Ишқи шайтони пир

Номаҳо, НТМ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

“Аз Худо шарм доред, охир ман духтаратон мешавам” гӯён, Зуҳро силтав зада, худро аз оғӯши мӯйсафед раҳо карданӣ шуд, вале…

                         Дугоникҳои нозанин

Ману Фотима дар як рӯзу дар як соат ба дунё омадаем. Фотима аз ман ҳамагӣ 10 дақиқа пеш “инга” гуфта бошад ҳам, ман ӯро ҳамчун апа эҳтиром мекардам ва дар ҳама кор аз вай маслиҳат мепурсидам. Азбаски мисли як себи дукафон ба ҳамдигар монанд будем, баъзан ҳатто модарамон моро аз ҳамдигар фарқ карда наметавонист. Ба куҷое, ки наравем, хурду калон ба мо бо чашми ҳавас нигариста, орзу мекарданд, ки мисли мо дугоник дошта бошанд. Ману Фотима як хел либос мепӯшидем, мӯйҳоямонро як хел оро медодем ва лаҳзае аз ҳамдигар тоби ҷудоӣ надоштем. Падарамон ба якдигар бисёр қарин будани моро дида, нимшӯхию нимҷиддӣ ба модарамон мегуфтанд: “Занак, акнун ману ту барои ин Фотима Зуҳрои нозанинамон аз куҷо Ҳасану Ҳусейн меёбем?!”

                                   Бахти худодод

Азбаски духтарҳои гул барин зебо ва панҷ панҷаамон ҳунар буд, ҳанӯз мактаби миёнаро хатм накарда дари хонаамон хостгорборон шуд. Падарам хостгорҳоро ҳамеша навмед гусел карда мегуфтанд: “Духтарҳои ман тоби аз ҳамдигар ҷудо шудан надоранд, то ягон Ҳасану Ҳусейн наёбам, онҳоро ба шавҳар намедиҳам!”

Ману Фотима ҳунари чеварӣ ҳам доштем ва кам-кам курта медӯхтем. Рӯзе Моҳистон ном зани хушчақ-чақу ширинсухан ба назди мо барои дӯзондани курта омад. Холаи Моҳистон ду писар доштаасту кайҳо боз келин мекофтааст. Бо дидани ману Фотима чашмони ин зани меҳрубон аз шодӣ барқ заданд ва дасти модарамро маҳкам дошта гуфт: “Хоҳарҷон, хоҳӣ-нахоҳӣ, ман духтаронатро келин мекунам! Бачаҳои ман дугоник набошанд ҳам, чунон ба ҳамдигар монанданд, ки одами дидагӣ онҳоро аз ҳамдигар фарқ карда наметавонад. Аз замони кӯдакиашон ният карда будам, ки ба писаронам ягон Фотима-Зуҳроро ёфта келин мекунам. Имрӯз Худо маро ба орзуи дилам расонд… “

Падару модарам аввал розӣ нашуданд, вале баъди фаҳмидани тору пуди домодшавандагон иҷозат доданд, ки холаи Моҳистон бо нияти шинос шудан бачаҳояшро ба хонаи мо биёрад…

                              Тӯй болои тӯй

Ҷонибек ва Муродбек дар ҳақиқат йигити зебои чор кас медидагӣ будаанд. Аз сару либос ва тарзи суҳбаташон аён буд, ки ин акаю додар бачаҳои боақлу босавод буда, ояндаи дурахшон доранд. Рад кардани чунин талабгорон маънои пешпо задани бахтро дошт, аз ҳамин хотир, ману Фотима аз рӯйи масали “сукут аломати ризо” амал намуда, ихтиёрро ба дасти волидонамон додем.

Ҳамин тавр Фотимаро ба Ҷонибеку маро ба Муродбек фотиҳа карданд. Холаи Моҳистон ба ману Фотима чунон ҷиҳози зебое овард, ки даҳони ҳаққу ҳамсоя ва хешу табор воз монд.

Модарам дар муддати кӯтоҳ кӯрпаю болинҳои арӯсии моро дӯхта пахта кард, падарам бошад, ба ману Фотима рахти хобу ҷевони хориҷӣ, яхдону телевизор ва қолину пардаҳои якхелаи қиматбаҳо харида, дар як рӯз бо дуои сафед моро ба хонаи бахтамон гусел карданд.

Рӯзи тӯй ману Фотима ва Ҷонибеку Муродбек чунон ҷуфтҳои зебо шудем, ки тамоми аҳли деҳа ба тамошои мо баромада буданд.

Он рӯз табъи ҳама болида буд, ба ҷуз бибиам. Кампир ҳар лаҳза лаб газида мегуфт: “Дар як рӯз ду арӯсро аз дарвоза баровардан хосияти нек надорад. Сад бор ба инҳо гуфтам, ки тӯйи Зуҳроро баъди баромадани чиллаи арӯсии Фотима гузаронед, вале ба гапам гӯш накарданд. Метарсам, ки ба Фотимаю Зуҳро ягон чашми бад расида, ҳарду духтаракам бадбахт нашаванд… “

Падару модарам ва хешу табор чунон хурсанд буданд, ки ногуфтанӣ. Бо шодию хурсандӣ андармон шуда, онҳо ба суханони бибиам аҳамият надоданд, вале баъдтар маълум шуд, ки гапи кампир ҷон доштааст…

                            Хушдоман не, фаришта!

Баъди ба хонаи бахт қадам гузоштан, мо, ду наварӯс намегузоштем, ки хушдоманамон дасташро ҳатто ба оби хунук занад. Холаи Моҳистон зани гандумгуни газгӯш, вале бисёр хушчақ-чақу дилёб буд. Аз рӯзҳои аввали ба ин хонадон келин шуда омаданамон, мо фаҳмидем, ки модаршӯямон аз ҷавонӣ бемор будааст, аз ҳамин сабаб танҳо ду писар таваллуд кардаасту халос. Касалманд бошад ҳам, модаршӯямон бисёр меҳрубон буд ва мисли дигар хушдоманҳо аз таги нохун чирк кофта, ҷангу ҷанҷол намекард. Ин зани биҳиштӣ дили мисли фаришта поку беғубор дошт ва ҳамеша ману Фотимаро дар назди ҳаққу ҳамсоя ва хешу табораш таърифкунон сад бор садқаю бандаи келинҳои чаққону хушрӯяш мешуд. Модаршӯйи меҳрубонамон моро бо забони ширинаш лесида, ҳамеша дуои нек медод, ки соҳиби бачаю качаи бисёре гашта, хонаашро пур аз кӯдак ва ӯро наберабон созем, аммо…

                                Дар орзуи фарзанд

Хуллас, пас аз як соли тӯй ману Муродбек соҳиби духтарчаи нозанине гаштем, вале ниҳоли умри Ҷонибек ва Фотима ҳеҷ боровар намегашт. Хушдоманам барои Фотима бисёр ғам мехӯрд ва мисли модари ғамхор ӯро дар ба дари табибу духтурҳо мегардонд. Табибон дар апаам ягон айб ё иллат намеёфтанд. Холаи Моҳистон бо гумони он ки шояд айб дар Ҷонибек бошад, писарашро маҷбур кард, ки рафта аз ташхис гузарад. Шавҳари Фотима аввалҳо аз рафтан ба назди духтур шарм медошт, вале баъд ба хотири соҳиби фарзанд гаштан дари чандин урологҳоро кӯфт. Аҷобат дар он буд, ки ӯ ҳам ягон беморӣ, иллат ё камбудӣ надошт. Табибон ҳайрон буданд, ки чаро аз ин зану шавҳари солим фарзанд намешавад.

                                  Ғам даруни синаву….

Бо гузашти солҳо ман соҳиби ду фарзанд шудам, вале аз зиндагии Фотимаю Ҷонибек аллакай ҳашт сол гузашта бошад ҳам, то ҳол фарзанд надоштанд. Ростӣ, ман мехостам барои вайрон нагаштани оилаи апаам як фарзанд таваллуд карда ба онҳо диҳам, аммо ҳарчанд кардам, шавҳарам Ҷонибек ба ин розӣ нашуд. Баъзан суханони бибиамро ба ёд оварда, дар танҳоӣ фикр мекардам, ки шояд сабаби бадбахт шудани апаам дар он бошад, ки моро якбора тӯй карда, дар як рӯз ду арӯсро аз дарвоза дароварданд, вале кор аз кор гузаштаву дигар вақтро қафо гардонда намешуд…

                                       Ҷудоӣ нолаҳои зор дорад….

Ҳамин тавр аз байн 10 сол гузашт. Ҷонибек ба хотири соҳиби фарзанд гаштан Фотимаро ҳатто ба Русия бурд, вале табибони номдори рус низ натавонистанд ин ҷуфти зеборо ба муроди дилашон бирасонанд. Ниҳоят баъди даводав ва табобату ташхисҳои зиёди бе натиҷа онҳо дасту дилашонро аз фарзанддор шудан шустанд ва бо маслиҳати калонсолон, бе ҷангу ҷанҷол ва таънаю маломат аз ҳам ҷудо шуданд.

Рӯзе, ки кӯчи Фотимаро мебурданд, дар хонаи мо қиёмат гӯё қоим шуда, чашмони ҳама аҳли оила пур аз оби дида буд. Ман зор-зор гириста, апаамро гусел намудам, хушдоманам бошад, чунон Фотимаро дӯст медошт, ки аз дарвоза баромадани келини сиёҳбахташро дида, кампири бечора аз ҳуш рафт.

                              Беҳтар аз духтар

Ҷонибек Фотимаро сахт дӯст медошт, аз ҳамин сабаб ғами вайрон шудани оилаашро таҳаммул карда натавониста ба Русия рафт.  Хушдоманам ҳар рӯз барои келинаки зебою чаққони бетақдираш гиря мекард ва билохира аз дарду ғами зиёд бемори бистарӣ гашт. Акнун ман ба ғайр аз нигоҳубини фарзандони хурдсолам бояд боз кампири хушдоманамро низ кӯдаквор нигоҳубин карда, тару хушкашро мегирифтам. Душвор бошад ҳам, ман бе ягон иллату ситеза модаршӯйи меҳрубонамро нигоҳубин мекардам, аммо…

                              Мӯйсафеди фосиқ

Рӯзҳои охир рафтори хусурам маро нороҳат мекард. Мӯйсафед ҳар чизро баҳона карда ба кор намерафт ва рӯзи дароз дар атрофи ман давр зада мегашт. Як рӯз дар ошхона хӯрок мепухтам, ки падаршӯям аз дар даромад. Бо гумони он ки шояд гурусна монда бошад, гуфтам:

-Тағоҷон, камтараки дигар сабр кунед, ҳозир хӯрок мепазад.

-Ман гуруснаи хӯрок нестам, ба ман тамоман дигар чиз лозим,-гапро аз дур оғоз кард падаршӯям.

Ба маънии суханонаш сарфаҳм нарафта гуфтам:

-Магар ягон чизро кофта истодаед, амакӣ?

-Ин ҷо шин, ман ба ту гап дорам,-хусурам аз дастам дошта, маро ба як лаби мизи хӯрокхӯрӣ шинонд.

Ҳайрон ба рӯяш нигаристам, ки мӯйсафед чӣ мегуфта бошад.

-Холаат чанд сол боз бемор аст, худат як фикр кун келин, охир ба ман ҳам мушкил…

-Мефаҳмам, барои харидани дорую дамон пули зиёде сарф мешавад, вале чӣ кор мекунед, тақдир ҳамин будааст…

-Гап дар пул ва дорую дармон нест. Ман ҳоло чандон пиру фартут нашудаам, ки худамро зинда ба зинда гӯр карда, аз зиндагӣ дасту диламро шӯям. Мард бе зан наметавонад,-ниҳоят сари мақсад омад падаршӯям ва афзуд,-ман ҳам инсон ҳастам, дилам мехоҳад, ки шабҳо занам дар канорам бошад…

-Ин хел бошад, бо холаам маслиҳат кунед, агар иҷозат диҳанд, ягон зани шавҳармурдаро ёфта мегиред,-гуфта майли аз ҷоям бархостан намудам, чунки хушдоманамро дӯст медоштам ва шунидани чунин суханон бароям бисёр ногувор буд.

Мӯйсафед дар канорам нишаст ва дар ҳоле, ки аз шиддати эҳсосот дилаш қариб кафида, гурс-гурс мезад, дар бехи гӯшам пичиррос зад:

-Хушдоманат мурданро ба гардан мегираду зан гирифтани маро не, то рӯзе, ки кампир зинда аст, ҳатто орзуи зангирӣ карда наметавонам. Келинҷон, агар гапи маро гирифта, шабҳо кам-кам вақтамро хуш кунӣ, аз сарат тилло мерезам. Натарс, ин сир байни ҳардуямон мемонад…

Бо шунидани ин суханон ва дидани рафтори разилонаи ин шайтони пир хун ба сарам зад ва мӯйсафеди касофатро бо як азоб аз худам дур карда дод задам:

-Аз Худо шарм намедоред, охир ман зани писаратон ҳастам ва ба ҷойи фарзандатон мешавам. Забонатон чӣ хел гашт, ки ин гапҳои ҳаромро ба ман гӯед?! Маро Худо назадааст, ки ин коро кунам?! Ман дигар ҳатто рӯйи шуморо дидан намехоҳам….

                              Шайтон гунаҳкор ё пири бе имон?

Аввал хостам рафтори фосиқонаи падаршӯямро пинҳон дорам, вале баъд фикр кардам, ки агар сари вақт ин сирро ошкор накунам, ягон рӯз дар набудани шавҳарам, аз фурсат истифода бурда, ин шайтони пир метавонад номусамро доғдор ва маро шармандаю рӯсиёҳ созад. Ҳарчи бодо бод гӯён, ҳамон бегоҳ ҳамаашро ба шавҳар ва хушдоманам нақл кардам. Муродбек аввал бовар накард, ки падараш метавонад ба чунин пастӣ даст занад, вале хушдоманам гиребони тавба дошта гуфт:

-Аз ин мардак ҳама чизро интизор шудан мумкин аст, вай аз давраи ҷавониаш чашми бад дошту ҳамеша ба занҳои зебо бо чашми харидорӣ нигоҳ мекард. Ҳушёр шав, ки ин пиракӣ ҳаётатро насӯзад…

Шаб, вақте ки падараш аз масҷид омад, Ҷонибек гуфтаҳои маро ба ӯ расонда, ҳақиқат доштан ё надоштани ин гапро пурсон шуд. Шавҳарам боварӣ дошт, ки падараш ин гапҳоро дар ҳаққи худ туҳмат хонда, ҷангу ҷанҷол мебардорад, вале ғайричашмдошт мӯйсафед ба гуноҳаш иқрор шуд ва дар пеши пойи ман ба зону зада, зорию тавалло кард, ки аз гуноҳаш гузарам. Вай ҳама айбро ба гардани шайтон зада мегуфт, ки ӯро шайтони лаин васваса кардааст, вале ҳамин иқрор карданаш кофӣ буд, ки ҳамсар ва писараш аз ӯ рӯй гардонанд…

                                                  Ғамкушта

Хушдоманам, ки бисёр зани покниҳод ва бо нангу номус буд, ба ин рафтори разилонаи шавҳараш тоб наоварда, ба сактаи дил гирифтор шуд ва рӯзи дигар ҳанӯз субҳ надамида ҷон ба ҷонофарин супурд. Маро тобу тавони ҳатто як лаҳза бо он мӯйсафеди худобехабар дар як хона зистан набуд, вале ба хотири арвоҳи модаршӯям то гузаштани чили кампир тоқат кардам. Баъди маъракаҳои мотамиро гузаронидан ману шавҳарам хонаеро иҷора гирифта аз деҳа ба шаҳр кӯчидем.

Хусури дар ҳасрати оғӯши зан мурдаам баъди се рӯз як бевазани ҷавони тарпочаро ёфта ба хона овардааст, вале дигар ману шавҳарам на парвои зангирии ӯ дорем ва на парвои зинда ё мурда буданаш, чунки ин мӯйсафеди фосиқ барои мо кайҳо мурдааст. Ману Ҷонибек ӯро ҳамон рӯзе дар диламон гӯр кардем, ки ба ман, ба келинаш, ки ба ҷойи фарзанд ҳастам, чашм ало кард. Худо аз чунин пирони бе имон ҷумла бандагонашро нигаҳбон бошад!

  Зуҳро

Таҳияи Сурайё Рабиева


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply