• Бахтовар Сафаров
  • 31.01.2019
  • 0

Иштироки 3 варзишгари тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё”

Аз 8-ум то 17-уми феврали соли равон дар шаҳри Сахалини Ҷанубии Федератсияи Россия аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё” баргузор мешавад. Ҷумҳурии моро 3 варзишгари наврас — Ҷаҳонгир Аҳёзода, Маҳмудҷон Эшонов, Зикруллои Шамсулло намояндагӣ мекунанд. Онҳо дар намуди лижаронии кӯҳӣ, слалом ва слаломи бузург иштирок менамоянд. Варзишгарон бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар Маҷмааи лижаронии “Сафед-Дара” ба бозиҳо омодагӣ мебинанд. Ба барномаи аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё-2019” 8 намуди варзиш ворид гардидааст: биатлон, лижаронии кӯҳӣ, сабқати лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин бо лижа, рақси рӯи ях, сноуборд, хоккей ва шорт-трек.  Дар бозиҳо иштироки варзишгарон аз 20 давлати қораи Осиё дар назар аст. Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё-2019” бо дастгирии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё сурат мегирад ва як марҳилаи омодагӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон-2020 дар Лозаннаи Швейтсария ба ҳисоб меравад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner