Ишқи миллиардери ҷавон

Рози ситораҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Даричаи ошноӣ:
Ном: Алсу.
Насаб: Абрамова.
Санаи таваллуд: 27. 06. 1983 (34- сола).
Макони таваллуд: Тотористон.
Қад: 172 см.
Вазн: 48.
Касб: Сароянда, ҳунарпешаи кино.
Вазъи оилавӣ: Оиладор, модари се фарзанд.

                                        Духтари сенатор

Сарояндаи машҳури рус Алсу дар Ҷумҳурии Тотористон дар оилаи сенатор ба дунё омада, ду бародар дорад: Марат ва Ренард. Волидонаш  пайравони дини ислом мебошанд. Алсу духтари ягона ва эркаю азизи падари воломақом ва сарватмандаш буда, мисли шоҳдухтарҳо дар нозу неъматҳои дунёӣ ғутта зада ба воя расидааст.

                                              Снегурочка

Замони кӯдакии Алсу ба падараш дар қисмати Шимол вазифаи калон доданд ва аҳли оиларо лозим омад, ки ба Когалим кӯч банданд. Иқлими он ҷо ниҳоят сард буда, дар фасли зимистон ҳарорати ҳаво то ба -45°С мерасид. Алсуи хурдакак дар барфи қаҳратун ҳар субҳ роҳи дарозеро тай карда, ба мактаби мусиқӣ мерафт, то нозукиҳои ҳунарро аз худ намояд.

                                           Шоҳдухтари сайёра

Ҳангоме, ки Алсу 9- сола буд, волидонаш ба Маскав кӯч бастанд, вале ин снегурочкаи хурдакак дар пойтахти Русияи абарқудрат зиёд намонд. Падараш ӯро барои омӯхтани илмҳои замонавӣ ба Амрико равон кард. Алсу мисли шоҳдухтарҳои афсонавӣ, ки корашон танҳо сайру саёҳат кардан аст, ҷаҳонгардиро пеша намуда, баъди илмомӯзӣ дар Амрико чанд соли умрашро дар Дания ва Лондон гузаронида, ба ғайр аз санъати мусиқӣ ҳамчунин нозукиҳои ҳунари рассомӣ ва математикаро омӯхт…

Базми тақдирсоз

Соли 1998 Алсу дар тӯйи арӯсии бародараш суруди сарояндаи машҳури хориҷӣ Уитни Хюстонро иҷро намуда, меҳмононро дар ҳайрат гузошт. Тамоми ёру ошноҳои падари воломақомаш бо шунидани садои ширин ва дилнишини Алсу  ба ваҷд омада, маслиҳат доданд, ки ҷиддӣ аз пайи такмил додани ҳунараш шавад, зеро вай ояндаи дурахшон дорад ва аз ӯ сарояндаи номдор мебарояд.

Пас аз тӯй падараш Алсуро ба назди продюссери машҳур Валерий Белосерковский бурд. Вохӯрӣ бо ин марди гавҳаршинос зиндагии ин духтараки ҷавон, вале панҷ панҷааш ҳунарро куллан тағйир дода, роҳи Алсуро ба олами шоу-бизнес кушод.

Роҳ ба кӯйи ҳунар

Бо роҳбарӣ ва кӯмаки Валерий Белосерковский Алсу суруди нахустинашро бо унвони  «Зимний сон» сабт намуд. Ин тарона беш аз як миллион мухлис пайдо карда, номи Алсуро дар саросари Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ вирди забони хурду калон гардонд. Бо сабти ҳар як клипи нав сафи мухлисони ин сарояндаи ҷавон афзун мегашт, вале Алсу бо ин қаноат накарда, омӯзиши забонҳои хориҷиро давом медод, то ки тамоми дунёро тасхир намояд…

Алсу Алла Пугачёваро қоил кард

Соли 2000- ум ба Алсуии 16- сола муясар гашт, ки Русияро дар озмуни “Евровидения” намояндагӣ кунад. Он вақтҳо Русия дар ширкат дар чунин озмунҳои баландпояи мусиқавӣ таҷрибаи кофӣ надошт. Аз миёни сарояндаҳои номдори Русия ба касе муяссар нагашта буд, ки ба даҳгонаи аввал дохил шавад, ҳатто примадонна Алла Пугачёва дар Евровидения зинаи 15 умро ишғол карда буд, аз ҳамин сабаб касе аз сарояндаи ҷавону бетаҷриба умеди ғолибият надошт. Ҳама мегуфтанд, ки муҳимаш дар озмун иштирок кардан аст, вале ғайричашмдошт Алсу бо садои дилнишин ва маҳорату санъати баланди сароидани суруд бо забони англисӣ дили миллионҳо мухлисони Евровиденияро тасхир карда, сазовори ҷойи дуюм гашт. Алсу дар таърихи “Евровидения” ҷавонтарин иштирокчии ин озмуни баландпоя ба шумор рафта, рекорд гузошт. Соли 2001 Алсу “Машҳуртарин сарояндаи сол” дониста шуд, соли 2003 бошад, барандаи ҷоизаи мусиқавии “Муз-ТВ” гашта, дар ин сабқат ҳатто Валерия ва Алла Пугачёваро гузашт.

Пас аз ғолибият дар “Евровидения” Алсу на танҳо дар Русия, балки дар тамоми Аврупо машҳуру маҳбуб гашт. Вай бо сарояндаи машҳур Энрики Иглесиас дуэт суруда, нисфи ҷаҳонро тасхир кард. Алсу аввалин ситораи шоу-бизнеси рус буд, ки бо холдинги сабти овози амрикоии «Universal» контракти дарозмуддатро бо сабти 7 албом бо забони англисӣ дар 35 кишвари ҷаҳон имзо кардааст.

Ситораи синамо

Ба ҷойи ӯ каси дигар мебуд, шояд сараш аз шуҳрат чарх зада, дигар назараш оламу одамро намегирифт, вале Алсу бойдухтари машҳур бошад ҳам, бисёр хоксору заминӣ буд ва ҳамеша кӯшиш менамуд, ки қуллаҳои нав ба навро фатҳ намояд. Ин зебосанам бо мақсади омӯхтани нозукиҳои касби актёрӣ  ҳуҷҷатҳояшро ба Академияи санъати театрии рус супорид ва дере нагузашта дурустии мақоли халқии машҳури “Шахси болаёқат дар ҳама ҷода болаёқат аст”- ро дар амал исбот намуд.  Аввалин нақшашро дар синамо Алсу дар филми хориҷии «Spirit Trap» («Ловушка для духа»)-и и режисёр Девид Смит басо ҷолиб офарида, дӯстдорони синаморо қоил кард. Дера нагузашта, вай дар филми дигар, ки «Виват, Анна Иванновна!” ном дошт, нақши Светлана Дружининаро басо табиӣ бозида, собит сохт, ки вай дар ҷодаи синамо низ ситора аст. Алсу махсус бари ҳамин нақш мӯйи сарашро бо ранги сафед ранг карда, аспсаворӣ ва забони немисиро омӯхт.

Ишқи миллиордери ҷавон

Моҳи апрели соли 2005 дугонаи наздикаш Арина Алсуро бо соҳибкор ва миллиордери ҷавон Ян Абрамов шинос кард. Паричеҳра аз нигоҳи аввал дили Янро тасхир намуд. Вай тамоми роҳу воситаҳоро истифода мебурд, то ки дили ин маликаи ҳунарро ба даст биёрад. Кӯшишу талошҳои ин ҷавонмарди сарватманд ва олиҳиммат беҳуда нарафтанд, дере нагузашта Алсуи нозанин ба Абрамови ҷавону зебою пурҳарорат дил бохт.

Тӯйи шоҳона

Абрамов ҳамагӣ пас аз ду моҳи шиносоияшон дасту дили ин зебосанамро пурсон шуд ва Алсуи паричеҳра бо ҷону дил ба издивоҷ бо миллиардери ҷавон розигӣ дода, аз пайи дӯхтани куртаи арӯсӣ шуд. Қариб шаш моҳ дар фотиҳа истода, арӯси шуҳратманду домоди серпул  хислату хӯйи ҳамдигарро омӯхтанд ва ба хулосае омаданд, ки Худованд онҳоро барои ҳамдигар офаридааст. Моҳи марти соли 2006 Алсу расман ба миллиардери ҷавон Ян  Абрамов ба шавҳар баромад. Маросими ақди никоҳи онҳо дар зали консертии “Росия” ба таври пуршукуҳ барпо гашт. Саҳнаро бо матои лолагун рӯйпӯш намуда буданду ба назар чунин мерасид, ки меҳмонон дар байни дарёи пургул мерақсанд. Мизи арӯсу домод дар болои гули лотоси калон меистод. Дар ин базми шоҳона зиёда аз 600 нафар меҳмонони олиқадр иштирок карда, барои хушбахтии ин ҷуфти зебо қадаҳ бардоштанд.  Дар қатори меҳмонони воломақом ҳатто мири ҳамонвақтаи шаҳри Маскав Юрий Лушков низ домоду арӯсро табрик карда, барояшон бахти сафед ва хонаи пур аз бачаро орзу кард.

Моҳи асалро ин домоду арӯси хушбахт дар Архипилаги Фиҷи ба таври афсонавӣ гузарониданд.

                                       Модари меҳрубон

7-уми сентябри 2006 Алсу дар яке аз калонтарин ва машҳуртарин шаҳрҳои Амрико-Лос Анҷелос фарзанди нахустинашро ба дунё овард. Духтарча мисли як себи дукафон ба модараш монанд буд ва аҳли оила қарор доданд, ки навзодро Сафина ном мениҳанд. Ҳамагӣ се моҳ пас Алсуи хушбахту масрур дар барномаҳои солинавӣ ширкат варзида,  ҳамагонро бо қомати мавзун ва ҳайкали зебояш дар ҳайрат гузошт. Бовар кардан душвор буд, ки ин зани мурчамиёну фариштарӯй  ҳамагӣ 3 моҳ пеш кӯдак таваллуд кардааст ва ҳоло тифли ширмак дорад. Якуним сол пас Алсу духтари дуюмаш Макелларо таваллуд кард. Ҳамагон гумон доштанд, ки зебосанам бо ҳамин иктифо намуда, аз паси карера мешавад, вале баъди ҳашт сол Алсуи табиатан кӯдакдӯсту меҳрубон боз ҳомиладор шуда, писарчааш Рафаеллро ба дунё овард.

Одатан занҳои сарватманду машҳур ҳамеша думболи шуҳрат медаванд, вале барои Алсу оила бисёр муқаддас аст. Вай ҳаргиз имкон намедиҳад, ки ғайбатчиҳо рафтору кирдорашро дида, дар ҳаққи ӯ овозаю ҳангома паҳн намоянд. Ба машҳуриаш нигоҳ накарда, вай бисёр зани вафодор аст ва ҳаргиз ба ҳамсараш хиёнат намекунад, зеро волидонаш ҳамчун мусулмонҳои асил аз кӯдакӣ ӯро дар руҳияи динӣ тарбият намудаанд. Алсу ба Худо боварию эътиқоди самимӣ дорад ва намехоҳад бо ягон рафтори ноҷояш Худованди меҳрубонро озурда сохта, ба ғазаби парвардигор гирифтор шавад…

Шаҳло Ниёзова

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply