз дар даврони ҳукмронии шоҳаншоҳ Ҷалолиддин Акбар бунёд ёфтаанд. Мардуми Ҳинд ба ин шоҳи одил ва меҳру муҳаббати хос дошта, ӯро қаҳрамон мешуморанд. Коргардонҳо хуб медонистанд, ки офаридани нақши ин императори бузург кори саҳлу осон нест, аз ҳамин сабаб ба кастинг зиёда аз 800 ҳунармандро ҷалб намуда, муддати тӯлонӣ чеҳраи арзанда ҷустанд. Аз байни 800 актёр, ки дар байнашон ҳунармандони машҳури Болливуд хеле зиёд буданд,  танҳо ба Раҷат Токас муяссар гашт, ки аз тамоми санҷишҳо бо сари баланд гузарад. Маҳорати ҷанговарӣ, асптозӣ, шамшерзанӣ ва дигар ҳунарҳои дар даврони кӯдакӣ омӯхтааш ба Раҷат Токас имкон дод, ки нақши шоҳаншоҳро табиӣ ва боварибахш офарад. Ҳамин буд, ки ин филм ба зудӣ машҳур гашта, на танҳо дар худи Ҳиндустон, балки дар хориҷи кишвар низ тамошобинони зиёде пайдо намояд. Дар Тоҷикистон низ силсилафилми “Ҷодха ва Акбар” мухлисони бисёре дорад. Мардум ҳар ҳафта бо беқарорӣ қисматҳои нав ба нави филмро интизор мешаванд, то аз воқеаву ҳодисаҳои ба сари шоҳ ва маҳбубааш меомада огоҳӣ пайдо намоянд…

Ишқи Акбар Ҷодхаро хонавайрон кард?
Нақши Ҷодхаро дар силсилафилми “Ҷодха ва Акбар” актрисаи ҷавону зебо Придхи Шарма офаридааст. Придхи низ мисли Раджат ҳунарманди асил буда, ҳамеша нақшҳояшро ҷаззобу самимӣ мебозад. Муносибати гармӣ ин ду ҳунармандро дар нақши зану шавҳари ошиқ- шоҳаншоҳ Акбар ва ҳамсари дӯстдоштааш Ҷодха дида, баъди ба экран баромадани филм душманон овоза карданд, ки онҳо дар ҳақиқат ошиқу маъшуқ ҳастанд ва шабҳоро дар оғӯши ҳам саҳар мекунанд.

Баъзе ҳангомасозон бо забони дароз мегуфтанд, ки шавҳараш Придхиро дар оғӯши Акбар дошта, талоқ додааст, вале дар асл чунин набуд. Дар ҳақиқат пайдо шудани овозаю ҳангомаҳо дар бораи ишқу муҳаббати Придхи ва Раҷат боиси рашки шавҳари Придхи гашт. Онҳо ҳамагӣ чанд моҳ пеш аз оғози ин сериал тӯй шуда буданд ва шавҳараш метарсид, ки Придхиро аз даст медиҳад, вале Раҷат тавонист исбот намояд, ки ӯ ва Придхи танҳо дар экран зану шавҳар ва ошиқу маъшуқ ҳастанду халос. Дар асл Придхи барои ӯ мисли апааш аст ва барояш хушбахтӣ мехоҳад.Раҷат Токас соли 2015 бо зебосанам Шришти Найяр, ки ҳунарманди театр мебошад, оила барпо намуда, ҳаёти ширин ба сар мебарад…

Таҳияи Шаҳло Ниёзова  


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply