Ишқи пурдарди зани аробакаш

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Саргузашти Лайлии қазоқ, ки ба хотири Маҷнуни тоҷик тарки Ватан намуда, ба азобҳои алим гирифтор шудааст

Ӯ шояд дар тамоми Тоҷикистон ягона зане бошад, ки дар қатори мардон дар бозор ароба кашида, бо арақи ҷабин рӯзи худ ва чор фарзандашро мегузаронад. Ин ҷавонзан аслан қазоқ аст, вале забони тоҷикиро аз баъзе тоҷикони забонгумкарда хубтар медонад. Элмираро ба Тоҷикистон ишқу муҳаббат овардааст. Ба хотири як ҷавонмарди тоҷик ӯ аз баҳри Ватан, падару модар ва зиндагии шоҳона дар зодгоҳаш Қазоқистон гузашта ба диёри мо омад, аммо ишқи  тоҷикбача ба ин духтари қазоқ ба ҷуз дарду ранҷу азоб дигар чизе надод…

Духтари лётчик

Элмира дар шаҳри зебои Остона ба дунё омадааст. Падараш Утаганов Бозорбой лётчик-ҳавонавард, модараш Гулмира бошад, устоди яке аз донишкадаҳои бонуфузи Қазоқистон буд. Элмира дар оила фарзанди ягона буд, аз ҳамин хотир падару модараш ба қавли пиронсолон ба ҷони ӯ бечора буданду тамоми нозу нузашро ба дида мебардоштанд. Духтари нозпарварди лётчик гули чизро хӯрда, гули чизро мепӯшид. Элмираи эркача дар сояи давлати падару модараш ба воя расида, чӣ будани фақру бенавоиро намедонист, вале тақдир бо духтари лётчик бозии бераҳмонае оғоз намуда, ӯро аз арш ба фарши сиёҳи бадбахтию нокомиҳо афканд…

Дилсӯзии тақдирсӯз

Ҳангоми дар синфи 7-ум хонданаш як рӯз баъди анҷоми дарсҳо бо ҳамсинфонаш аз ину он суҳбаткунон ба хона меомаданд, ки баногаҳ дар канори роҳ чашмашон ба ҷавони ба хоку хун оғуштаи бе ҳушу бе ёд хобидае афтид. Қазоқдухтарони раҳмдил дарҳол дар атрофи ин ҷавони ношинос ҷамъ шуда, набзашро санҷиданд. Ҷавони зинда, аммо аҳволаш чунон бад буд, ки базӯр нафас мекашид. Духтарҳо бо як азоб ӯро ба ҳуш оварданд ва сабаби ба ин ҳол афтиданашро пурсиданд. Ҷавон бо забони шикастаи русӣ фаҳмонд, ки Субҳон ном дорад, аслан тоҷик ва зодаи Тоҷикистон аст. Аз гуруснагӣ даст ба дуздӣ задааст ва бачаҳои қазоқ барои ин кораш ӯро ҷазо дода, мурданивор задаанд. Дили ин духтарчаҳои нав ба синни 14 қадам гузошта ба ҳоли тоҷикбачаи дасту пояш шикаста сӯхт ва ба андеша рафтанд, ки чӣ тавр ба ин мусофир ёрӣ расонанд.

Элмира ба дугонаҳояш гуфт, ки бояд яке аз онҳо ин тоҷикбачаро ба хонаи худ бурда табобат кунад, вале дугонаҳояш аз тарси падару бародаронашон розӣ нашуданд. Духтарак маҷбур шуд, ки ҷавони захмии сару рӯяш пур аз хоку хунро ба хонаи худашон барад…

Исёни падар

Шоми он рӯз дар манзили тинҷу осудаи Утагановҳо шӯру валвала барпо шуд. Бозорбой Утаганови лётчик бо шунидани он ки духтараш як тоҷикбачаи дуздро ба хона овардааст, қариб девона шуда, бо тамоми овоз дод мезад: «Эй духтари беақл, ту киро ба хона овардӣ? Ин бача дузд будааст. Аз дасти ин тоифа ҳама кор меояд. Раваду пагоҳ тамоми чизу чораи хонаро дуздида равад ё ягон фалокати дигарро ба сарамон биёрад, он гоҳ чӣ кор мекунӣ?! Зудтар ӯро дафъ кун…»

Элмира бори аввал ба пеши пойи падараш афтида, пойҳои ӯро бӯсакунон зорӣ намуд, ки ин ҷавони захминро аз дар берун накунад, охир вай ғариб аст ва аз гуруснагӣ даст ба дуздӣ задааст…

Билохира, ашку зориҳои яккадухтари эркааш дили Бозорбойро нарм намуданд ва зери лаб ғур-ғуркунон ин тоҷикбачаи ношиносро ба мошинаш шинонда ба беморхона бурд…

Беҳтар аз падар

Муддати 6 моҳ аҳли оилаи Утагановҳо бо навбат ба аёдати Субҳон рафта, барои ин ҷавони ғариб доруву дармон ва хӯрокворӣ мебурданд. Субҳон дар ин муддат бо меҳрубонию хушгӯӣ чунон ба дили падари Элмира роҳ ёфт, ки лётчики дилсӯз ин тоҷикбачаи бе касу кӯйро ба фарзандӣ қабул намуда, писархонд гирифт.

Пас аз шаш моҳи табобати пайваста бо шарофати падархондаш Субҳон аз марг раҳида, ҷони тоза ёфт ва ӯро аз беморхона ҷавоб доданд. Бозорбой Утаганов писархондашро аз бемористон ба хонаи худаш бурда, ба шарофати шифо ёфтанаш ба ӯ мошин туҳфа кард. Шахси дигар мебуд, дар подоши некиҳои ин марди наҷиб умре хизматгори дараш мешуд, вале ин тоҷикписари кӯрнамак нон хурда, дар намакдони ин хонадон, ки ӯро аз кӯча ёфта, аз марг наҷот дода будан, бераҳмона туф кард…

Кӯрнамак

Дар ин миён Элмира ба синфи 8 гузашта буд. Рӯзе волидонаш ба хонаи яке аз хешовандони раҳдурашон ба тӯй рафтанӣ шуданд. Утаганов чун ҳамеша писархондашро бо худ ҳамроҳ бурданӣ шуд, вале Субҳон худро касал вонамуд карда, аз сафар сарпечӣ намуд. Падари Элмира ба Субҳон пул дод, ки аз пайи табобати худ шавад ва бо дили пур фарзанди ягонаашро бо писархондаш дар хона танҳо монда ба маърака рафт.

Субҳон баъди рафтани волидони Элмира дарҳол ба дорухона рафту ким-чихел дору харида овард. Баъдтар Элмира фаҳмид, ки он рӯз Субҳон аз дорухона доруи мадҳушкунанда оварда, ба косаи хӯроки вай рехта будааст. Баъди ба ҳолати мадҳушӣ афтидани духтараки ноболиғ Субҳон ба номуси Элмираи 15-сола таҷовуз карда, домони исматашро доғдор кард. Шояд миқдори доруро бисёртар андохта буд, ки духтар ҳеҷ аз хоб бедор намешуд…

Сирри фошгашта

Бозорбой Утаганов ва ҳамсараш аз тӯй баргашта, духтари яккаву ягонаашонро мисли мурда беҳушу беёд диданду дуд аз димоғашон баромад. Онҳо бо чашмони пуроб фарзанди нозпарвардашонро ба беморхона бурданд. Табибон баъди муоина гуфтанд, ки духтарак таҷовуз шуда, таҷовузкор ба ӯ доруи мадҳушкунанда хӯрондааст.  Бозорбой Утаганов аз писархондаш гумонбар шуда, ӯро зери мушту лагад гирифт, вале «забони ғару дузд дароз аст» гуфтагӣ барин, Субҳон гуноҳашро ҳеҷ ба гардан нагирифта, мегуфт, ки онҳо ӯро туҳмат карда истодаанд. Лётчик маҷбур шуд, ки милиса ҷеғ занад. Кормандони мақомоти тафтишотӣ ба тафтиши қазияи ба хонаи Утагановҳо омада, ҷои ҳодисаро аз назар гузаронданд ва аз сатили партов қуттии доруи мадҳушкунанда ёфта, ба дастони Субҳон завлона заданд ва ӯро бо худ бурданд…

Макри ҷинояткор

Рӯзи дигар муфаттиши бо тафтиши парвандаи Субҳон машғул буда хабар дод, ки фурӯшандаи аптека ҷавонро шинохта, чанд рӯз пеш доруи мадҳушкунанда харидани ӯро тасдиқ намудааст у тоҷикбачаи кӯрнамак барои таҷовуз ба номуси Элмираи ноболиғ 18- соли умрашро дар пушти панҷара мегузаронад.

Бо шунидани ин хабар ба дили Элмира оташ афтид. Андешаи он ки вай сабаби зиндонӣ шудани ин ҷавони мусофир гаштааст, духтаракро ҳеҷ ором намегузошт. Вай қарор дод, ки аз волидонаш пинҳонӣ ба дидорбинии Субҳон меравад, то бори охир ӯро бубинад.

Дар боздоштгоҳи муваққатӣ ин ҷавони маккор ба пеши пойи духтар афтида гиряву зорӣ кард, ки аз гуноҳаш гузарад ва ба Элмира изҳори муҳаббат намуда, ваъда дод, ки ӯро ба занӣ мегирад. Элмира хуб медонист, ки падараш ҳеҷ гоҳ аз гуноҳи Субҳон намегузарад, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо кадом роҳе набошад, ин ҷавони мусофирро аз маҳбас халос кардан мехост. Субҳони ҳилагар ба андеша рафтани духтарро дида, роҳи халосиро худаш ба Элмира нишон дод ва қасам хӯрд, ки агар ин корро кунад, як умр ӯро рӯйи даст бардошта мегардад ва намемонад, ки ба пояш хоре халад…

Дуздӣ аз хонаи  падар

Бозорбой Утаганов ҳеҷ гоҳ пулҳояшро аз зану фарзандаш пинҳон намекард ва хазинаи ӯ то андозае аз бастаҳои пул пур буд, ки вақте Элмираи 15-сола ба хотири наҷот додани Субҳон аз мабҳас аз хонаи худашон 10 ҳазор доллар дуздид, падараш аз кам шудани пулҳояш ҳатто дарак наёфт.  Ин пул ҷони ҷавони кӯрнамакро харид, вале вақти аз мабҳас раҳо кардани Субҳон муфаттишон таъкид намуданд, ки агар дар бадали 10 рӯз тӯй карда зану шавҳар нашаванд, онҳо маҷбур мешаванд, ки дубора ба дастони Субҳон завлона зада, ҳабс кунанд…

«Бойбача»-и сохта

Элмира аз набудани волидонаш истифода бурда, Субҳонро боз ба хонаашон овард ва дар яке аз утоқҳо пинҳон кард. Акнун бояд ҳарчи зудтар аз пайи барпо намудани тӯй мешуданд, вале Субҳон дар кисааш як тини пучак ҳам надошт. Боз бо маслиҳати Субҳон Элмира аз хазинаи падар бастаҳои пулро дуздида, ба дасти ошиқаш дод ва фаҳмонд, ки аз бозор чор аспу чор шутур ва як гову як гӯсола харида биёрад ва ин ҳамаро ҳамчун қалинг ба падараш диҳад.

Утаганов бо нияти хостгорӣ аз дараш даромадани Субҳонро дида, ба шӯр омад. Вақте Субҳон ба назди пояш афтида, бахшиш пурсиду қалинги овардаашро пешниҳод намуд, лётчик ҳеҷ сарфаҳм рафта  наметавонист, ки ин бачаи бесоҳиб ин қадар пулро дар чунин муддати кӯтоҳ аз куҷо пайдо кардааст. Вай намехост тақдири фарзандашро ба дасти ҷавоне супорад, ки ба қадри некӣ нарасида ба номуси духтараш таҷовуз намудааст, вале дар байни ҳаққу ҳамсояҳо аллакай қиссаи доманбохта гаштани Элмира паҳн гашта, боиси бадномӣ гашта буд. Бозорбой Утаганов маҷбур шуд, ки ба хотири бастани даҳони ғайбатчиҳо аз ҳисоби худаш тӯй карда, духтарашро ба Субҳони носипос диҳад…

Хонадомод

Навхонадорон тақрибан як сол дар хонаи волидони Элмира зиндагӣ карданду рӯзе Субҳон масъалаи ба Тоҷикистон баргаштанро ба миён гузошт. Бозорбой Утаганов ва занаш комилан зидди ба Тоҷикистон рафтани духтарашон буданд, вале Субҳон ваъда дод, ки онҳо ҳамагӣ як ҳафта меҳмонӣ мераванд ва падару модарашро аёдат намуда, дубора ба Остона бармегарданд. Утагановҳо ба қавлу қасами домодашон бовар карда, духтарашонро бо савғотиҳои зиёд ба фурудгоҳ оварданд ва ба дасти домодашон пули бисёреро дода, хоҳиш намуд, ки Элмираро эҳтиёт кунад ва зудтар баргарданд…

Аз орзу то ҳақиқат

Элмираи 15-сола бехабар аз он ки дар Тоҷикистон ӯро чӣ интизор аст, бепарвоёна дар паҳлӯи шавҳараш нишаста, ба кишваре сафар намуд, ки на забонашро медонисту на урфу одаташро. Духтараки сода фикр мекард, ки падару модари Субҳон низ мисли волидони ӯ дар хонаҳои замонавии шаҳрӣ умр ба сар мебаранду зиндагии серу пури шоҳона доранд, вале баъди ба Тоҷикистон расидан, онҳо боз ба чанд нақлиёти дигар нишаста, ба яке аз деҳаҳои дурдасти Муъминобод рафтанд.  Хушдомани тоҷикаш аз рӯзи аввал алови чашми келини қазоқро гирифтанӣ шуда, ҳанӯз кӯфти роҳашон набаромада, маҷбур кард, ки Элмираи ноболиғ хамир шӯрида, дар танӯр нон пазад ва аз пайи кору бори хонаи калону серодами онҳо шавад.

10- соли пуразоб

Азобу машаққатеро, ки Элмира дар давоми даҳ соли зиндагӣ дар хонаи хушдоман аз сар гузаронд, фақат худаш медонаду Худованд. Эркадухтари лётчики қазоқ дар хонаи падару модараш дасташро ба оби хунук намезад, вале дар хонаи хушдоман ба як канизаки бе ҳуқуқ табдил ёфт. Ҳанӯз чашми рӯз накафида, хушдоманаш ӯро аз хоб бедор мекард ва ба ҷону ҳолаш намонда, маҷбур месохт, ки говҳоро ҷӯшад, нон пазад, ҳавлӣ рӯбад, ба кори саҳро равад. Духтари ноомӯхт аз уҳдаи ягон кор набарояд, хушдоману хоҳаршӯйҳояш ҳамакаса ӯро зери мушту лагад мегирифтанд. Гов сатили ширро бо лагад зада афтонад, Элмира шатта мехӯрд, бузҳо ягон шохаи дарахтро хоянд, Элмира шатта мехӯрд, дегдон аз ҳад гарм бошаду ягон нон сӯзад ё афтад, Элмира шатта мехӯрд, хулоса, пайвандонаш бо ҳар баҳона ӯро чунон мезаданд, ки гову харро ин қадар бераҳмона намезананд.

Келин не, канизак!

Элмира рӯзи дароз ғуломи ҳалқабаргӯш барин мурданивор кор карда, чунон монда мешуд, ки бегоҳ базӯр ҷисмашро ба бистари хоб кашола мекард. Аз хастагии зиёд баъзан саҳаргоҳон вақти ҳавлирӯбӣ ҷорӯб дар даст хобаш бурда мемонд. Пайвандони шавҳараш ғанаб кардани ӯро дида бо шатта бедораш мекарданд.

Акнун Элмира тайёр буд, ки пойҳояшро монда бо дастонаш аз ин хонаи ба ҷаҳаннам монанд гурехта равад, вале наметавонист бо волидонаш дар тамос шавад. Шавҳари бераҳмаш борҳо ба падари Элмира занг зада, бо ҳар баҳона аз ӯ пул ситонда бошад ҳам, имкон намедод, ки вай дар танҳоӣ бо волидонаш суҳбат карда, ҳолу аҳволи худро дар ин деҳаи дурдаст ба пайвандонаш фаҳмонад. Элмира барои Субҳон ба як манбаи даромад табдил ёфта буд ва ҳар гоҳ, ки бе пул монад, ба хусуру хушдоманаш занг мезад, то ки ба хотири духтарашон ба ӯ маблағ равон кунанд…

Шикасти умед

Бо ҳамин азобҳо Элмира ҳомиладор шуда, якбора ду духтарча таваллуд кард. Субҳон ба Қазоқистон занг зада, аз хусуру хушдоманаш шодиёна гирифт ва ба падари Элмира ваъда дод, ки чанд рӯз пас духтару набераҳояшро ба Қазоқистон гусел мекунад. Бозорбой Утаганов дарҳол барои чипта ва шиноснома маблағ фиристод, вале Субҳон пулҳои аз Қазоқистон ирсол намудаи хусурашро дар як дам обу лой карда, симкортро дар пеши чашми Элмира шикаст ва гуфт, ки умедашро аз бозгашт ба Остона канад.

Падари духтарбезор

Баъди чанд соли зиндагии пурмашаққат Элмира боз ҳомиладор шуд ва ин навбат низ дугоник зоид. Тавлиди дугоник дар ҳаёти инсон ҳодисаи фараҳбахштарин аст, вале Субҳони носипос ба ҷойи Худоро шукр гуфтан бо баҳонаи он ки Элмира фақат духтар мезояд, зану фарзандонашро ба мошин бор карда ба пойтахт оврад. Вай Элмираро бо чор духтараш дар назди гузаргоҳи зеризаминии бозори «Саховат» аз мошин фароварда, таъкид намуд, ки аз ҳамин рӯз эътиборан роҳи хонаи онҳоро фаромӯш созад. Дар он хона дигар барои вай ва духтарҳояш ҷой нест!

Овораю сарсон

Бо ҳамин Элмира дигар шавҳарашро надида, муддати  11 моҳ бо фарзандони хурдсолаш дар гузаргоҳи зеризаминӣ зиндагӣ кард ва бо талбандагиву гадоӣ рӯзашро гузаронд. Дили нозирони минтақавӣ ба ин зани бе пушту паноҳ ва фарзандонаш сӯхта, Элмира ва духтарчаҳояшро аз масту авбошон ҳимоя мекарданд, вале дар ҳавои сард дар рӯйӣ бетон хобидан таъсири худро гузошту якбора ду духтараш мубталои бемории сил гаштанд.

Рӯзе як марди наҷиб, ки Элмира аз ӯ чун акаи Раҳмоналӣ ном мебарад, ин зани бесоҳибро бо фарзандонаш ба манзили худ бурд. Элмира сару либоси фарзандонашро, ки моҳҳо обу собунро надида буданд, шуста, шикамашонро сер кард, вале баъди чанд рӯзи меҳмонӣ виҷдонаш набардошт, ки аз ин беш аъзоёни оиларо нороҳат созад…

Зани аробакаш

Вай фарзандонашро гирифта, ба ҷустуҷӯи кор ба бозори Гипрозем омад. Одамони хайрхоҳе пайдо шуданд, ки ба ӯ ароба доданд ва ҳамин тавр Элмира дар қатори мардон ба аробакашӣ шурӯъ кард, то кӯдаконаш аз гуруснагӣ намиранд.

Акнун ин қазоқзани бо нангу номус аз субҳ то шом дар баробари мардон ароба мекашад ва борҳои вазнини одамонро аз манзил ба манзил бурда, ризқу рӯзии духтарчаҳояшро бо ҳамин роҳ меёбад…

Элмира чӣ мехоҳад?

  Баъди он ки сарнавишти Элмира расонаӣ гашт, нафарони зиёде ба ӯ занг зада, мехоҳанд барои ба Ватан баргаштанаш мусоидат намоянд. Вақте аз Элмира пурсон шудам, ки магар дар тӯли ин қадар солҳо боре волидонаш ба кофтукоби ӯ набаромадаанд, бо чашмони пурашк гуфт:

-Шояд чандин бор ба Душанбе омада бошанд, вале суроғаи аниқамро намедонистанд, аз куҷо маро меёфтанд.

-Айни замон дар куҷо зиндагӣ мекунед?

-Дар «Саховат», дар хонаҳои 5 сомона.

-Хонаҳои 5 сомона чӣ гуна хонаҳоянд?

-Барои нафарони бесарпаноҳу бесоҳиб хоначаҳои майда-майдае сохтаанд, ки 5 сомонӣ дода, шабро дар он ҷо рӯз кардан мумкин аст.  Ман бо фарзандонам 10 сомонӣ медиҳам.

-Чаро шумо ин қадар месулфед? Магар беморед?

-Намедонам, шояд касал бошам.

-Духтарчаатон мегӯяд, ки дар автобус очама ҳақорат карданд?

-Бале, ба ҳар нақлиёте, ки савор шавем, барои фарзандонам аз ман пул мепурсанд. Аҳволи моро мебинанд, вале инсоф надоранд. Имрӯз ҳам пулчинаки автобуси 18 рақами давлатияш 41-18  барои пул надоданам маро дашноми қабеҳ дод. (Зан гиря мекунад)

-Имрӯз мо ба шумо имкон фароҳам меорем, ки аз минбари ин ҳафтаномаи бонуфуз ҳар гуфтание, ки доред, баён намоед.

-Ман аз нафароне, ки имкони кӯмак расонидан доранд, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба доди ману фарзандони бесоҳибам расида, барои ба ватани аҷдодиам баргаштан ёрӣ расонанд. Умедворам, ки волидонам ҳанӯз ҳам роҳи маро мепоянд. Медонам, ки дар наздашон гунаҳкорам ва дар ҷавонӣ беақлӣ карда, худро ба доми бало печонидам, вале оби рехтаро бардошта намешавад…

-Рафту ба Қазоқистон баргардед, хонаатонро меёбед?

-Меёбам, шаҳри Остона, кӯчаи Алишер Навоӣ.

-Умедворем, ки Худованд шуморо ба дидори наздиконатон мушарраф мегардонад!

Н. Раҷабова

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • чи қадар духтари беақл будааст, худаш худашро ба ин аҳвол гирифтор кардааст, ё афсонааш ба ҳақиқат рост наомада истодааст. тоба ҳамихе духтарои сабукандешаям буден да ….

Leave a Reply